Истиқлолият волотарин ва пурарзиштарин дастоварди давлату миллати тоҷдори тоҷик аст, ки сиву як сол муққадам  муҳимтарин воқеаи таърихии  сарнавишти миллати тоҷик ба вуҷуд омад. Ин ҳодисаи фараҳбахш аввали моҳи сентябри соли 1991 ба вуқӯъ пайваст ва 9- уми сентябр расман Рӯзи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон  қабул гардид. Аз ҳамон вақт то имруз барои  миллати тоҷик иди муққадас маҳсуб меёбад. Ин неъмати бузург барои ба даст овардани  нуру зиё, меҳру вафо, ободию   озодӣ,  ҳамфикрию ҳамзистӣ ва осоиштагию абадиятро  ба мардуми бузурги тоҷик ва Тоҷикистони  азиз овардааст.

       Даврони истиқлолият барои мо имкони воқеӣ фароҳам овард, ки роҳи имрӯзу ояндаи миллат ва пешрафти минбаъдаи Тоҷикистони азизу маҳбубамонро ба сӯи ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ  интихоб намоем. Истиқлолият барои мо рамзи олии Ватану ватандорӣ, бузургтарин неъмати давлатсозию давлатдории мустақил, кору пайкорҳои пайгирона, созандагӣ, азму фидокоронаи расидан ба истиқлолияти сиёсӣ , иқтисодӣ ва фарҳангиро омӯзонида, меъёрҳои ҷомеаи шаҳрвандиро таҳким бахшад ва дар як вақт ҳаёти озодонаи ҳар фард ва баландтарин зинаи бахту саодати ҳақиқии миллатро таъмин намуд.

        Ҳамаи сокинони Тоҷикистони азизу маҳбуб имрӯз ифтихор аз он доранд, ки 31-сол қабл аз ин нахустин хиштҳои пойдевори истиқлолияти воқеӣ ва давлатдории миллии худро ниҳода, аз шарофати мустақилият соҳиби рамзҳои давлатӣ –Парчам ,Нишон ва Суруди миллӣ гардидем!

        Пас аз як соли эълони Истиқлолият аниқтараш моҳи ноябри соли 1992 дар Қасри Арбоби шаҳри Хуҷанд Иҷлосияи XV1- уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба арсаи сиёсат шахсиятеро овард, ки дастовардҳои минбаъдаи кишвар ба номи ӯ алоқамандии ҳамаҷониба доранд. Аз рӯзи Сарвари давлат интихоб гардидани фарзанди барӯманди халқ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  дар тамоми сохторҳои  ҳокимият тағйирот ворид гардид.

         Бо ташаббуси Истиқлолият  ба дастовардҳои назарраси сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангӣ расида бошем ҳам, дар марҳилаи мураккабу ҳассоси ҷаҳони муосир ба иттиҳоду ҳамраъйӣ, ваҳдати  миллӣ, маърифату зиракии сиёсӣ, худшиносиву ватандорӣ бештар ниёз дорем.

         Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳама баромадҳояшон таъкид меварзанд, ки: “Солҳои охир дар ҷаҳон як силсила тамоюлоти хатарнок, аз қабили таҳдиди терроризми байналмиллалӣ, экстремизм, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, қочоқи силоҳ ва фаъолияти гурӯҳҳои ҷинояткори трансмиллӣ қувват мегиранд, ки инҳо метавонанд ба оромиву суботи минтақа ва амнияти давлатии кишварҳои алоҳида таъсири ногувор расонанд”. Имрӯз мо мебинем, ки як гурӯҳи нотавонбин ва душманони халқу миллати тоҷик бо ҳар роҳу восита кӯшиш менамоянд, ки оромӣ ва сулҳу ваҳдати сартосарии моро халалдор созанд. Вале мардуми тоҷик бо рӯҳияи қавӣ сиёсати пешгирифтаи Пешвои миллатро ҳамаҷониба дастгирӣ менамоянд ва намегузоранд, ки душмане, номарде ва ё аҷнабие номи пок ва сарзамини муқаддаси моро бадном созад.

        Аз ин рӯ моро зарур аст, ки зиракии сиёсиро аз даст надода, якҷоя хатари коҳиш ёфтани ин амалҳои  номатлубро пешгирӣ намуда, барои пешрафти Ватани азизамон саҳми худро гузорем.

 

                                            Арзанда Занҷирбекова