Бо мақсади тайёр намудани мутахассисони соҳаи санъати театрӣ ва дар ин замина баланд бардоштани касбияти ҳунармандони ин соҳа ҷалби устодони собиқадору пуртаҷриба ва масъул нақши калидӣ дошта, усули донишомӯзии онҳо замина мегузорад, то донишҷӯён дар муддати таҳсил маҳорату малакаи касбиро азхуд карда, дар соҳаи интихобнамудаашон муваффақ гарданд.
Раёсати Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода дар соли таҳсили 2019-2020 Артисти халқии СССР, доктори фахрии Россия ва Тоҷикистон, дорандаи ордени Ситораи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии СССР, барандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абуабдулло Рӯдакӣ, профессор Ҳошим Гадоро, ки ба ҳайси мушовир дар факултаи санъати театрӣ фаъолият менамояд, ҳамзамон ӯро ба ҳайи роҳбари бадеии донишҷӯёни курси 1-уми шуъбаи санъати актёрӣ пазируфт.
Устод Ҳошим Гадо муддати чор моҳ ба донишҷӯёни курси 1-уми шуъбаи санъати актёрӣ дарси маҳорат омӯхт, ки имрӯз супурдани имтиҳони ихтисосии онҳо дар ҳузури Раёсати донишкада, намояндаи бахши илм ва муассисаