Имрӯзҳо бо фароҳам омадани шароиту имкониятҳои мусоид барои фаъолияти пурсамар ва ҳамаҷонибаи зан — модар, пешравӣ ва рушди устувор дар ҳама самтҳои муҳимми ҷамъиятиву давлатӣ ба хубӣ эҳсос мегардад, ки ин аз таваҷҷуҳи бевоситаи Ҳукумати ҷумҳурӣ ва роҳбарияти олии кишвар ба яке аз қувваҳои бузурги пешбарандаи ҷаъмият дарак медиҳад. Аз ҷумла, дар баробари ҷавонписарон ба гурӯҳи «Авангард» — и ВКД Ҷумҳурии Тољикистон ҷалб намудани ҷавондухтарони фаъол ва болаёқат низ ҷиҳати таъмини ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ хеле назаррас ва бомақсад буда, барои боз ҳам фароҳам овардани имкониятҳои бештар барои баланд бардоштани мавқеи зан дар ҷомеа боис мегардад.

   Вобаста ба ин, 6 марти соли равон дар толори Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки роҳбарияти вазорат, кормандони милитсия, бонувони собиқадори мақомоти корҳои дохилӣ ва ҷавондухтарони фаъоли гурӯҳи «Авангард» бахшида ба Рӯзи Модар ҷаласаи тантанавӣ баргузор гардид.

   Зимни ҷаласа бо Фармоиши вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро як зумра кормандони милитсия ва ҷавондухтарони гурӯҳи «Авангард» барои фаъолияти хубу натиҷаҳои назаррас ва бахшида ба Рӯзи Модар бо медалу нишонҳои сарисинагӣ, Ифтихорномаю Раҳматнома мушарраф гардиданд. Аз ҷумла, дар ҷаласаи мазкур миёни дигар ҷавондухтарони фаъоли гурӯҳи «Авангард» донишҷӯи курси 3-юми шуъбаи Фарҳангшиносии факултаи Фарҳангшиносии МДТ «ДДФСТ ба номи Мирзо Турсунзода» Хуршеда Муродова барои фаъолияти намунавӣ ва иштирок дар паради ҳарбӣ, ки 21 феврал ба пешвози Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон барпо гардида буд, ҳамчунин ба ифтихори Рӯзи Модар аз тарафи вазири корҳои дохилӣ Раҳимзода Рамазон Ҳамро бо Раҳматнома қадрдонӣ карда шуд.

   Ёдовар мешавем, ки Хуршеда Муродова аз моҳи сентябри соли гузашта аъзои гурӯҳи «Авангард» гардида, дар тамоми чорабиниҳои мақсадноки гурӯҳ баҳри таъмини тартиботи ҷаъмиятӣ хизмати софдилонаю содиқона менамояд. Дар баробари ин, маҳз барои фаъолияти пурсамар ва хизматҳои шоён 20 декабри соли гузашта ба ифтихори 5 солагии гурӯҳи «Авангард» бо Раҳматнома мукофотонида шуда буд.

Муҳаммадҷони ФАЙЗИМАД,

донишҷӯи курси 3-юми шуъбаи

Рӯзноманигори телевизион

Чоп кунед