Мудири кафедра: Розиқов Тағоймурод
Барои тамос: ш. Душанбе, хиёбони Борбад 73а, бинои 1
Розиқов Тағоймурод ( 26.11.1946, деҳаи Ҳавзаи н. Мўъминобод), актёри театру кино, Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон (1987), Ҳунарпешаи халќии Тоҷикистон (1998). Хатмкардаи Омўзишгоҳи мусиќии ш. Душанбе (1964) ва Донишкадаи давлатии санъати театрии ( ГИТИС) ба номи А. Луначарскийи ш. Маскава (1971) мебошанд. Дар Театри давлатии ҷавонони Тоҷикистон ба номи М. Воҳидов кор карда, дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода ҳамчун муаллим, баъдан декани факултети театрӣ бадеӣ (1998 -2013) соли 2019 то имрӯз мудири кафедраи маҳорати актёрӣ заҳмат кашида ба унвонии илмии дотсентӣ ва сипас, профессори кафедраи маҳорати актёриро мушарраф шудаанд. Дар донишкада зиёда аз дусад шогирд тарбия кардаанд, ки ҳамаашон дар театрҳо, шабакаҳои телевизион, муассисаҳои фарҳагии ҷумҳурӣ ва киностудия кору фаъолият доранд. Дар донишкада зиёда аз бист намоиши дипломиро ба саҳна гузоштаанд. Ш. Қиёмов “Зебуннисо” , С. Улуғзода “Ҷавонии Сино”, Сафокол “Эдип”, Ш.Солеҳ “Умед” ва “Тахти Султонмаҳмуд”, Ж.Б.Молер “Табиби зӯракӣ” , Н.Думбадзе “Айбнома”, А.Вапилов “Латифаҳои деҳот” аз ҷумлаи онҳо мебошанд. Дар театр беш аз сад наќшҳои хурду калонро офаридааст. Образҳои драмавӣ, фоҷиавӣ ва ҳаҷвиро дар як поя иҷро менамояд. Лопеда Вега «Муаллими раќс», Т. Аҳмадхонов «Сафар Амиршоев», Н.Думбадзе «Айбнома», Ш. Солеҳ «Ба пеш, холаҳо», С. Улуғзода «Рўдакӣ», С.Айюбӣ «Гурўғлӣ» ва «Мири Кабир», Қ..Киром «Туғрал» ва «Торҳои муҳаббат», Ш.Хусаинов «Сухани вопасин», В.Шекспир «Як пула савдо, сад пула ғавғо», Н. Островский «Гирдоби бало», С. Айюбӣ «Заволи Чамбули Мастон» аз зумраи спектаклҳоеанд, ки дар онҳо наќшҳои марказиро бозидааст. Симои асосгузори давлати шўравӣ В. И. Ленинро дар чанд намоишнома («Ситораи раҳнамо», «Вакилони Туркистон», Ю. Лиманов нақши Улянов дар «Эътирози ҳабдаҳ нафар», «Хуршедсавор») хеле хуб кушодааст. Маҳораташ дар филмҳои тоҷикии «Дар ағба», «Бофандагон», «Нисо», «Дарди ишќ», «Чоҳ», «Парвози занбўр», «Гирдоб», филми телевизионии «Дар орзуи падар» зуҳур кардааст. Бисёр спектаклҳои телевизионӣ, чун «Шарораи Хуҷанд», «Найрангҳои Майсара», «Кадри ҳавоӣ», «Садо аз тобут» бо ширкаташ рангу бў гирифтаанд. Ҳиссаш дар дубляжи филмҳо ба забони тоҷикӣ ва тарбияи актёрони ҷавон калон мебошад. Т. Розиқов соҳиби паҷ фарзанд буда, ҳамаашон соҳиби маълумоти олӣ мебошанд.