Бо ташаббуси кафедраи китобхонашиносӣ ва библиографишиносии Факултаи китобдорӣ ва иттилоотшиносӣ дар ҳамкорӣ бо Китобхонаи илмии Муассисаи давлатии таълимии «Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода» маҳфили илмии «Муҳаққиқони ҷавон» дар мавзӯи «Истиқлолият — марҳилаи сифатан нави рушди фаъолияти китобдорӣ» баргузор гардид. Дар он ректори донишкада, доктори илмҳои филологӣ Низомӣ Муҳриддин Зайниддин, ноиби ректор оид ба таълим, номзади илмҳои педагогӣ, и.в. профессор Фарҳод Мирахмедов, ноиби ректор оид ба корҳои эҷодӣ номзади илмҳои педагогӣ, дотсент Баҳрулло Нарзуллоев ширкат варзиданд.
[metaslider id=2914]
Маҳфилро декани факулта, номзади илмҳои педагогӣ, и.в. профессор Бозорбой Холов бо сухани ифтитоҳӣ ҳусни оғоз бахшид. Ба гуфтаи ӯ, маҳфили илмии «Муҳаққиқони ҷавон» маротибаи шашум аст, ки дар синфхонаи бо технологияи муосири иттилоотӣ ва телекоммуникатсионӣ муҷаҳҳаз баргузор мегардад. Ҳадафи асосии баргузории маҳфил ҷалби магистрантон, аспирантон, докторантон ва донишҷӯён ба пажӯҳиш ва пешбурди корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ мебошад.
Ректори донишкада Муҳриддин Низомӣ зикр намуд, ки тайёр кардани мутахассисони баландихтисоси соҳаи фарҳанг ва ҳунар дар маркази таваҷҷуҳи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад. Зикр гардид, ки роҳбарияти олии мамлакат барои рушди соҳаи китобдорӣ ва баланд бардоштани сатҳи маърифати аҳолии кишвар пайваста тадбирҳои муассир меандешад. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатии худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз 26 декабри соли 2019, ба масъалаи китобу китобдорӣ, мутолиаи китоб, бавижа китобҳои бадеӣ таваҷҷуҳи хос зоҳир намуда, таъкид карданд, ки «Китобхонаҳо бояд ба маркази муҳими илму фарҳанг табдил дода шаванд, зеро китоб маҳсули ақлу заковати мардуми соҳибтамаддун, омили асосии ҳифзи фарҳанги миллӣ ва яке аз муҳимтарин воситаҳои маърифатнок кардани аҳли ҷомеа буда, қобилияти сухандониву суханрониро сайқал медиҳад, доираи андешаву тафаккур ва ҷаҳонбинии инсонро васеъ ва ӯро ба роҳи дурусти зиндагӣ раҳнамоӣ мекунад».
Сипас, дотсенти кафедра Сафар Шосаидзода перомуни мавзӯи мавриди баррасӣ қароргирифта ибрози назар намуда, иброз дошт, ки ба шарофати Истиқлолияти давлатӣ самтҳои гуногуни фарҳанг, махсусан фарҳанги китобу китобдорӣ хеле пеш рафта, дар низоми арзишҳои маънавии ҷомеа мақоми шоиста ва устувор касб кард. Ғамхорӣ ва таваҷҷуҳи пайвастаи Ҳукумати Тоҷикистон нисбат ба китобу китобдорӣ, ки аз сиёсати мароифпарварона ва фарҳангдӯстонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сарчашма мегирад, омили асосии рушди фаъолияти китобдорӣ гардида, китобхонашиносӣ ва библиографишиносии ватанӣ ҳамчун соҳаҳои мустақили дониш ташаккул ёфта, дар байни афкори китобдории ҷаҳон мақом ва мавқеи устувор пайдо намуданд.
Дар фазои озоди истиқлол барои инкишофи соҳаи китобдории миллӣ заминаҳои зарурии меъёрии ҳуқуқӣ ва моддӣ-техникӣ фароҳам омада, дар ин замина олимону мутахассисони соҳа асосҳои методологӣ ва назариявии онро таҳқиқ намуда, барои ҳамчун соҳаҳои мустақили дониш арзи вуҷуд намудани бахшҳои алоҳидаи он пажӯҳишҳои арзандаро анҷом доданд. Мафҳуми «Истиқлолият-марҳилаи сифатан нави рушди фаъолияти китобдорӣ» аз мавзӯъҳое ба шумор меравад, ки дар адабиёти илмии соҳаи китобдорӣ ба қадри кофи омӯхта шудааст.
Иштирокдорони маҳфил бар ин назар буданд, ки дар даврони соҳибистиқлолӣ дар соҳаи китобдорӣ дигаргуниҳои куллӣ ба амал омаданд. Дар ин давра як қатор санадҳои муҳим, аз ҷумла «Консепсияи маданияти Тоҷикистон» (13.03. 1992), «Консепсияи Китобхонаи миллии Тоҷикистон» (1992, Р. Шарофзода), қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таъбу нашр» (27.12.1993), «Дар бораи фарҳанг» (13.12. 1993), «Дар бораи ҳуқуқи муаллиф ва ҳуқуқҳои вобаста ба он» (13.11.1998), «Дар бораи фаъолияти китобдорӣ» (1.08.2003), қарори ҲукуматиҶумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи беҳтар намудани вазъи Китобхонаи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи А. Фирдавсӣ» (14.08. 2003, №316), «Консепсияи рушди фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон» (30.12.2005), «Барономаи рушди фаъолияти китобдорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2006-2015», «Барномаи рушди Китобхонаи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи А. Фирдавсӣ барои солҳои 2006-2015», «Барномаи давлатии рушди компютеркунонии китобхонаҳои давлатию оммавӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011-2013», «Барномаи рушди Китобхонаи миллии Тоҷикистон барои солҳои 2015-2020» қабул гардиданд. Эълон гардидани «Рӯзи китоб» (2007), ба истифода додани бинои нави Китобхонаи миллии Тоҷикистон, азнавсозии бинои беш аз 30 китобхона дар манотиқи гуногуни кишвар ба рушди соҳа такони ҷиддӣ бахшиданд.
Зафари ШАРИФ,
мудири кафедраи
китобхонашиносӣ ва
библиографишиносӣ