Дар ҳама давру замон манзалату шуҳрату шони ин ё он миллатро аз бузургии фарҳангу санъат ва адабиёту тамаддунаш муайян мекунанд, ки ин муқаддасотро нобиғагони беҳамто – фарзандони фарзонааш шоирон, нависандагон, олимон, ва ҳунармандон меофаранд. Хушбахтона халқи бузурги мо дар тамоми соҳаҳои баландбардорандаи шукӯҳу шаҳомати миллат фарзандони фарзонаи худро дорад, ки барои баланд бардоштани ному нанги миллати шарафмандамон камари ҳиммат бастаанд. Яке аз ҳазорон фарзанди фарзонаи миллати тамаддунофари мо Ҳошим Гадо мебошад, ки ба синни мубораки ҳаштоду панҷ расида, дар баробари ҳунарманди нотакрор будан панҷоҳ сол инҷониб фаъолияти пурсамари эҷодию омӯзгорӣ дорад.

   Бинобар ин имрӯз дар МДТ “Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода” чорабинии фарҳангӣ бахшида ба 50-солагии фаъолияти эҷодӣ-омӯзгории Ҳунарпешаи халқии Иттиҳоди Шӯравӣ,  Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абуабдулло Рӯдакӣ ва Ҷоизаи давлатии ИҶШС, Арбоби ҳунари Тоҷикистон, дорандаи ордени Ситораи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори фахрии Донишгоҳи славянии Россия — Тоҷикистон, профессор Ҳошим Гадо баргузор гардид. Чорабинии фарҳангиро ректори донишкада, доктори илмҳои филологӣ, профессор Муҳриддин Низомӣ ҳусни оғоз бахшида, доир ба ҳаёт ва фаъолияти  ин марди ҳунар суханронӣ намуда, аз ҷумла зикр кард , ки аз ҷониби устод Ҳошим Гадо  дар сатҳи баланди касбӣ офаридани нақши мураккаби Хлестаков дар намоиши «Муфаттиш» — и Гогол,  нақшҳои асосӣ дар «Ҳамлет» — и Шекспир, «Эдип» — и Софокл,  нақши Сино дар «Ҷавонии Сино», Фердинанд дар «Макр ва муҳаббат» — и Шиллер, Наср дар «Рӯдакӣ» — и Сотим Улуғзода, Афросиёб дар «Бежан ва Манижа» — и Фирдавсӣ, Иброҳимбек дар асари «Тӯфон» — и Ғанӣ Абдулло, Шоҳзода Мирзо Абдулатиф дар «Ситораи Улуғбек»  ва  дигар нақшҳои хотирмон   собит намуданд, ки  ҳунарманди нотакрор ва яке аз бозёфтҳои беназири  театри тоҷик мебошад. Мавсуф ҳамчунон, тазаккур дод, ки устод Ҳошим Гадо соли 1999 ба ифтихори 1100 — солагии Давлати Сомониён, ки ба ҷашни бузурги умумимиллӣ табдил ёфт, дар варзишгоҳи ҷумҳуриявӣ дар ҳузури Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ҳазорҳо тамошобин нақши Шоҳ Исмоили Сомониро моҳирона иҷро намуд ва соли 2008 ба шарафи 1150 — солагии асосгузори адабиёти классикии тоҷику форс устод Абуабдуллоҳ Рӯдакӣ  спектакли Сотим Улуғзода «Рӯдакӣ» — ро ба саҳна гузошта, бори дигар бо ҳунармандии худ дили мардуми фарҳангдӯсти мо хосса аҳли фарҳангу ҳунарро тасхир намуд.

