Ҳамасола 5 октябр дар сартосари ҷумҳуриамон, хосатан, дар муассисаҳои таълимӣ бахшида ба Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Рӯзи омӯзгорон чорабиниҳои фарҳангӣ аз қабили конфронсу семинарҳои илмӣ- назариявӣ ва амалӣ, маҳфилҳои адабӣ, суҳбату мулоқотҳо ва ғайра тибқи нақшачорабиниҳои эҷодӣ ба роҳ монда мешавад. Ҳадаф аз доир кардани чорабиниҳои илмӣ- фарҳангӣ дар ин рӯз аз он иборат аст, ки забони тоҷикӣ ҳамчун рукни асосии муаррифии миллати тоҷик ва нақши омӯзгорон дар тарғиби забони тоҷикӣ дар ниҳоди наврасону ҷавонон омили асосӣ дониста шудааст.
Тибқи нақшачорабинии эҷодии Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода дар толори театри таълимии чорабинии фарҳангӣ бахшида ба ифтихори Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рӯзи омӯзгорон доир гардид. Ба ҳам пайваста таҷлил намудани ҷашни омӯзгорон ва Рӯзи забон шаҳодат аз он медиҳад, ки дар тарбия, омӯзиш ва поку беолоиш нигоҳ доштани забон, омӯзгорон тарбиятгарони насли наврасу ҷавон дар ҷомеа нақши калидӣ доранд.
Нахуст, намоиши театркунонидашуда бо унвони «Нерӯи хирад» аз тарафи донишҷӯёни шуъбаи режиссураи намоишҳои театр манзури иштирокчиён гардонида шуд.
Сухани табрикотии ректори Донишкаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода, профессор Усмонзода Хайридин дар рӯзи ҷашни омӯзгорон ва Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳайати меҳмонон, омӯзгорону донишҷӯёни донишкада идомабахши чорабинии фарҳангӣ гардид. Мавсуф аз қадру манзалати омӯзгорон дар гузашта то имрӯз ёдовар гардида, таъкид доштанд, ки саҳми омӯзгорон дар тарбияи маънавии аҳли ҷомеа хеле барҷаставу нишонрас аст. Усмонзода Хайридин-ректори донишкада дар бораи забони давлатӣ ва нақши он дар шинохти миллат, аҷр гузоштан ба ин унсури фарҳанг, ки воситаи муошират, шинохт ва таърихи мо тоҷикон аст, нутқ ироа карданд.
Ҳамчунин, дар ин рӯзи муборак хизматҳои шоёни омӯзгорону кормандони донишкада аз тарафи Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи ҷумҳуриявии иттифоқи касабаи кормандони фарҳанг, иттилоот, варзиш ва сайёҳии Тоҷикистон бо нишони «Аълочии матбуоти Ҷумҳурии Тоҷикистон», нишони «Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон», ифтихорнома ва сипосномаҳо қадршиносӣ карда шуданд.
Барномаи консертӣ, ки аз силсилаи сурудаҳои баландмазмуни вассофишуда дар бораи забони тоҷикӣ ва ситоиши омӯзгор таҳия шуда буд, пешкаши аҳли толор гардид.
Дар рӯҳияи худшиносиву худогоҳӣ ва меҳанпарастӣ таҳия намудан ва доир кардани чунин чорабиниҳо ба тарбияи маънавӣ, ахлоқӣ ва мафкуравии ҷавонон таъсири мусбат расонда, онҳоро ҳушдор медиҳад, ки дар ҳама ҳолат пуштибонӣ аз фарҳангу маънавият дошта бошанд ва эҳтироми забони ноби тоҷикию афрошандагони илму маониро ба ҷо оранд.
Бобоҷон Раҳимов, саромӯзгори кафедраи рӯзноманигории телевизион