Кумитаи иҷроияи шаҳрии ҳизб, тибқи нақша — чорабиниҳои алоҳидаи худ оид ба пешгирии ҷавонон аз шомилшавӣ ба гурўҳҳои ифротӣ ва баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии онҳо миёни хонандагону донишҷўёни муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, миёна ва олии касбии ҳудуди пойтахт мулоқоту вохӯриҳои судмандро бо ҷалби коршиносону мутахассисони соҳа баргузор намуда истодааст.
Вобаста ба ин, дар Донишкадаи санъат ва фарҳанги Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода бо иштироки Шамсов Сайдалӣ — мудири шуъбаи кор бо ҷавонони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе, Усмонзода Хайриддин Усмон – ректори Донишкадаи санъат ва фарҳанги Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода, Мирзоев Носирҷон – муовини Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Сино, намояндагони Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раёсати корҳои дохилаи шаҳри Душанбе, маркази ҷумҳуриявии мубориза бар зидди вируси норасоии масунияти одам бо омўзгорону донишҷуёни донишкадаи мазкур вохўрӣ доир гардид.
Баромадкунандагон зимни баромади хеш атрофи дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ, се ҳадафи стратегӣ — расидан ба истиқлолияти энергетикӣ, баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ, таъмини амнияти озуқаворӣ, эълон гардидани солҳои 2019-2021 ҳамчун солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, муроҷиатномаи Раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт ҷиҳати пешгирии ҳуқуқвайронкунии байни ноболиғону ҷавонон, риояи тартибу низоми шаҳрдорӣ, саҳмгузорӣ дар ободонию хуррамгардонии пойтахт, пешгирии наврасону ҷавонон аз шомилшавӣ ба гурӯҳҳои ифротӣ, ҳифзи фарҳангу арзишҳои миллӣ, пешгирии бемориҳои сироятӣ, вируси норасоии масунияти одам ва нашъамандӣ миёни ҷавонон, бедор намудани ҳисси ватандӯстию хештаншиносӣ дар ниҳоди наврасону ҷавонон суханронӣ намуда, аз ҳозирин даъват ба амал оварданд, ки нисбат ба ҳар гуна падидаҳои номатлуб бетараф набошанд.
Ҳамзамон, бо овардани далелҳои мушаххасу дақиқи қонунҳои миллӣ: аз ҷумла қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” ва қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” ба таври возеҳу равшан ба ҳозирин фаҳмонданд.
Дар фарҷом роҳбарияти донишкадаи мазкур барои баргузории чунин мулоқоту вохўриҳо изҳори сипос намуда, донишҷўён таклифу пешниҳодҳои худро баён доштанд.
Манбаъ:http://hhdt-dushanbe.tj/views.php?id=1571