Имрӯз дар Муассисаи давлатии таълимии “Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода” ҷаласаи ҷамъбастии Ташкилоти  ибтидоии   ҳизбии «Оламафрӯз» — и Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе бо иштироки муовини раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе Амиралӣ Ташрифзода,  сармутахассиси шуъбаи молияи ноҳияи Сино Шаҳбоз Назаров ва устодону кормандони донишкада баргузор гардид.

         Маҷлиси ҳисоботиро раиси Ташкилоти  ибтидоии   ҳизбии «Оламафрӯз», ректори Муассисаи давлатии таълимии “Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода”, доктори илмҳои филологӣ, профессор Муҳриддин Низомӣ ифтитоҳ намуда, оид ба натиҷаҳои фаъолияти ташкилоти  ибтидоӣ дар соли 2022 маълумоти муфассал дод. Мавсуф иброз дошт, ки Ташкилоти ибтидоии “Оламафрӯз”-и Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе фаъолияти худро дар давраи ҳисоботӣ дар асоси нақшаи кории ташкилоти ибтидоӣ ва дастуру супоришҳои Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе ба роҳ монда, ҷиҳати татбиқи босамари ҳадафҳои Оиннома ва Барномаи ҳизб соли сипаригардида як қатор чорабиниҳои сиёсии тарғиботӣ ва ташвиқотиро баргузор намуд.             Дар маҷмуъ давраи сипаригардида барои тамоми сохторҳои ҲХДТ дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе ва аъзои ҳизб басо хотирмон буд. Зеро дар ин давра як қатор маъракаҳои муҳимми сиёсӣ доир шуд, ки дар ин маъракаҳои муҳимми сиёсӣ ташкилоти ибтидоии “Оламафрӯз” саҳми назаррас гузошт.

     Раиси Ташкилоти  ибтидоии   ҳизбии «Оламафрӯз» дар давоми суханронии худ зикр намуд, ки Паёми солонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дастури рӯимизии ҳар як корманд ба ҳисоб меравад. Ҷиҳати шарҳу тавзеҳи нуктаҳои Паёми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ташкилоти ибтидоии “Оламафрӯз” дар асоси нақшаи кории ташкилоти ибтидоӣ дар ин давра 10 маротиба соати сиёсӣ доир намуд. Вобаста ба баррасии нуктаҳои Паёмҳои соли гузашта ва имсолаи Пешвои миллат, мақолаҳои устодони донишкада М. З. Низомӣ, Ф. Махсудзода, А. Аминӣ,  Б. Сайфуллозода, Д. Сангинова, Зафари Шариф дар рӯзномаҳои “Ҷумҳурият”, “Адабиёт ва санъат” , “Баҳори Аҷам”, “Минбари халқ”, “Омӯзгор ”  “Мароми поитахт” ва сайтҳои АМИТ “Ховар”, Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон”, “Китобхонаи миллӣ” ва донишкада интишор гардиданд. Баъдан нуктаҳои Паёми Сарвари давлатамон ба таври алоҳидагӣ дар факултетҳои китобдорӣ ва иттилоотшиносӣ, режиссура, кино ва телевизион, фарҳангшиносӣ, мусиқӣ-омӯзгорӣ ва санъати мусиқии мардумии донишкада баррасӣ гардиданд.

    Зикр гардид, ки 4-уми феврали соли ҷорӣ бо ибтикори кумитаи иҷроияи Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон дар толори “Арғунун”-и Муассисаи давлатии таълимии “Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода” дар мавзуи “Фарҳанг-кафолати ваҳдати миллӣ” дар ҳошияи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрӣ баргузор гардид. Дар чорабинӣ раиси Кумитаи иҷроияи Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон Рудобаи Мукаррам, собиқ вазири  фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Орумбек Шамсиддинзода, раиси Шурои собиқадорони Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон Ғайбулло Афзалов, чеҳраҳои саршиноси соҳаҳои фарҳангу санъати кишвар, ва устодону донишҷӯёни донишкада ширкат варзиданд.

 Ҳамчунин, 18-уми феврали соли 2022 дар толори театри таълимии донишкада вохӯрии фаъолони ҲХДТ бо устодону донишҷӯёни донишкада доир ба шарҳу тавзеҳи нуктаҳои муҳими Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ баргузор гардид. Дар вохӯрӣ мудири шуъбаи занони Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе Юнусова Рухшона, муовини ректор оид ба тарбия ва иҷтимоии Донишкадаи тиббии иҷтимоии Тоҷикистон Мирова Шаҳло Мирзоватовна, аз Донишкадаи молия ва иқтисод номзади илмҳои иқтисодӣ Абдусатторзода Сурайё Абдусаттор, аз Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ иштирок ва суханронӣ намуданд.

