Китобхонаҳои Тоҷикистон низ дар самти фаъолияти методӣ дорои таҷрибаи ғании таърихӣ мебошанд. Баробари таъсиси китобхонаҳои калонтарини ҷумҳуриявӣ, вилоятӣ, марказии шаҳрӣ, ноҳиявӣ ва дар солҳои соҳибистиқлолӣ Китобхонаи миллӣ ба масъалаи фаъолияти методӣ  пайваста таваҷҷуҳи хоса зоҳир мегардад.

          Ба андешаи мо, марҳилаи сифатан нави фаъолияти методии китобхонаҳо дар Тоҷикистон аз давраи касби соҳибистиқлолӣ оғоз мегардад. Дар ин давра дар мамлакат як қатор рӯйдодҳои муҳим ба вуқуъ омаданд, ки на танҳо ба фаъолияти методӣ, балки ба тамоми самтҳои соҳаи китобдорӣ таъсири амиқ расониданд, онро замонавӣ гардониданд.

           Истиқлолияти давлатӣ ҳамчун оғози марҳилаи сифатан нави ташаккули миллати тоҷик муҳаққиқону мутахассисони соҳаи китобдориро водор намуд, ки арзишҳову суннатҳои мавҷудаи китобдориро бо зеҳни тоза дар заминаи унсурҳо ва анъанаҳои арзишманди миллӣ бо истифода аз афкори ғановатманди китобдории ҷаҳон, таҷрибаи пешқадами китобхонаҳои кишварҳои мутараққӣ ва меъёрҳои байналмилалӣ такмил диҳанд.

         Маврид ба зикр аст, ки ҳар як иқдом ё санаде, ки  дар заминаи олами афкору андешаҳои сабзу созандаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон арзи вуҷуд мекунад, боиси болоравии маънавиёти мардум, умуман қишрҳои гуногуни ҷомеа мегардад.

        Падидаҳои ташаккулёбии сиёсати китобдории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳанӯз рӯзҳои аввали соҳибистиқлолии кишвар ба назар мерасиданд. Дар ин самт нақши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ  Раҳмон хеле барҷаста аст. Дар радифи иқдомҳои наҷиб ба сӯи эҳёи фарҳанги китобдорию рушди китобхонаҳо мулоқотҳои таърихии Президенти Тоҷикистонро бо аҳли зиё метавон ба сифати Консепсия ва Барномаи рушди стратегии соҳаи китобдорӣ арзёбӣ намуд.

     Роҳбарияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо истифодаи оқилонаи фурсати мусоиди таърихӣ-истиқлолияти миллӣ дар як муддати ниҳоят кӯтоҳ баҳри рушди фаъолияти китобдорӣ тадбирҳое андешид, ки дар қиёс бо дигар марҳилаҳои ташаккули миллати тоҷик дар самти рушди соҳаи китобдорӣ ва сиёсати китобдории кишварҳои ҳамсоя беназиранд.

      Дар ин росто, муҳимтарин пайомадҳои истиқлолияти миллӣ дар соҳаи китобдорӣ қабули «Консепсияи инкишофи маданияти Тоҷикистон», «Консепсияи Китобхонаи миллии Тоҷикистон», «Консепсияи инкишофи Китобхонаи давлатии бачагонаи ҷумҳуриявии ба номи М. Миршакар», «Консепсияи хадамоти китобдории кӯдакону наврасон тавассути китобхонаҳои давлатӣ – оммавӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» пайдоиши консепсияҳои алтернативӣ (С. Сулаймонӣ), қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи табъу нашр», «Дар бораи фарҳанг», «Дар бораи ҳуқуқи муаллиф ва ҳуқуқҳои вобаста ба он», «Дар бораи иттилоот», «Дар бораи ҳифзи иттилоот», «Дар бораи фаъолияти китобдорӣ», қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи беҳтар намудани вазъи Китобхонаи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи А. Фирдавсӣ», «Консепсияи рушди фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон», қабули 3 барномаи давлатии  рушди соҳаи китобдорӣ — «Барномаи рушди фаъолияти китобдорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2006-2015», «Барномаи рушди Китобхонаи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи А. Фирдавсӣ барои солҳои 2006-2015», «Барномаи давлатии компютеркунонии китобхонаҳои давлатию оммавӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011-2013», эълон гардидани «Рӯзи китоб», бунёди бинои нави Китобхонаи миллии Тоҷикистон, қомат афрохтани бинои беш аз 30 китобхона дар манотиқи гуногуни кишварро номбар кардан бамаврид аст. Ташкили ассотсиатсияҳои касбии китобдорон, чопи рӯзномаву маҷаллаҳои соҳавӣ, аз ҷумла «Китобдор», «Роҳнамои дониш», «Хирад», «Дунёи китоб» аз он шаҳодат медиҳанд, ки ҷомеаи китобдории тоҷик ба шарофати фазои созгори замони истиқлол соҳиби имкониятҳои васеъ барои ибрози андеша ва эҷодиёти илмӣ гардиданд.

     Қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти китобдорӣ», ки маҳсули дастаҷамъонаи олимону мутахассисони соҳаҳои гуногун — назариётчиёну кормандони соҳаи китобдорӣ, фарҳангшиносон, ҳуқуқшиносону иқтисодшиносон, кормандони масъули мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ва қонунгузор мебошад, барои ташаккул, татбиқи амалию самарабахши сиёсати китобдорӣ дар мамлакат заминаҳои боз ҳам устувортари ҳуқуқӣ фароҳам овард, ки онҳо ҷавобгӯи талаботи меъёрҳои байналмилалии қонунгузорӣ мебошанд. Мавриди зикр аст, ки Қонуни мазкур аз ҷониби мақоми олии қонунгузори мамлакат дар ҳамкорӣ бо олимону мутахассисони соҳа чандин маротиба бо тағйиру иловаҳо мукаммал гардид.

     Фарқияти куллии санади мазкур аз асноди расмии соҳаи китобдории замони шуравӣ дар он аст, ки ин Қонун мутобиқ ба талаботи меъёрҳои байналмилалӣ соҳаи китобдориро аз доираи маҳдуди идеологӣ вораҳонида, онро ҳамчун соҳаи фаъолияти иттилоотӣ, иҷтимоию фарҳангӣ ва омӯзишӣ арзёбӣ намуд.

     Нуктаи мусалламу муҳим ин аст, ки дар сиёсати китобдории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳи равшану саҳеҳ бо ташаккули заминаи устувор, барномарезии мақсадноки давлатӣ, тасмимҳои возеҳи илмӣ баҳри рушду нумуи ояндаи соҳа тарҳрезӣ гардида, ҳадафи ниҳоии он ташаккули низоми комилан нави китобдориест, ки дар он ҳувияти миллӣ, худшиносию худогоҳӣ, ватандӯстию меҳанпарастӣ  ва арзишҳои волои демокративу умумибашарӣ устувор мебошад.

      Ҷоизи таъкид аст, ки масъалаҳои принсипҳои сиёсати давлатии китобдорӣ, ҳадафҳо, вазифаҳо, самтҳои афзалиятноку стратегии он дар ҳар як марҳилаи рушди ҷомеа бо назардошти дигаргуниҳои иҷтимоию иқтисодӣ, фарҳангӣ, тамоюлҳои сиёсати байналмилалии китобдорӣ, равандҳои ҷаҳони муосир, ривоҷу равнақи ҳамкориҳои байналмилалии соҳавӣ ҳар кадом ба таҳқиқу баррасӣ эҳтиёҷ доранд.

       Яке аз масъалаҳои муҳим ин тарбияи касбии методистон мебошад. Дар замони шуравӣ, аз ҷумла дар Тоҷикистон бо ихтисоси «китобдор- методист» мутахассис тайёр намекарданд. Донишу малакаҳои касбии методистро китобдорони оянда дар доираи нақшаҳои таълимии дигар ихтисосҳо соҳиб мегардиданд. Дар курси «Ташкил ва идоракунии фаъолияти китобдорӣ» мавзуъҳои махсус ба фаъолияти илмӣ-методӣ бахшида шуда буд. Дар давраи таҷрибаомӯзии истеҳсолӣ ва таълимӣ донишҷӯён бо фаъолияти марказҳои методии сатҳҳои гуногун шинос мегардиданд. Ин албатта барои фаъолияти пурсамари касбӣ дар марказҳои методӣ нокифоя буд. Бинобар ин, дар доираи барномаҳои курсҳои такмили ихтисос ва бозомӯзӣ китобдорон бо нозукиҳои касбии методист ошно мегардиданд. Вале дар низоми такмили ихтисос ва бозомӯзии китобдорон  низ масъалаи мазкур ба таври бояду шояд ҳамоҳанг гардонида нашуда буд.

       Хотирнишон месозам, ки як қисми китобдорон ба такмили ихтисос ниёз доранд. Муассисаи давлатии таълимии «Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода», «Китобхонаи миллии Тоҷикистон», «Китобхонаи давлатии бачагонаи ҷумҳуриявии ба номи Мирсаид Миршакар», ки барҳақ даргоҳи зинаи ҳатмии курси такмил ба шумор мераванд, дар якҷоягӣ бо китобхонаҳои вилоятӣ, шаҳрӣ ва ноҳиявӣ ба боло бурдани тахассуси касбӣ ва сайқали малакаҳои методии китобдорон машғул аст.

         Мушкилоти дигар ва  бағоят муҳим дар ин самт таҷҳизонидани марказҳои методӣ бо технологияи муосири иттилоотӣ ва телекоммуникатсионӣ, такмили ихтисос ва бозомӯзии тамоми кормандони марказҳои номбурда мебошад.

          Масъалаи дигаре, ки боиси нигаронии ҷиддӣ мебошад, ин таҳқиқи ҷанбаҳои назариявии фаъолияти методии китобхонаҳо ба ҳам пайвастани  кори илмӣ-таҳқиқотӣ ва методӣ ба шумор меравад.

     Албатта, дар доираи  як мақолаи илмӣ инъикос намудани тамоми мушкилоти фаъолияти методии китобхонаҳо  имконнопазир аст.

         Итминон дорем, ки  муҳаққиқони тоҷик дар самти таҳқиқи фаъолияти методӣ ва баррасии дурнамои рушди он саҳми арзанда хоҳанд гузошт.

 

 Зафари ШАРИФ,

декани факултаи китобдорӣ ва

 иттилоотшиносии  МДТ «ДДФСТ

ба номи Мирзо Турсунзода»