Имрӯз дар Муассисаи давлатии таълимии “Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода” ҷаласаи васеи Шурои олимони муассиса бо иштироки ҳайати профессорону устодон баргузор шуд, ки дар он ҳисоботи ректори донишкада, доктори илмҳои филологӣ, профессор Муҳриддин Низомӣ оид ба натиҷаҳои фаъолияти донишкада дар нимсолаи аввали соли 2023 ироа гардид. Ректори донишкада дар ҳисоботи худ, аз ҷумла иброз дошт, ки ҳайати профессорону устодон ва кормандони МДТ «Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода» дар нимсолаи аввали соли 2023 фаъолияти гуногунҷанбаи худро дар асоси сиёсати фарҳангии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки аз Паёмашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ” бармеоянд, сармашқи кори худ намуданд.
Зикр гардид, ки Шурои олимони донишкада яке аз бахшҳои муҳимми сохтори донишкада ба ҳисоб рафта, дар он масъалаҳои мубрами самти илм, таълим, эҷод, тарбия ва хоҷагидорӣ баррасӣ гардида, ҳаллу фасли худро пайдо менамоянд.
Дар донишкада дар нимсолаи аввали соли 2023 барои баланд бардоштани сатҳу сифати таълим корҳои назаррасе анҷом дода шудааст. Аз ҷумла, барномаҳои таҳсилотӣ, нақшаҳои таълимӣ ва барномаҳои таълимӣ бо талаботи Стандарти давлатӣ ва барномаҳои таҳсилотӣ мутобиқ ба меъёрҳои байналмилалӣ омода карда шудаанд, ки барои боз ҳам баланд бардоштани сатҳу сифати таълим дар донишкада кȳмак мерасонад.
Тайи солҳои охир сатҳи сифати таълим ва азхудкунии фанҳои таълимӣ дар миёни донишҷӯёни бахши рӯзона, магистратура, доктор (PhD) баланд шудааст. Агар сатҳи сифати таълим дар соли 2020 21,56 % -ро ташкил дода бошад пас ин нишондиҳанда дар соли 2023 ба 33,8% расидааст, ки аз баланд шудани сатҳи соводнокии донишҷӯён ва касбияти ҳунари онҳо гувоҳӣ медиҳад.
Ректори донишкада иброз дошт, ки фаъолияти илмӣ-таҳқиқотӣ яке аз самтҳои муҳимми МДТ “Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода” дар баробари дигар муассисаҳои таҳсилоти олии кишвар мебошад. Рушди илм дар муассиса аз ҷумлаи заруратҳои муҳим буда, аслитарин нишондиҳандаи фаъолияти самарабахши ҳайати илмии донишкада маҳсуб меёбад.
Дар ин давра бахши илми донишкада ба як қатор дастовардҳои назаррас ноил гардид. Аз ҷумла, китоби “Солномаи донишкада” мунташир гардида, бо ташаббуси Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Раёсати донишкада Лабораторияи таҳқиқоти сотсиологии фарҳанг ва воситаҳои ахбори омма таъсис дода шуда, бо таҷҳизоти зарурӣ ҷиҳозонида шуд, ки дар маросими ифтитоҳи он вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Зулфия Давлатзода иштирок ва суханронӣ намуд. Лаборатория дар МДТ “ДДФСТ ба номи Мирзо Турсунзода” бомақсади дар амал татбиқ намудани сиёсати фарҳангии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба вижа ғояҳои фарҳангпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон фаъолияти худро ҳадафмандона ба роҳ мемонад. Лаборатория дар шакли воҳиди сохтори МДТ «ДДФСТ ба номи Мирзо Турсунзода» бо мақсади ба даст овардани сатҳи пешрафтаи илмӣ, корҳои сотсиологӣ – таҳқиқотӣ, ҳамчунин истифодаи самараноки иқтидори моддӣ – техникӣ ва кадрии соҳаҳои фарҳанг, таъбу нашр ва ҳамкорӣ бо воситаҳои ахбори омма фаъолият мекунад.
