Дар Муассисаи давлатии таълимии «Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода», 29 январи соли равон, чорабинии фарҳангӣ таҳти унвони «Ҷашни Сада ва суннатҳои он» бо иштироки вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлатзода Зулфия Давлат бо шукӯҳу шаҳомаи хос таҷлил гардид.

   Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳозиринро бо ин ҷашни миллӣ табрику таҳният намуда, зимнан аз дастовардҳои назарраси Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даврони соҳибистиқлолӣ ёдовар шуд. Ӯ пешрафту тараққиёти соҳаҳои гуногун, аз ҷумла рушду нумӯи фарҳанги миллиро самараи сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  арзёбӣ намуд. Мавсуф зикр кард, ки: «Воқеан иди Садаро аҷдодонамон чун рамзи омодагӣ ба Наврӯз ҷашн гирифта, унсурҳои онро пайки сулҳу субот, дӯстиву рафоқат, некиву хайрхоҳӣ, ободкориву сабзгардонӣ медонистанд. Фарорасии он махсусан ба кишоварзону деҳқонон муждарасони омодагӣ  ба кишту кор буд, ки ин падида имрӯз ҳам рисолати худро пойбарҷо нигоҳ медорад». Ҳамчунин, ӯ аз ҳаёти мардуми Афғонистон ва дигар кишварҳои ҷангзада мисолҳои мушаххас оварда, ба аҳли толор муроҷиат намуд, ки сулҳу суботи саросарии кишварро гиромӣ доранд ва дар ҳифзи ин неъмати бебаҳо саъю талош варзанд.

   Ректори Муассисаи давлатии таълимии «Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода», доктори илмҳои филологӣ Низомӣ Муҳриддин Зайниддин иштирокдорони ҷашнвораро ба муносибати ин ҷашни миллӣ табрику таҳният намуда, зимнан  таъриху суннатҳои ҷашни Садаро бо такя ба маълумоти асарҳои тадқиқотӣ мавриди таҳлил ва баррасӣ қарор дод. Аз ҷумла, зикр намуд, ки:  «Сада аз ҷашнҳои қадимии мардуми ориёист ва оғози  он ба давраи подшоҳии Пешдодиён мерасад. Ин ҷашн аз рӯи тартиби замонӣ нахустин ҷашн аст, чун бунёнгузори он Ҳушанг — дувумин шоҳ аз Пешдодиён мебошад ва қабл аз он ҳеч гуна ҷашне ёдоварӣ нашудааст. Дар ҳоле ки ойин ниҳодани Наврӯз ба номи Ҷамшед- чаҳорумин шоҳи Пешдодиён ва Меҳргон ба номи Фаридун, ки беш аз ҳазор сол баъд аз Ҷамшед ба шоҳӣ расид, вобаста мебошад».

   Омӯзгори калони кафедраи филологияи донишкада Нозим Нуров мавзӯи  «Ҷашни Сада-таҷрибаи ҳамбастагию ҳамзистӣ» — ро ба риштаи таҳлил кашида, рамзу суннатҳои хоси ҷашни Садаро дар асоси сарчашмаҳо баррасӣ намуд. Иброз дошт, ки «Нуктаи меҳварӣ дар ҷашну ойинҳои миллӣ, аз ҷумла Сада он аст, ки ҳамагӣ ба нуру рӯшноӣ ва меҳру фурӯзандагӣ тавъаманд. Гузашта аз ин, онҳо бо замин ва аносири заминӣ — замину хок (Наврӯз), об (Тиргон), боду осмон (Меҳргон) ва оташу рӯшноӣ (Сада) робитаи ногусастанӣ доранд. Маҳз ҳамин нуктаи калидӣ — ба аносири заминӣ ва моддӣ-материалӣ часпиши бевосита доштани иду ҷашнҳои бостонии миллӣ онҳоро миёни қавму милали ҷаҳонӣ, чи дар гузашта ва чи имрӯза зинда нигаҳ доштааст. Зимнан, ин ҷашнҳо тараннумгари ҳамбастагию ҳамзистии мардум, новобаста аз тааллуқоти динӣ, мазҳабӣ, сиёсӣ, нажодӣ, миллӣ ва қавмӣ буда, қавмияту миллиятҳои гуногунро муттаҳид мекунанд».

   Сипас дар Театри таълимиии донишкада бахшида ба ҷашни Сада аз ҷониби устодону донишҷӯён барномаи ҷолиби консертӣ пешниҳод гардид. Ҳунарпешагони мардумӣ ва шоистаи Тоҷикистон Ҷамшед Исмоилов, Лола Азизова, Раҳматулло Ҳошимов, Моҳрухсор Сафиева, Парвин Юсуфӣ ва дигарон бо суруду оҳангҳои марғуб хотири иштирокдорони ҷашнвораро шод гардонданд. Магистрони шуъбаи режиссура, кино ва телевизион прологи «Зуҳури Сада» — ро иҷро намуданд, ки пурра ифодагари мазмун ва муҳтавои ҷашни Сада ба шумор меояд.

   Мусаллам аст, ки  тибқи ривояти «Шоҳнома» Ҳушанг шоҳи Пешдодиён ин ҷашнро асос гузоштааст. Ӯ ҳамроҳи дарбориёнаш дар саҳро бо море дучор омада, ба тарафаш санг меандозад. Санг бар санги дигар бархӯрда, аз он оташак меҷаҳад ва ба ҳамин васила оташ кашф мегардад. Фирдавсӣ дар “Шоҳнома” мефармояд:

Нашуд мор кушта, валекин зи роз,

Падид омад оташ аз санг боз.

   Пролог дар асоси ҳамин ривоят таҳия гардида, тамошобинро ба рамзу розҳо ва суннатҳои ҳамбастагию пайвастагии инсонҳо ошно месозад.

   Дар интиҳои барнома дар саҳни донишкада ҳамчун рамзи асосии ҷашни Сада оташ афрӯхта шуд. Меҳмонону устодон ва донишҷӯён дар зери оҳангу сурудҳои дилнишин аз болои оташ ҷеҳ заданд.

 

Додоҷон РӮЗИЕВ,

Муллоаҳмадшоҳ ҶУРҒОСИЕВ,

устодони Муассисаи давлатии

таълимии «Донишкадаи давлатии

 фарҳанг ва санъати Тоҷикистон

 ба номи Мирзо Турсунзода»