Дар Театри таълимии Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода, 1-уми июл, бахшида ба оғози имтиҳонҳои маҳорат аз рӯи ихтисос, ки хусусияти эҷодӣ доранд, бо ширкати довталабон ҷамъомад доир гардид. Мақсад аз баргузор намудани чунин як ҷамъомади тантанавӣ амалан муаррифӣ намудани ихтисосҳои эҷодӣ мебошад. То оғози чорабинӣ тавассути экран ҳунарнамоии донишҷӯён аз рафти чорабиниҳои озмунӣ пешкаши довталабон гардонда шуд.
Ровии барнома — донишҷӯи курси 2-юми шуъбаи рӯзноманигорӣ Нигина Азиззода чорабиниро бо байти «Беҳ аз ганҷи дониш ба гетӣ куҷост? Киро ганҷи дониш бувад подшост» ифтитоҳ бахшида, довталабонро ба даргоҳи илму ҳунар хайрамақдам гуфт.
Сипас, ректори донишкада, профессор Усмонзода Хайридин Усмон довталабонро бо чунин як рӯзи хотирмон табрик гуфта, барои супоридани имтиҳонҳои эҷодӣ барору комёбӣ таманно намуд. Зикр кард, ки дар донишкада аз рӯйи 21 ихтисос мутахассис тайёр карда мешавад. Аз ин се ихтисос- драматургия, низоми иттилоотиӣ дар фарҳанг ва муносибатҳои байналмилалии фарҳангӣ соли ҷорӣ кушода шуда, аз рӯи онҳо довталабон қабул карда мешаванд. Барои беш аз даҳ ихтисосе, ки дар донишкада таълим дода мешавад, имтиҳонҳои эҷодӣ пешбинӣ гардидаанд.
Хайридин Усмонзода бобати ҳамкориҳои Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода бо муассисаҳои таҳсилоти олии кишварҳои хориҷӣ ҳарф зада, тазаккур дод, ки донишкада бо 26 донишгоҳу донишкадаҳои фарҳангу санъати кишварҳои хориҷи дуру наздик созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расондааст. Таъкид дошт, ки ҳар як довталаб, вақте донишҷӯ мегардад, аз шароити таълимии фароҳамовардаи донишкада ва муҳити созгори он дуруст ва бо манфиати худ истифода барад, то дар оянда мутахассиси хуби соҳа гардад.
Дар поёни сухани табрикотии ректори донишкада, профессор Хайридин Усмонзода ба довталабоне, ки аз курси тайёриро хатм кардаанд, шаҳодатнома супорида шуд.
Барномаи ҳунарӣ, ки аз тарафи устодон Ҳаётой Муъминова, Раҳматулло Ҳошимов, Хурсандмурод Зарипов, Фурқат Саидов, Хушбахт Ниёзов, Варқа Ошурмамадов, Сафарбегим Боронбекова, донишҷӯён ва довталабон Парвона Розиқова, Фирдавс Маҳмудов, Нисобону Одинаева, Аҳлиддин Салимов ба иҷро расид, хотимабахши нишасти имрӯза гардид.
Ёдрас мешавем, ки тибқи нақшаи баргузории имтиҳонҳои эҷодӣ дар равияҳои донишкада, супоридани имтиҳонҳо аз 1-уми июл оғоз гардида, то нимаи аввали ҳамин моҳ идома меёбад. Рӯзи нахуст омӯзгорони таҷрибадор ба довталабон маслиҳатҳои судманд доданд.
Бобоҷон РАҲИМОВ,
мудири бахши мониторинги
сифати таҳсилоти ДДФСТ
ба номи Мирзо Турсунзода