Ному насаб: Мамадазимова Майрам Муҳиддиновна
Барои тамос: ш. Душанбе, хиёбони Борбад 73 а Бинои 1, ошёнаи 3.
E-mail:tajartins@yandex.com
Тел: (+992 37) 231-2337
Мамадазимова Майрам Муҳиддиновна 15 майи соли 1964, ноҳияи Б.Ғафуров (ш. Хуҷанд) деҳаи Овчиқалъалча таваллуд ёфтааст. Солҳои 1971-1981 дар муассисаи давлатии таълимии №37 ноҳияи Б.Ғафуров Солҳои 1991-1996 Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода, ба факултети китобдорӣ соли 1996 хатм намуда соҳиби ихтисоси «Китобдор, библиограф» гардид, баъд аз нострафикатсияи диплом дар Комиссияи олии аттестатсионии Федератсияи Россия – унвони Китобдор, библиограф омўзгор, дода шуд.
Мудири кафедраи бойгонишиносии факултети китобдорӣ ва иттилоотшиносии Муассисаи давлатии таълимии «Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода»
Кор ва фаъолияти меҳнатӣ: Фаъолияти худро аз Китобдори МТМУ №86 колхоз Росия, ноҳияи Рўдакӣ (собиқ н.Ленин) оғоз намуда, дар вазифаҳои муҳосиб, дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.Осимӣ, мудири маркази «Роҳи абрешим» дар назди Ҷамъияти дустӣ ва равобити фарҳангии Тоҷикистон бо кишварҳои хориҷа, дар Фонди миллӣ «Шоҳроҳи абрешим-Шоҳроҳи ваҳдат» дар тайёр кардани мутахассис дар соҳаи сайёҳӣ дар «Мактаби миллии туризм» омўзгори «Омўзиши асосҳои технологияи иттилоотӣ» дарс дод. Тариқи гузариш ба вазифаи Мудири шуъбаи китобшиносӣ, китобхонашиносӣ ва библиографишиносии Пажуҳишгоҳи илмӣ-таҳқиқотии фарҳанг ва иттиооти Вазорати фарҳанги ҶТ кор кард. аз соли 2010 дар ПИТФИ ҶТ мазкур унвонҷў оид ба кори китобдорӣ дар мавзуи «Становление Национальной библиотеки Таджикистан и её трансформация в период с 1933 по 2013 гг.» дар Пажўҳишгоҳи илмӣ-таҳқиқотии фарҳанг ва иттилооти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ бурдааст. Солҳои баъдин дар вазифаи Котиб-коргузори Шурои ҷамъиятии Чумҳурии Тоҷикистон, ки роҳбари ташкилот Ассосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад фаъолият дошт. 9 апрели соли 2019 дар рисолаи дар Шўрои диссертатсионии факультети таърихи назди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон таҳти роҳбарии профессор, доктори илмҳои таърих Муҳидинов С.Р. илмиашро дар мавзуи «Становление Национальной библиотеки Таджикистан и её трансформация в период с 1933 по 2013 гг.» дифоъ намуда, аз ҷониби Вазорати маориф ва илми Федератсияи Россия № 769/нк – 2, (КАН №004455) ба ӯ дараҷаи илмии номзади илмҳои таърих дода шуд.
Соли 2019 Омузгори асосии кафедраи китобхонашиносӣ ва библиографишиносии факултети китобдорӣ ва иттилоотшиносии Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи М.Турсунзода, аз соли 2020 то ҳол Мудири кафедраи бойгонишиносии факултети китобдорӣ ва иттилоотшиносии Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи М.Турсунзода фаъолият намуда истодааст. 05.07 соли 2021 бо Қарори дар ҷаласаи Шўрои олимони МДТ “ДДФСТ ба номи Мирзо Турсунзода” дотсенти кафедраи бойгонишиносӣ дода шуд.
Зимнан дар тарғиби фарҳанги миллӣ ва мероси ниёгони тоҷик дар хориҷи кишвар сафарҳои илмӣ-таҳқиқотӣ ба анҷом расонидааст. Дар мавзўҳои «Таърихи кори китобдорӣ дар Шоҳроҳи абрешим» дар Ҷумҳурии мардумии Чин, аз ҷумла “Роль библиотек в обеспечениямъияти информационной безопастности” дар китобхонаҳои Деҳлӣ ва ш. Калкутта, мавзуи “Мероси ниёгони форс-тоҷик дар Колката”, оид ба кори бойгонидиорӣ дар Россия ш.Калининград ва ғ.
