2-юми марти соли равон дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода дар мавзуи «Нақши воситаҳои электронии ахбори омма дар инъикоси масъалаҳои» ҳаёти фарҳангӣ» бахшида ба «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» ва 106-солагии матбуоти Тоҷик конфронси илмию амалии ҷумҳуриявӣ баргузор гардид.
Ректори донишкада, доктори илмҳои фалсафа, профессор Хайриддин Идиев ба чорабинӣ ҳусни оғоз бахшида, дар бораи аҳамияти конфронси мазкур дар тарғиби фарҳанги миллӣ, бахусус дар Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ сухан гуфт ва иброз дошт, ки донишкада ба наздикӣ соҳиби студия бо технология муосир мешавад ва ин тасмим метавонад дар омода намудани журналистони соҳибкасб мусоидат.
Дар ҷаласаи пленарии конфронс устодони соҳа, профессорон, устодони факултети журналистикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва шуъбаи журналистикаи Донишгоҳи славянии Тоҷикистону Русия Абдусаттор Нуралиев, Мурод Муродов, Шариф Муллоев доир ба вазифаҳои фарҳангпарварии журналистика, муносибати сотсиологӣ дар инъикоси масъалаҳои фарҳангӣ, нақши барномаҳои телевизионӣ дар инъикоси масъалаҳои фарҳангӣ сухан гуфтанд. Дар суханронии устодон зикр шуд, ки истиқлолият имкон фароҳам овард, то фарҳанги миллии худро дар арсаи ҷаҳон муаррифӣ намоем. Саҳми телевизион дар муаррифии фарҳангу маънавиёт назаррас арзёбӣ гардид ва ҳамчунин, зикр шуд, ки на ҳама барномаҳои телевизионӣ қонеъкунандаанд: якнавохт будани тасвиру такрори андешаҳо ва қаҳрамонон бинандаро дилгир намуда, аз телевизион дур месозад. Аз ин ру, барои рузноманигорон ҳангоми таҳияи матолиб бояд касбият дар ҷойи аввал бошад.
Номзади илмҳои филологи, дотсенти кафедраи рузноманигори телевизиони ДДФСТ ба номи М.Турсунзода Зулфиддин Муъминҷонов дар мавзуи «Нақи воситаҳои ахбори электронии телевизион ва радио дар инъикоси масъалаҳои фарҳангии замони соҳибистиқолии Ҷумҳурии Тоҷикистон» изҳори андеша намуда, баён дошт, ки дар замони имруза хабар бо суръати кайҳонӣ паҳн мешавад. Намоишҳои телевизионӣ бояд бинандаро ба роҳи рост, сифатҳои нек ва ватандустӣ ҳидоят намояд. Таъкид гардид, ки таваҷҷуҳи бинандаро бештар барномаҳои фарҳангӣ ҷалб менамояд.
Дар идомаи конфронс устодону коршиносони дигари соҳа Гавҳар Умарова, Бахтиёр Ҳамдамов, Ҷумъа Қуддус, Дилбар Самадова, Носирҷон Маъмурзода, Шаҳноза Розиқова ва чандин дигар ибрози фикру ақида намуданд.
Фарангис Навшодова,
«Баҳори Аҷам»№ 6 [445] 06 марти соли 2018, СЕШАНБЕ