Меҳргон яке аз ҷашнхои  қадимаи мардуми эронинажод буда, дар қатори дигар идҳои миллӣ,  ба монанди Наврӯзу Сада ҳамасола дар саросари кишвар ҷашн гирифта мешавад. Меҳргон аслан иди меҳру муҳаббат,  рӯшноиву покӣ ва фаровониву баракат мебошад.

   Бахшида љашни Меҳргон 17 октябри соли равон дар Китобхонаи марказии шаҳрии ба номи Абулқосим Лохутӣ чорабинии фарҳангӣ баргузор гардид. Дар он директори китобхонаи мазкур Абдулқодир Талбаков, мудири шуъбаи адабиёти форсии китобхонаи мазкур  Шодҷонов Шодҷон ва Носирова Лайло —  мудири бахши фарҳанги моддии Пажӯҳишгоҳи илмӣ — тадқиқотии фарҳанг ва иттилоот суханронӣ намуданд.

   Иштирокдорони  ҳамоиш аз таърих ва таҷлили ҷашни Меҳргон дар давраҳои гуногуни таърихӣ ва эҳёи он дар замони соҳибистиқлолии  Тоҷикистон ёдовар шуданд.  Хонандагони муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии  № 66 ва мактаб‑интернати № 1‑и шаҳри Душанбе бахшида ба иди Меҳргон порчаҳои шеърӣ қироат намуда, хотири аҳли нишастро болида гардонданд.

 

Ҷӯрабек НОСИРОВ, 

донишҷӯи курси 3‑юми факултаи

 китобдорӣ ва итилоотшиносӣ