Ояндаи ҳар миллат ва пойдориву устувори давлатдории миллӣ аз тарбияи насли наврас вобастагии амиқ дорад. Насли калонсол бо истифода аз таҷрибаи андӯхтаи хеш таҳкурсии давлату ҷомеаро гузошта, бо сад умеду орзу насли навраси худро тарбия мекунад, ки то онҳо ҳамчун ворисони арзанда ба камол расанд, қадри таъриху тамаддуни бостонии худро донанд, ба мероси пурғановати ниёгон, арзишҳои ваҳдату истиқлол арҷ гузоранд, моҳияти муқаддасоти миллӣ, зарурати ҳифзи марзу буми аҷдодиро дарк кунанд, ҳамеша ин сарзаминро, ки номаш Тоҷикистон аст, ба ҷон баробар дӯст доранд ва барои ҳимояи он сина сипар карда тавонанд.
Барои он ки дар замири насли навраси тоҷик чунин сифатҳои олӣ ташаккул ёбанд, оилаву мактаб ва дигар ниҳодҳои масъули тарбия бояд пайваста низоми таълиму тарбияро такмил диҳанд, онро ба талаботи замони муосир мутобиқ гардонанд, аз тамоми имконияту воситаҳо самаранок истифода баранд ва муҳимтар аз ҳама, таҷрибаи пешқадами пешиниёнро дар самти таълиму тарбия сарфи назар накунанд.
Дар раванди таълиму тарбия силсилаи пайванди наслҳо набояд гусаста бошад. Маҳз ҳамин хусусияти гусастанопазирӣ пайванди як наслро ба насли дигар қавитар гардонида, арзишу муқаддасотро аз ниёгон ба ворисон интиқол медиҳад ва дар ҷараёни ташаккули симои маънавӣ ва ҳисси худшиносиву худогоҳии намояндагони ҳар миллат нақши калидӣ мебозад.
Хушбахтона, дар марҳилаҳои гуногуни таърихи давлатдории миллии тоҷикон ҳамеша шахсиятҳое ба майдони сиёсат қадам ниҳодаанд, ки бо шарофати ақлу заковати онҳо ҳар як насли нав тавонистааст ганҷинаи ниёгонро бо дурдонаҳои тоза ғанӣ гардонад, барои ояндагон мероси арзишмандеро боқӣ гузорад.
Дар ин радиф метавон аз Паём-сухани самимии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти кишвар ба мақоми олии қонунгузори кишвар, ба ҳар як ҳамватан, пайғоми пурифтихори насли имрӯз ба ояндагон ва муждаи созанда дар роҳи пурифтихори рушди давлатдории тоҷикон ёдовар шуд.
Дар доираи манфиатҳои миллӣ мустақилона муайян гаштани самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷӣ ва дурнамои рушди мамлакати мо, ки тавассути ироаи Паёми Президенти кишвар ба Маҷлиси Олӣ ва дар симои он ба тамоми мардуми Тоҷикистон сурат гирифт, воқеан, боз як тантана дар самти давлатдории миллӣ ва амалӣ шудани ормонҳои таърихии миллати тоҷик маҳсуб меёбад.
Зикри ҳамин нукта бамаврид аст, ки дар низоми давлатдории тоҷикон Паёми Сарвари давлат ба Маҷлиси Олӣ на танҳо ҳуҷҷати муҳими расмию барномавӣ, балки санади арзишманди меҳварӣ ба шумор рафта, ифодаи равшани пешрафти сиёсати дохилию хориҷӣ, рушди соҳаҳои иқтисодию иҷтимоӣ ва илмию фарҳангӣ дар мамлакат мебошад, ки дар заминаи он барномаи мукаммали фаъолияти ояндаи тамоми ниҳодҳо тарҳрезӣ мегардад.
Таърихи навини миллат собит намуд, ки аз нахустин рӯзҳои ба истиқлоли сиёсиву фарҳангӣ расидани Тоҷикистон Пешвои муаззами миллат Эмомалӣ Раҳмон эҳёи суннату оинҳои миллӣ, гиромидошти бузургони миллат ва фарҳангу таърихи онро ҳамчун рукнҳои меҳварии сиёсати давлатдории хеш қарор дод.
