Муассисаи нашриявии «Адиб» бо мақсади иҷрои саривақтии дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  ҳар ҳафта рӯзи шанбе аз соатӣ 0800 то 1300 дар шаҳри Душанбе намоиш — фурӯши китобҳои нашриётиро баргузор менамояд. Воқеан, таъкиди Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатиашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хусуси ташвиқу тарғиби китобхонӣ дар ҷомеа, таъсис додани китобхонаҳои нав дар ҳама сохторҳои давлатӣ ва ғанӣ гардонидани фонди китобхонаҳои мавҷуда хеле муҳим ва саривақтӣ аст.  Дар ин замина барои таъмини иштироки васеи алоқамандони китоб дар ин чорабинӣ роҳбарияти нашриёт аз  ҳама воситаҳои иттилоотрасонӣ, аз ҷумла  пахши эълонҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ, видиороликҳо дар шабакаҳои телевизионӣ ва ирсоли мактубҳои ҳамкорӣ ба вазорату идораҳо ва корхонаву муассисаҳои шаҳрӣ ва ҷумҳуриявӣ истифода кардааст.

   Дар панҷумин намоиш-фурӯши китоби нашриёти «Адиб», ки ахиран дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ баргузор гардид, алоқамандони китоб аз вазорату кумитаҳо, корхонаву ташкилот, муассисаҳои таълимию фарҳангӣ, аз ҷумла ҳайати профессорону омӯзгорон, магистрантон, аспирантон, докторантон ва донишҷӯёни Муассисаи давлатии таълимии «Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода», инчунин қишрҳои гуногуни ҷомеа фаъолона иштирок намуданд.

   Дар ин тадбири фарҳангӣ ҳудуди 200 номгӯи асарҳои бадеӣ аз адабиёти  классикии форсу тоҷик,  адибони муосири тоҷик ва адабиёти ҷаҳон бо забонҳои тоҷикӣ,  русӣ,  инглисӣ,  ӯзбекӣ ва ҳуруфоти ниёгон бо теъдоди 6000 нусха ба фурӯш гузошта шуда буд.

  Талаботи  алоқамандон  ба ҳама гуна китобҳои бадеӣ, аз классикони адабиёт сар карда, то ба осори адибони муосир рӯз то рӯз афзун мегардад.  Хусусан, силсиланашри «Ахтарони адаб», ки бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  аз соли 2007  инҷониб  пайваста нашр мешавад, талабгорони  зиёд дорад.  Аз 50 ҷилди ба нақша гирифташуда то кунун 38 ҷилди он аз осори Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ  то охирин намояндаи адабиёти классикии тоҷику  форс  Ҳоҷӣ Муҳаммад Ҳусайни Кангуртӣ ба табъ расидааст, ки нашри ин китобҳо вобаста ба ҳаҷми хароҷоташон аз 15 то 33 сомониро ташкил медиҳанд.

   Бар пояи иттилои масъулони намоиш-фурӯши китобҳо, солҳои  охир талаботи хонандагон ба китоби сеҷилдаи «Маснавии маънавӣ»-и Мавлоно Ҷалолиддин Муҳаммади Балхӣ, девонҳои ашъор ва мунтахаботи  Саъдии Шерозӣ, Ҳофизи Шерозӣ,  Сайидои Насафӣ, Соиби Табрезӣ,  Бедили  Деҳлавӣ,  Ҳилолии Чағатоӣ ва дигарон чанд баробар афзоиш ёфт. Баъзе аз ин китобҳо ниёз ба нашри такрорӣ доранд, ки нашриёт имсол амалӣ хоҳад кард.

   Бояд таъкид кард,  ки  ҳамкории Муассисаи нашриявии «Адиб» бо вазорату идораҳо ва  корхонаву муассисаҳои шаҳрӣ ва ҷумҳурявӣ дар заминаи ташвиқу тарғиби китоб дар ҷомеа ба ҳукми анъана даромада, бо мақсади таблиғу ташвиқи ормонҳои  миллию ватандӯстӣ, ҳифзи ҳувияти миллӣ ва тарбияи  насли наврас дар ин рӯҳия, муаррифии адабиёти даврони истиқлол, рушди маънавӣ ва ваҳдату якдилии ҳамватанон амалӣ мегарданд.

   Боиси ифтихору  сарфарозист,  ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба соҳаи китобу китобдорӣ таваҷҷуҳи ҳамешагӣ зоҳир намуда,  мардумро ба китобхонӣ ва дӯст доштани китоб ҳидоят менамоянд. Мардуми шарифи Тоҷикистони соҳибистиқлол Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро, аз 6 феврали соли 2020 таҳти № АП-1347, дар бораи нашри китоби академик  Бобоҷон Ғафуров — «Тоҷикон» ва ба ҳар оила туҳфа намудани онро бо хушнудӣ истиқбол гирифтанд. Ин иқдоми Пешвои муаззами миллат имкон медиҳад, ки ҳар як сокини кишвар аз таърихи пурифтихори миллати тоҷик ба хубӣ воқиф гардида, дар рушду пешрафти кишвар саҳми фаъол гузоранд. Дар Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон омадааст: «Бо мақсади омӯзиши амиқи таърихи пурифтихори халқи тоҷик, баланд бардоштани ҳисси худогоҳӣ ва худшиносии миллӣ, то ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон китоби «Тоҷикон»-и Бобоҷон Ғафуров марҳила ба марҳила нашр гардида, аз номи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқи  маълумоти оморӣ ба ҳар як оила туҳфа карда шавад».

Зафари  ШАРИФ,

мудири кафедраи

 китобхонашиносӣ ва

 библиографишиносии

 МДТ «ДДФСТ ба номи Мирзо Турсунзода»