Қобилияти ташкилотчигӣ, масъулиятшиносӣ, таҷрибаи ғанӣ дар таҳқиқотҳо ва фаъолияти илмиашро ба назар гирифта, Раёсати донишкада ўро борҳо бо Ифтихорнома ва Сипосномаҳо сарфароз гардонидааст.
Соли 2017 ба Унвони Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон қадрдонӣ карда шуд.
Кафедраи бойгонишиносӣ Тибқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 21 феврали соли 2008 №34 2/45 дар назди факултети китобдорӣ ва иттилоотшиносӣ кафедраи бойгонишиносӣ бо таҳсилоти бакавлавриат таъсис ёфта, аз соли 2009 барои тайёр кардани мутахассис бойгонишинос (шифри 1-2301 1301) ба фаъолият оѓоз кард. Кафедраи мазкур аз рузи таъсисёбиаш то ҳол дар тайёр намудани мутахассисони соҳаи бойгонишиносӣ саҳми назаррас гузоштааст. Мақсади асосии кафедра тайёр намудани мутахассисони соҳаи барои ҷомеа ниҳоят муҳим – бойгонишинос маҳсуб меёбад. Аз соли 2021 кафедра дар тайёр кардани ихтисоси бойгониҳои аудиовизуалӣ мутахассиси бойгониҳои аудиовизуалӣ ба таълим оѓоз кард.
Кафедраи бойгонишиносӣ фаъолияти худро бо дарназардошти дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, қарору фармонҳои Ҳукумати мамлакат, Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон, Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ва роҳбарияти Донишкада ба роҳ мондааст. Он бо як зумра муассисаҳои олии кишвар, аз ҷумла ДМТ ва Саридораи бойгонии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамкории зич дорад.
Ҷиҳати беҳтар намудани сатҳу сифати таълим дарсҳои амалӣ, семинар ва таҷрибаомузиҳои донишҷўён дар шуъбаҳои Саридораи бойгонии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Бойгонии марказии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Бойгонии марказии давлатии аксу садо ва синамо Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бойгонии давлатии таърихи навтарини Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида мешаванд. Дар кафедра мутахассисони варзида, аз ҷумла докторони илм, профессорон, номзадҳои илм, дотсентон ва омузгорони дар зинаи унвонҷў, аспирант ва мутахассиси соҳа дарс медиҳанд.
Дар ҷараёни таълим бойгонии идоравии Донишкада ба ҳайси нуқтаи асосии баргузор намудани дарсҳои амалӣ-семинарӣ (лаборатория) мавриди истифода қарор дода мешавад, ки дар он донишҷў бо ҳуҷҷатҳои бойгонӣ, тартиби ҳуҷҷатгузорӣ ва дигар нозукиҳои соҳа аз наздик шинос мешавад. Мудири бойгонии донишкада низ дар зинаи бозомўзии касби бойгонишиносӣ ба таҳсил фаро гирифта шудааст. Кафедра дарсҳоро дар синфхонаҳои тахассусӣ гузаронида, мешаванд, ки ҳамаи онҳо бо технологияи замонавӣ ҷиҳозонида шудаанд. Дарсҳо истифода аз барномаҳои таълимӣ китобҳои дарсӣ, дастурҳои таълимӣ ва дигар маводҳои таълимӣ ба роҳ монда мешаванд.
Дар ин муддат устодони кафедра мутахассисони соҳаи бойгонишиносӣ докторони илм, профессор С.Муллоҷонов, доктори илмҳои таърих, профессор З. Акрамӣ, номзади илмҳои таърих дотсент А. Ёрмуҳаммадов, номзади илмҳои таърих дотсент С. Шарофуддинов, номзади илмҳои таърих дотсент М. Мамадазимова, номзади илмҳои таърих дотсент Ф. Тоҷев, номзади илмҳои таърих дотсент Р. Ҷобиров, номзади илмҳои таърих дотсент Н.Наҷотова, устодон Р. Муминова, Б.Ѓафуров, Саймуҳамади Бобоҷон, ва муаллимони калон, мутахассисони соҳаи бойгонишиносӣ Х.Сангалиев, Д. Холмуродов, Н.Холибоева, Қ. Охун, Т. Раҷабов, Ф. Юсупов, П.Ҷумазода дарс хонда, як зумра китобҳои дарсӣ, дастурҳои таълимӣ-методӣ ва барномаҳои таълимӣ таҳия ва ба чоп расонидаанд.
Айни замон дар кафедра устодони зерин — номзадҳои илм, дотсентон С. Шарофуддинов, номзади илмҳои таърих дотсент М. Мамадазимова, номзади илмҳои таърих дотсент М.Табарова, муаллимони калон Д. Холмуродов, Н. Холибоева ассистентони кафедра — унвонҷўён А. Раҷабов, докторант PhD Э. Исмоилов коргузорон Д.Шарипова ва Ф. Мирзоева фаъолият доранд.
Яке аз самтҳои дигари фаъолияти кафедра ба роҳ мондани корҳои илмӣ-тадқиқотӣ ба ҳисоб меравад. Устодони кафедра аз руи мавзуи кори илмиашон бо фаъолияти илмӣ-тадқиқотӣ машѓул буда, дар навиштани мақолаҳои илмӣ ва иштирок дар конференсияҳои илмӣ-назариявии ҷумҳуриявӣ ва байналмиллалӣ фаъолияти назаррас доранд. Вобаста ба тарѓибу ташвиқи сиёсати пешгирифтаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати кишвар оид ба паҳлўҳои гуногуни Паёми Президенти мамлакат, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии ҶТ ва дастовардҳои Ҳукумати Тоҷикистон, иду ҷашнҳои миллӣ, аз ҷумла бахшида ба Иди Наврўз, ҳафтаи илм, Истиқлолияти давлатӣ, Ваҳдати миллӣ, Рўзи забони давлатӣ, Рўзи Парчам, Рўзи Конститутсия, Рўзи Президент, мубориза алайҳи терроризму экстремизм, мубориза бар зидди коррупсия, ифротгароиву тундравӣ ва амсоли он мақолаҳои илмӣ-оммавӣ мақолаҳои илмӣ-оммавӣ ба нашр мерасонанд.
Қобили зикр аст, ки кафедра бо Шуроҳои диссертатсионии дар ҷумҳурӣ амал мекунад дар тайёр кардани номзадони илми таърих ва фарҳанг дар ҳамкории зич қарор дорад. Бо қарори Шўрои диссертатсионии 6D-KOA-005 назди Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи Аҳмади Дониши Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, Шурои диссертатсионии ДМТ, Шўрои диссертатсионӣ ҷиҳати дарёфти дараҷаи илмии доктори фалсафа (PhD) МДТ «Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода» дар ҳамкорӣ қарор дошта бо Шўроиҳои диссератсионӣ ҳамчун муассисаи пешбари тақриздиҳанда эътироф гардида рисолаҳои воридшуда дар ҷаласаи васеи кафедраи кафедраи бойгонишиносӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтааст. Ва бо роҳбарии мудири кафедра н.и.таърих дотсент Мамадазимова М. ба як қатор рисолаҳо ба Шуроҳои диссертатсионии тақризҳо пешниҳод гардида ҳамчун оппонент баромадҳо намудааст.
Тибқи талабот нисбат ба фаъолияти кафедраҳои муассисаҳои макотиби олӣ дар назди кафедраи бойгонишиносӣ маҳфили илмии устодон ва донишҷўён «Бойгонишиносони ҷавон» таъсис дода шудааст, ки аз рўи Нақшаи солонаи кории тасдиқгардида моҳе як маротиба маҳфили илмӣ гузаронида мешавад. Дар маҳфил асосан мавзуҳои таърихӣ, фарҳангӣ ва тахассусӣ мавриди баррасӣ қарор гирифта аз тарафи шунавандагон ва иштирокчиён саволу ҷавобҳо баргузор мегардад. Мавзуҳои маҳфили илмӣ аз тарфаи омўзгорон мавриди муҳокима қарор дода шуда аз тарфаи Раёсати таълими донишкада, муовини ректор оид ба илм ва рушди инноватсионӣ Аминӣ А.Ф. тасдиқ карда мешавад.
Донишҷўёне, ки донишкадаро бо ихтисоси бойгонишиносӣ хатм менамоянд дар Бойгонии марказии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва филиалҳои он, Бойгонии марказии давлатии аксу садо ва синамо Ҷумҳурии Тоҷикистон, Бойгонии давлатии таърихи навтарии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар даврони соҳибистиқлолии кишвар таъсис ёфтааст, бойгониҳои давлатии вилоятҳо ва филиалҳои онҳо, бойгониҳои байниидоравии ҳуҷҷатҳои ҳайати шахсии назди мақомоти иҷроияи маҳаллии Ҳокимияти давлатӣ ва бойгониҳои идоравӣ кору фаъолият менамоянд.
Мутахассисон-омўзгорони кафедраи бойгонишиносӣ дар конференсияҳои илмӣ-амалӣ ва байналмилалӣ ва озмунҳои дохилу хориҷи кишвар иштирок намуда, бо Ифтихорнома, Сертификат ва Сипосномаҳо қадрдонӣ карда шуданд.