Санаи 12-уми майи соли ҷорӣ аз ҷониби Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе озмуни фарҳангӣ – маърифатӣ таҳти унвони “Оила-макони муҳаббат аст” бахшида ба “Рӯзи байналмилалии оила” миёни донишҷӯдухтарони муассисаҳои олӣ ва миёнаи касбии ҳудуди ноҳияи Сино бо мақсади устуворӣ ва пойдории оилаҳои ҷавон, руй овардан ба урфу одатҳои хоси тоҷикона баргузор гардид.
Донишҷӯдухтарони донишкада: Содатқадамова Соҳибсултон, Шераева Мадина, Абдуллоева Аниса, Саодати Саидвалӣ дар озмуни мазкур донишкадаро муаррифӣ намуда, соҳиби сипоснома гардиданд.
Бахши тарбия