Рӯзҳои 3-13-уми декабри соли равон дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон даври ҷамъбастии озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» баргузор гардид, ки дар он 510 нафар довталаб аз ВМКБ, вилоятҳои Суғду Хатлон, ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва шаҳри Душанбе иштирок карданд. Озмун аз рӯйи 5 номинатсия – адабиёти кӯдакону наврасон ва осори шифоҳӣ, адабиёти классикӣ, адабиёти муосир, адабиёти ҷаҳон ва эҷоди назму наср сурат гирифт.
Боиси ифтихор аст, ки аз донишкадаи мо 4 нафар аз рӯи номинатсияҳои гуногун иштирок намуда, номзади илмҳои филологӣ, мудири кафедраи филология Изатзода Зулайхо аз рӯи номинатсияи «Хондан ва аз ёд кардани осори адибони ҷаҳон» сазовори ҷойи 2-юм ва котиби Шӯрои олимони донишкада Қудратов Сино аз рӯи номинатсияи «Эҷоди назму наср» сазовори ҷойи ифтихорӣ гардида, бо сертификат ва диплому мукофотпулӣ сарфароз гардонида шуданд.
Воқеан, озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» ҷанбаи умумимиллӣ дошта, дар он новобаста аз касбу ҳунар, сатҳи донишу ҷаҳонбинии илмию оммавӣ аксари аҳолии кишвар ширкат варзида, инқилоби зеҳниро ба бор меорад.
Умедворем устодону донишҷӯёни донишкада дар оянда ҳам дар чунин озмунҳо иштирок намуда, ғолибиятро ба даст оварда, мартабаи муассисаи моро дар байни муассисаҳои таҳсилоти олии кишвар боз ҳам баланд мебардоранд
Синои АБУАЛӢ