Дар сиёсати ин марди хирад китобу китобдорӣ ҷойгоҳи хоса дорад. Пас аз ноил гардидан ба истиқлолияти давлатӣ Президенти мамлакат бо дарки амиқи нақши китобу китобдорӣ дар эъмори давлатдории миллӣ, бунёди ҷомеаи аз ҷаҳолату таассуб озод, ташаккули симои маънавӣ ва ҳисси хештаншиносии онҳое, ки тақдири имрӯзу ояндаи ин ҷомеаро бар дӯш хоҳанд гирифт, ба рушди ин соҳаи ҳаётан муҳим таваҷҷуҳи хоса зоҳир кард. Дар як фосилаи кӯтоҳи таърихӣ таҳия ва ба тасвиб расидани як силсила санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ доир ба соҳаи китобдорӣ, таъсиси шумораи хеле зиёди мағозаҳои фурӯши китоб дар маркази шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ, баргузории силсиланамоишгоҳҳои байналмилалии китоб, таҷлили ҳамасолаи «Рӯзи китоб» дар мамлакат, бунёди бинои нави Китобхонаи миллии Тоҷикистон ва боз чандин иқдомҳоро метавон аз муҳимтарин дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ дар ин самт арзёбӣ кард.
Пас аз қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти китобдорӣ» (с.2003) ва Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи беҳтар намудани вазъи Китобхонаи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи Абулқосим Фирдавсӣ» (с. 2003) барои ба талаботу ниёзҳои ҷомеаи муосир мутобиқ гардонидани самтҳои рушди фаъолияти Китобхонаи миллии Тоҷикистон ва дар маҷмӯъ, соҳаи китобдорӣ дар мамлакат шароитҳои мусоид фароҳам оварда шуданд.
Дар баробари амалӣ гардидани чандин барномаҳои соҳавии китобдорӣ ҷиҳати дар амал татбиқ намудани нишондоди санадҳои мазкур санаи 3-юми декабри соли 2021 «Барномаи рушди Китобхонаи миллии Тоҷикистон барои солҳои 2022-2027” аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул карда шуд. Ҳадафи асосии Барномаи мазкур беҳбуд бахшидан ба тамоми самтҳои фаъолияти Китобхонаи миллӣ, бахусус рақамигардонии фонди китобхона, таъсиси озмоишгоҳ оид ба таъмир ва тармими ҳуҷҷатҳо, ташкил намудани курсҳои бозомӯзӣ, таъсиси маҷаллаи илмӣ, автоматикунонии равандҳои хизматрасонӣ, компютеркунонӣ ва ҷорӣ намудани технологияи муосири иттилоотӣ дар фаъолияти китобхона, омода кардани мутахассисони баландихтисоси соҳа ва такмили сатҳи донишҳои касбии китобдорон мебошад.
Дар замонҳои гузашта намояндагони аҳли илму адаби тоҷик, ба монанди Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, Абулқосим Фирдавсӣ, Абӯалӣ ибни Сино, Умари Хайём, Носири Хисрав, Закариёи Розӣ, Абурайҳони Берунӣ, Камоли Хуҷандӣ ва боз чандин дигарон новобаста аз дастрасии нисбатан маҳдуд ба китобу китобхона тавонистанд аз худ мероси оламшумуле боқӣ гузоранд. Пас чаро ворисони онҳо дар чунин шароити мусоид ва пур аз техникаву технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ бояд дар самти кашфиёти илму техника пешсаф набошанд?
Ҳол он ки, ғамхориҳои пайвастаи Пешвои миллат дар самти дастгирии фарҳанги миллӣ, аз ҷумла китобу китобдорӣ беназиранд.
Аз ин рӯ, бо истифода аз фурсати бениҳоят мусоиди таърихӣ ва фазои созгори омӯзишу кашфиёт, ки Пешвои миллат фароҳам овардааст, насли наврасро зарур аст, ки ба китобхонӣ рӯй оваранд, ба китоб чун ба ғизо ниёз дошта бошанд ва ин ҳисси ниёзмандӣ, таҳкурсии он бояд дар хонавода гузошта шавад, сипас низоми омӯзишу тарбия дар кӯдакистону дабистон кӯдакро ба дунёи зебои пур аз рамзу рози китоб ворид созад, донишкадаву донишгоҳ онро ба як рукни муҳиму вижаи зиндагии онҳо табдил диҳад.
Боиси қаноатмандист, дар чанд соли охир ба шарофати сиёсати фарҳангдӯстонаи Пешвои миллат, дастгирӣ ва ғамхории ӯ аз аҳли адабу фарҳанг, боло рафтани сатҳи зиндагӣ дар байни мардум ҳаракати хуби рӯ овардан ба китоб ва китобхонӣ мушоҳида мешавад, ки ин моро ба бозгашти боварию эътимод ба нерӯи китоб ва сухан дар ҷомеа умедвор мекунанд.
