31-уми январ таҳти раёсати вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳим Саидзода дар маҷлисгоҳи Вазорати маориф ва илм ҷаласаи онлайнӣ доир гардид, ки дар он муовинони вазири маориф ва илм, сардорони раёсат, шуъба ва бахшҳои дастгоҳи марказӣ, роҳбарони муассисаҳои тобеи вазорат, сардорон ва мудирони раёсат ва шуъбаҳои маорифи вилоят, шаҳру ноҳияҳо, ректорони донишгоҳу донишкадаҳо, декани факултаҳо, мудирони кафедраҳо, директорони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, директорони мактаб-интернатҳо, директорони муассисаҳои давлатии таълимии мактабҳои Президентӣ ва директорони муасссисаҳои таҳсилоти томактабӣ  ба тариқи ҳузурӣ ва маҷозӣ иштирок намуданд.         Дар толори Шурои олимони Муассисаи давлатии таълимии “Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода” таҳти сарварии ректори донишкада, доктори илмҳои филологӣ, профессор Муҳриддин Низомӣ муовинои ректор, декани факултаҳо, мудирони кафедраҳо ва устодон ҷамъ омада, дар ҷараёни баргузории ҷаласа иштирок намуданд.

    Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳим Саидзода дар оғози ҷаласаи онлайнӣ зимни суханронии худ аз сиёсати маорифпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ташаббусҳои Ҳукумати ҷумҳурӣ дар самти илму таълим ёдовар шуда, дар амал татбиқ намудани дастуру супоришҳои Пешвои миллатро пеш аз ҳама рисолати аслли аҳли зиёи мамлакат арзёбӣ намуд. Вазири маориф ва илм инчунин, таъкид намуд, ки пешгирӣ ва роҳ надодан ба  амалҳои коррупсионӣ дар байни омӯзгорон ва кормандони муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва дигар муассисаҳои вобаста ба вазорат, пешгирӣ аз паҳншавии ақидаҳои гурӯҳҳои террористӣ ва экстремистӣ дар байни донишҷӯён ва ҳайати омӯзгорону кормандон, тарбияи ватандӯстии ҷавонон ва баланд бардоштани ҳисси миллии онҳо, ҳифзи арзишҳои миллӣ, таъмин намудани иҷрои нақшаи қабули довталабон, таҳкими заминаи моддиву техникӣ ва кадрии муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, аз ҷумла муассисаҳое, ки аз рӯйи равияҳои омӯзгорӣ  ва техникӣ мутахассис омода мекунанд, аз байн бурдани норасогии омӯзгорони дорои дараҷа ва унвонҳои илмидошта дар  муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, ҷалби грантҳо ва лоиҳаҳои инноватсионӣ аз ҷумлаи масъалаҳои муҳим буда, барои даст ёфтан ба натиҷаҳои дилхоҳ дар ин самтҳо тадбирҳои муҳим андешида шаванд.

    Раҳим Саидзода баъд аз баррасии масъалаҳои рӯзномаи ҷаласа ба роҳбарон ва масъулини донишгоҳу донишкадаҳои ҷумҳурӣ дастуру супоришҳои  мушаххас дод.

   Пас аз анҷоми ҷаласаи онлайнӣ ректори донишкада, доктори илмҳои филологӣ, профессор Муҳриддин Низомӣ ҷиҳати иҷрои дастурҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва супоришҳои Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳим Саидзода масулин ва ҳозиринро вазифадор намуда, масъалаҳои дар ҷаласаи онлайнӣ баррасишударо муҳим арзёбӣ намуд.

Синои АБУАЛӢ