  Бояд тазаккур дод, ки Ташкилоти ибтидоии “Оламафрӯз” бахшида ба санаҳои муҳимми таърихӣ ва ҷашнҳои давлатию миллӣ дар асоси нақшаи кории худ бо иштироки аъзои ҳизб вохӯрӣ доир намуда, дар пиёда намудани барномаҳои сиёсию фарҳангии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон нақши бориз мегузорад.

    Раиси Ташкилоти  ибтидоии   ҳизбии «Оламафрӯз» маълумот дод, ки дар доираи татбиқи нақша-чорабиниҳо чанд гузоришу суханрониҳо аз ҷониби аъзои ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ дар телевизион ва радио оид ба дастовардҳои фарҳангӣ дар даврони соҳибистиқлолӣ доир гардиданд. Қабули аъзоён ба сафи ҳизб яке аз масъалаҳои умда ба ҳисоб меравад. Дар давраи ҳисоботӣ чанд теъдод омӯзгорон ва кормандони донишкада бо аризаи шахсиашон ба сафи ҳизб шомил гардиданд. Алҳол теъдоди аъзоёни ташкилоти ибтидоӣ 279 нафарро ташкил медиҳанд.

    Фаъолияти гуруҳи таҳлилӣ аз ҳисоби аъзоёни ҳизб дар назди ташкилоти ибтидоии “Оламафрӯз” ба роҳ монда шуд. Мақсади ягонаи он пеш аз ҳама дастгирӣ кардани сиёсати Президенти миллат, пешгирӣ кардани ақидаву амалҳои тундгароёнаи ҳизбу равияҳои ҷорӣ, аз ҷумла амалҳои террористӣ ва экстремистӣ мебошад. Қобили қайд аст, ки гуруҳи таҳлилӣ вокунишҳои худро дар сомонаҳои иҷтимоӣ саривақт ба нашр мерасонад. Дар соли ҳисоботӣ зиёда аз 70 вокуниш ва мақолаҳои оммавиро дар сомонаи донишкада ва дигар сомонаҳои иҷтимоӣ ба нашр расонидааст.

    Декани факултаи режиссура, кино ва телевизион Лутфулло Ниёзов, котиби Шурои олимони донишкада Қудратов Сино ибрози назар намуда, фаъолияти яксолаи Ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Оламафрӯз»-ро қаноатбахш ҳисобиданд.

    Муовини раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе Амиралӣ Ташрифзода дар мавзуи  “Шарҳу тавзеҳоти  нуктаҳои Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Чумҳурии Тоҷикистон” суханронӣ намуда, нуктаҳои Паёми навбатии Раҳбари давлатро шарҳу тавзеҳ дод.

    Котиби Ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Оламафрӯз» Бозор Сайфуллозода дар мавзуи “Ба роҳбарӣ гирифтан ва дар амал татбиқ намудани дастуру супоришҳое, ки Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Маҷлиси КИМ  ҲХДТ аз 30-юми ноябри соли 2022”  суханронӣ намуда, андешаҳояшро вобаста ба мавзуи мазкур баён намуд.

    Дар охир бо пешниҳоди раиси Ташкилоти  ибтидоии   ҳизбии «Оламафрӯз», ректори Муассисаи давлатии таълимии “Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода”, доктори илмҳои филологӣ, профессор Муҳриддин Низомӣ нақшаи кории Ташкилоти  ибтидоии   ҳизбии «Оламафрӯз» барои соли 2023  аз тарафи ҳозирин якдилона қабул гардида, самтҳои муҳимми фаъолияти он муайян карда шуд.

   Мақсади Ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Оламафрӯз», пеш аз ҳама, ҷонибдории сиёсати дурандешона ва созандаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, пешгирии шомилшавии наврасону ҷавонон ба гурӯҳу ҳаракатҳои террористию экстремистӣ, пайравӣ ба расму оинҳои барои мо бегона, вокуниш ба матолиби муғризона ва беасоси шабакаҳои иҷтимоӣ ва ғайра мебошад.

Синои АБУАЛӢ