Мусаллам аст, ки бо ташаббусу дастгириҳои пайвастаи Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳоло дар ҷомеаи мо хонаеро ёфтан душвор аст, ки дар он китобу китобхонӣ набошад. Бо ибораи дигар, суннати китобу китобхонӣ, ки аз қадимулайём хоси миллати мо буд, тадриҷан эҳё шуда, ҳамчун анъанаи нек ва арзиши хоси даврони истиқлол, яке аз дастовардҳои беҳтарини даврони соҳибистиқлолӣ маҳсуб меёбад.
Муҳайё кардани фазои китобхонӣ дар ҷомеа яке аз вазифаҳои асосии ниҳодҳои марбута, бахусус, китобхонаҳо ба шумор меравад. Ниҳодҳои мазкур бояд пеш аз ҳама барои тарғибу ташвиқи китоб ва мутолиаи китоб ҳамчун сарчашмаи маърифатнокии инсон саъю талош варзанд. Зеро китоб бузургтарин ва бебаҳотарин маводест, ки маънавиёти шахси китобхонро ғанӣ мегардонад, ӯро пурдон мекунад, захираи луғавии ӯро бой ва маърифатнокиашро баланд мебардорад.
Беҳуда нест, ки бузургони илму адаби олам пайваста китобро ситоиш кардаанд. Ҳанӯз файласуфи аҳди қадим Ситсерон фармуда буд, ки хонаи бекитоб шабеҳи ҷисми берӯҳ аст. Ҷонатан Свифт қайд намудааст, ки «вақте, ки ман китоб мехонам, ба назарам чунин менамояд, ки он зинда аст ва бо ман суҳбат мекунад». Михаил Александрович Шолохов таъкид кардааст, ки «ба сӯи маърифат ҷасурона қадам занед ва китобро сидқан дӯст доред! Вай на фақат беҳтарин дӯсти Шумо, балки то охири умр ёри вафодори Шумо хоҳад буд».
Воқеан, инсоният маҳз ба шарофати китоб аз асорати ҷаҳлу нодонӣ халос мешавад. Тоҷикон аз баракати осори безаволи хаттӣ, ки ниёгони хирадманд ба мерос гузоштанд, ҳамчун миллати фарҳангӣ ва тамаддунофар эътироф шуданд. Аз ин ҷост, ки мо ҳамеша соҳибтамаддуну соҳибкитоб буданамонро таъкид карда, аз абармардони илму фарҳанги хеш ба ифтихор сухан мегӯем. Ин моро водор мекунад, ки барои ташаккул ва такомули фарҳанги китобхониву китобдӯстӣ заминаҳо ва шароитҳои боз беҳтарро фароҳам созем, омилҳои пастшавии сатҳи фарҳанги мутолиаи китобро дар байни баъзе аз қишрҳои ҷомеа мавриди таҳқиқи ҷиддӣ қарор диҳем.
Шоистаи зикр аст, ки мутолиаи китоб тавассути падару модар дар хона таъсирбахштарин омили тарғиби китобу китобхонӣ дар миёни фарзандон аст. Баррасии китобҳои мутолиашуда бо иштироки тамоми аъзои оила, ҳамчунин бо ҳамсабақон дар мактаб, донишкадаву донишгоҳҳо дар бедор кардани шавқу завқи китобхонию донишомӯзӣ бисёр самаровар аст.
Тарбияи фарзанд на танҳо ҷиҳатҳои ахлоқӣ, рафтору гуфтор ва ба ҷо овардани иззату эҳтироми калонсолонро фаро мегирад, балки муҳимтар аз ҳама, аз даврони хурдсолӣ диққати фарзандро ба хондани китобҳои дар ҳар мавзӯи ба ӯ шавқовар, шеъру ҳикояҳои адибони бачагон, ба монанди М.Миршакар, Г.Сулаймонова, Азизи Азиз, Наримон Бақозода, Муродалӣ Собир ва боз чандин дигарон, ки барои кӯдакону наврасон эҷод мекунанд, ҷалб намудан мебошад.
Ба андешаи педагоги машҳури рус, мураббии бузург В.А.Сухомлинский маъно ва мақсади асосии ҳаёти оилавӣ ин тарбияи фарзандон, муносибати хуби зану шавҳар, яъне падару модар, мактаби асосии тарбияи фарзандон аст. Бинобар ин, шавқу завқи китоб ва китобхониро аз оила ва кӯдакистон сар карда, фарзандонро, насли ояндаро бояд дар фазои пур аз муҳаббат нисбат ба китоб-маҳсули ақлу заковати мардуми соҳибтамаддун тарбия намоем.