Тазаккур дода шуд, ки 13-уми майи соли равон дар донишкада бо ибтикори Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ташкилоти ҷамъиятии “Пайравони Пешвои миллат” нахустин маҳфил-викторинаи “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” таҳти унвони “Пайравони пешвои миллатем!” дар мавзуи “Нақши озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» дар баланд бардоштани ҳисси китобдустӣ ва маънавиёти ҷомеа» бо иштироки ректори Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода, доктори илмҳои филолгӣ, профессор Муҳриддин Низомӣ, муовини аввали раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Шабнам Раҳимзода Муовини Раиси ташкилоти «Пайравони Пешвои миллат» Зарнигор Раҷабзода баргузор гардид, ки мақсад аз баргузории маҳфил-викторина ин пеш аз ҳама баланд бардоштани ҳисси китобдустӣ ва маънавиёти ҷомеа, хусусан ҷавонон буда, огоҳии комил ёфтан аз натиҷаҳои баргузории озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” мебошад. Маҳфил – викторина бо пешниҳод намудани саволҳо ба таври ошкоро ва шаффоф сурат гирифт, ки дар он донишҷӯён аз донишгоҳу донишкадаҳои кишвар ва ҷавонони соҳиби касбу кори гуногун иштирок намуданд. Дар натиҷа, аз донишкада донишҷӯи бахши 3-юми факултаи санъати театрӣ ва режиссураи Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода Файзуллозода Кишвар барандаи ҷойи 1-ум, донишҷӯи бахши 1-уми факултаи журналистикаи телевизион ва радиои Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода Сайфуллоев Беҳрӯз ва донишҷӯи бахши 2-юми факултаи фарҳангшиноси донишкадаи мазкур Шермуҳаммадова Фахрия барандандаи ҷойҳои 2-юм, донишҷӯи бахши 4-уми факултаи санъати мусиқии мардумии Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода Ашӯров Сафармуҳаммад ва ва донишҷӯи бахши 1-уми факултаи журналистикаи телевизион ва радиои Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода Ҳомидов Шамшер соҳиби ҷойҳои ифтихорӣ гардида бо сипосномаҳо сарфароз гардонида шуданд.
Роҳбари донишкада раёсати робитаҳои байналмилалиро яке аз сохторҳои асосӣ ва муҳимми донишкада арзёбӣ намуда, зикр намуд, ки ин бахш фаъолияти худро дар самти ба роҳ мондани ҳамкориҳои байналмилалии донишкада бо муассисаҳои таҳсилоти олии хориҷи дуру наздик, марказҳои илмӣ ва муассисаҳои такмили ихтисос, омӯхтани таҷрибаи навтарини таълимиву илмии байналмилалӣ, ташкили таълими донишҷӯён ва омӯзгорон дар муассисаҳои бонуфузи таълимии хориҷи кишвар, дар доираи созишномаҳо ва шартномаҳои ҳамкорӣ роҳандозӣ намудани чорабиниҳои муштараки байналмилалии илмиву таълимӣ ва эҷодӣ роҳ мондааст. Дар ин бахш фаъолият хуб роҳандозӣ гардида, натиҷаҳо низ дар ин давраи ҳисоботӣ самарабахш мебошанд. Айни замон донишкада бо 50 донишгоҳу донишкадаҳои кишварҳои хориҷи дуру наздик, аз ҷумла Федератсияи Россия, Ҷумҳурии Мардумии Чин, ҷумҳуриҳои Белорус, Озарбойҷон, Қазоқистон, Ӯзбекистон, Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, Арманистон ва Словакия созишномаҳои ҳамкорӣ ба имзо расонида, дар доираи ин онҳо ҳамкориҳои илмӣ, таълимӣ ва эҷодиро самаранок ба роҳ мондааст.
Таъкид гардид, ки фаъолияти тарбиявӣ ва иҷтимоӣ дар давраи ҳисоботӣ барои ҳиссагузорӣ дар сифатан такмил додани таълим, тайёр кардани мутахассисони баландихтисос, муҳайё сохтани шароити мусоиди кору фаъолият, инчунин дар руҳияи ватандӯстӣ, худшиносию худогоҳӣ, арҷгузорӣ ба муқаддасоти миллӣ ва тамаддуни ҷаҳонӣ, инсондӯстӣ, риояи анъана ва расму оинҳои миллӣ, ҳифзи дастовардҳои Истиқлоли давлатӣ ва ваҳдати миллӣ ва тарбия намудани донишҷӯён равона гардид. Барои амалӣ намудани мақсадҳои вогузоршуда бахши тарбияи донишкада як қатор тадбирҳои мушаххасро роҳандозӣ намуд.
Қайд гардид, ки бахши эҷодии донишкада низ дар нимсолаи аввали соли 2023 фаъолияти фаъолияти пурсамарро ба роҳ монда, як қатор чорабиниҳои муҳимми фарҳангӣ дар сатҳи донишкада ва берун аз онро баргузор намуд.
Ҳамин тавр, Муҳриддин Низомӣ тамоми фаъолияти гуногунҷанбаи донишкадаро ба риштаи таҳлил кашида, камбудию норасоии мавҷударо ба миён гузошта, баҳри бартараф намудани онҳо супоришҳои мушаххас дод.
Пас аз ироаи ҳисоботи ректори донишкада, доктори илмҳои филологӣ, профессор Муҳриддин Низомӣ оид ба натиҷаҳои фаъолияти донишкада дар нимсолаи аввали соли 2023 ва дигар масъалаҳои ҷаласа миёни аъзои Шурои олимон ва маърузачиён табодули афкор сурат гирифта, ҳисоботҳои ироашуда қаноатбахш арзёбӣ гардиданд.
ҚУДРАТОВ Сино