  Воқеан,  нақшҳои офаридаи устод  ва нахустнамоиши спектакли «Эдип» дар театри навтаъсиси «Дӯстии халқҳо» — и шаҳри Маскав он касро машҳури ҷаҳон гардонданд. Мо аз он ифтихор мекунем, ки ин ҳунарманди асил  санъату ҳунари мардуми тоҷикро дар арсаи ҷаҳон ба таври барҷаста ва шоиста муаррифӣ намуда, ба ҷомеаи ҷаҳонӣ собит намуданд, ки Тоҷикистон низ ҳунару ҳунармандони шоистаи таҳсину офарин дорад. Дар ин росто, мунаққид ва нависандаи машҳури рус Александр Маркин пас аз тамошои спектакли «Эдип» гуфтааст: «На дар Россия, на дар Аврупо нақши Эдипро, тавре ки Ҳошим Гадоев бозид, касе набозидааст. Дар офаридани нақшҳои классикӣ дар дунё танҳо англисҳо метавонанд ба Ҳошим Гадоев ҳампоя бошанд».   Устод Ҳошим Гадо чандин сол аст, ки ба кори омӯзгорӣ низ машғул буда, соли 1996 дотсент ва баъдтар ҳамчун профессори Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода кору фаъолият намуда истодаанд. Устод соли гузашта дар арафаи Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар Театри таълимии донишкада намоишномаи “Наврӯзномаи Ҳошим Гадо”- ро бо маҳорати баланди коргардонӣ ва касбӣ ба саҳна гузоштанд, ки дар он суннатҳои наврӯзӣ, ҳақиқати таърихӣ ва маданияту фарҳанги мо пурра таҷассум ёфтаанд. Аз истиқболи гарми тамошобинон маълум буд, ки ҳунарманди маъруфи театр ва синамои тоҷик устод Ҳошим Гадо  ҳанӯз ҳам қобилияти фавқулодаи коргардонӣ дошта, маҳбубу машҳур мебошанд.

   Устод Ҳошим Гадо  бо киностудияҳои кишварҳои хориҷӣ низ ҳамкории фаъол доштанд. Аз ҷумла, «Мосфилм»,  «Беларусфилм», «Озарбойҷонфилм», студияи синамои Марокаш он касро барои нақшофарӣ дар филмҳояшон даъват кардаанд. Мегӯянд, ки пас аз ҳунарнамоии воло дар филми озарии «Шуълаи хомӯшшудаи гулханҳо» тамошобинони сипосгузор дар қарибии шаҳри Боку ба чашмае  номи Ҳошим Гадоро мондаанд.

   Ҳошим Гадо  устоди садҳо ҳунарманди маъруфи  саҳнаи театр ва  кинои тоҷик буда, беш аз 100 нақш офарида, зиёда аз 40 намоиши хурду калонро ба саҳна гузоштаанд. Устод дар баробари ҳунармандӣ, инчунин ба нависандагӣ мароқи беандоза дошта, муаллифи зиёда аз 400 ҷилд китобу мақолаҳои баландмазмун  ва  эссеҳои фалсафӣ мебошанд.

   

Ҳунарманди асилу соҳибмактаб, санъаткори рангинхаёлу навовар, паҳлавони беназири майдони театри тоҷик Ҳошим Гадо тамоми ҳастиашонро ба рушду такомули театру синамои миллӣ, баланд бардоштани обрӯю нуфузи он бедареғ ва ҷонфидоёна бахшидаанд. Ин родмарди қавииродаву оҳанинрӯҳ, коргардони соҳибистеъдоду камназир тавонистаанд, ки аз худ осори гаронмоя ба ёдгор гузоранд. Мо мутмаинем, ки ҳар боре сухан аз абармардони фарҳангу ҳунари тоҷик равад, кору пайкори Ҳошим Гадо чун навор аз лавҳаи хотири имрӯзиён ва фардоиён мегузарад ва номашонро ба некӣ, бо эҳтирому ифтихор ёд мекунанд.

   Пас аз суханронии ректори донишкада филми мустанади кӯтоҳмуддате намоиш дода шуд, ки ҳаёт ва фаъолияти прсамари эҷодии Ҳошим Гадоро инъикос намуд. Дар доираи чорабинӣ барномаи ҷолиби фарҳангии омоданамудаи устодону донишҷӯёни донишкада пешкаш гардид, ки онро ҳозирин бо кафкӯбиҳои бардавом хуш истиқбол гирифтанд.

Синои АБӮАЛӢ