Зеро тавре, ки Пешвои муаззами миллат дар Паёми хеш ба Маҷлиси Олӣ (26.12.2019) иброз намуданд,-«Ҷавонони мо давомдиҳандагони кору фаъолияти насли калонсол, нерӯи тавоно ва иқтидори воқеии пешрафти ҷомеа, хулоса, ояндаи давлат буда, фароҳам овардани шароити мусоид барои фаъолияти онҳо минбаъд низ ҳамчун яке аз масъалаҳои муҳимтарини сиёсати Ҳукумат боқӣ мемонад».
Бинобар ин, нақш ва мақоми китоб ҳамчун манбаи муҳими дониш ва таҳқиқи масоили гуногуни таъриху сиёсат, иқтисодиёту маънавиёт ва маорифу фарҳанги халқамон беш аз пеш меафзояд.
Таваҷҷуҳи пайвастаи Роҳбарияти давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, бахусус, Пешвои миллат нисбат ба хониш ва дониш моро водор мекунад, ки китобхониро ба ҷараёни умумимиллӣ табдил диҳем.
Имрӯз вақти он расидааст, ки китобхона дар ҷомеаи муосир нақши тарбиявӣ, иттилоотӣ ва маърифатии хешро дар сатҳи баланд иҷро намояд. Вале барои дар сатҳи баланди касбӣ иҷро намудани таъиноти иҷтимоии китобхонаҳо, қабл аз ҳама савияи донишҳои тахассусии кормандони онҳоро баланд бардоштан лозим аст.
Аз ин рӯ, бо мақсади баланд бардоштани салоҳияти касбии китобдорон ҷиҳати сари вақт ва ба таври мукаммал қонеъ гардонидани эҳтиёҷоти иттилоотии истифодабарандагони китобхонаҳо, мусоидат намудан ба раванди худшиносӣ, ватандӯстӣ ва маърифатноксозии афроди ҷомеа, инчунин тарғиби ҳамаҷонибаи сиёсати фарҳангии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин соҳа андешидани тадбирҳои зерин ба мақсад мувофиқ мебошад:
- таҳияи лоиҳаи «Барномаи рушди фаъолияти китобхонаҳои давлатӣ-оммавӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2024-2029»;
- бо мақсади таъмини рушди устувори муассисаҳои фарҳангӣ дар марҳилаи нави пешрафти ҳаёти иҷтимоӣ-иқтисодӣ ва фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон, тамоюлоти ҷаҳонишавии фарҳанг тавассути таҷдиди инфрасохтор, таҳкими заминаи рақобатпазири моддӣ-техникӣ, тарбияи кадрҳои соҳа, татбиқи самарабахши нерӯи фарҳангӣ ва маънавии афроди ҷомеа таҳия ва тасдиқ намудани «Барномаи компютерикунонии китобхонаҳои деҳот барои солҳои 2024- 2029»;
- ҳамасола баргузор намудани озмуни ҷумҳуриявии библиомарафон таҳти унвони «Ҳамнишине беҳ аз китоб махоҳ»;
- таҳияи лоиҳаи «Консепсияи хониши кӯдакону наврасон дар Тоҷикистон»;
- дар ҳамкорӣ бо МДТ «Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода» ташкил намудани курсҳои такмили ихтисос ва бозомӯзӣ барои китобдорони китобхонаҳои ҷумҳурӣ;
- бо назардошти афзалият доштани шумораи кӯдакону наврасон дар таркиби аҳолии шаҳру ноҳияҳо оғоз намудани сохтмони биноҳои алоҳида барои китобхонаҳои бачагона;
- дар асоси талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти китобдорӣ» ба китобхонаҳои марказии шаҳру ноҳияҳо додани мақоми шахси ҳуқуқӣ ҷиҳати таъмини мустақилияти молиявии онҳо барои харидории китобҳои тозанашр, таҷҳизоти муосири техникӣ, мизу курсиҳо, рафҳои китобмонӣ ва ғайра.
Тадбирҳои мазкур барои баланд бардоштани сатҳи маънавии ҷомеа, тарғибу ташвиқи арзишҳои фарҳангӣ, эҷоду ҳунар, рушди минбаъда ва беҳтар ба роҳ мондани фаъолияти муассисаҳои фарҳангӣ равона гардида, кормандони соҳаро водор месозад, ки нерӯи илмию эҷодии худро ба нафъи кишвар сафарбар намоянд ва бо эҳсоси ифтихормандӣ дар бунёди давлати соҳибистиқлоламон саҳми худро гузоранд.
Зафари ШАРИФ,
декани факултети китобдорӣ
ва иттилоотшиносии МДТ
«ДДФСТ ба номи Мирзо Турсунзода»