Муассисаи нашриявии «Адиб» бо мақсади иҷрои саривақтии дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон санаи 18-сентябр дар саҳни бинои Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон рӯнамоии китобҳои тозанашри «Адиб» баргузор гардид.
Китобҳо аз ҳисоби Фонди захиравии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рӯйи чоп омаданд. Нашриёт ба ҷои 3 ҷилди дар нақша пешбинишуда, чаҳор ҷилд – ҷилдҳои 39, 40, 41 ва 42 «Наводир-ул вақоеъ»-и Аҳмади Дониш, «Мунтахабот»-и Садриддин Айнӣ, «Мунтахаби осор»-и Абулқосим Лоҳутӣ ва инчунин осори Муҳаммад Иқбол бо номи «Чароғи лола» Халилуллоҳи Халилӣ «Ошёни хор» ва Нодири Нодирпур «Шеъри ангур»-ро бо теъдоди ҳар яке 5000 нусхагӣ аз чоп баровард.
Инчунин китоби нависанда ва рӯзноманигор Неъматулло Худойбахш бо номи «Гушвори тилло», Абдулҳамид Самад «Шаҳсутун», Лоиқ Шералӣ «Дасти дуои модар», «Ҷаҳони маънавии Чингиз Айматов», «Кӯҳсоро, Кӯҳзодо»-и Абдуғаффор Абдуҷаббор, Озарахш «Парвона зинда аст», Фазона «Арғуни офтоб», Муҳтарам Ҳотам «Дафтари рубоӣ», Камол Насрулло «Шеър чист, шоир кист?», Рустами Ваҳҳоб «Ҳазор байт», Муҳаммад Ғоиб «Оҳи ашк», «Ҷон дар кафи даст»-и коллективи нашриёт ва «Сад соли танҳоӣ»-и Габриел Гарсио Маркес дар тарҷумаи Абдуғаффор Абдуҷабборов низ аз чоп баромад.
Бори аввал аст, ки бо иқдом ва ташаббуси нашриёт маҷмӯаи шеърҳои панҷ нафар шоирони ҷавон, Баҳром Раҳматзод бо номи «Ман аз табори дарахтам», Бузургмеҳри Баҳодур «Соғари садо», Муҳриддин Сабурӣ «Накҳати овешан», Толиби Луқмон «Сарводаҳо аз ҷодаҳо» ва Бузургмеҳри Тоҷиддин «Дили оинабанд» аз ҳисоби маблағи фонди захиравии Президент аз чоп баромад ва имрӯз дар баробари силсилакитобҳои «Ахтарони адаб» рӯнамоии онҳо низ ба маърази ҳаводорони каломи бадеъ пешниҳод гардид.
Ҳамзамон нашриёт 15 номгӯи асарҳои шоирону нависандагони шинохта, ҷавонони боистеъдод ва 12 номгӯи китобҳоро аз ҳисоби даромади дохилии муассиса дар умда бо теъдоди зиёда аз 40,000 нусха интишор дода, манзури хонандагон гардонид.
Боиси хурсандист, ки дар ин рӯз рӯнамоии нахустшумораи маҷаллаи бадеӣ — публитсистии нашриёт бо номи «Адиб» низ ба хонандагон пешниҳод карда шуд.
Дар ин замина барои таъмини иштироки васеи алоқамандони китоб дар ин чорабинӣ роҳбарияти нашриёт аз ҳама воситаҳои иттилоотрасонӣ, аз ҷумла пахши эълонҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ, видиороликҳо дар шабакаҳои телевизионӣ ва ирсоли мактубҳои ҳамкорӣ ба вазорату идораҳо ва корхонаву муассисаҳои шаҳрӣ ва ҷумҳуриявӣ истифода кардааст.
Дар намоиш — фурӯши китоби нашриёти «Адиб», ки ахиран дар Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон баргузор гардид, алоқамандони китоб аз вазорату кумитаҳо, корхонаву ташкилот, муассисаҳои таълимию фарҳангӣ, аз ҷумла ҳайати профессорону омӯзгорон, магистрантон, аспирантон, докторантон ва донишҷӯёни Муассисаи давлатии таълимии «Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода», инчунин қишрҳои гуногуни ҷомеа фаъолона иштирок варзиданд.
Наботов ШАРИФ,
муовини декани
факултаи китобдорӣ
ва иттилоотшиносӣ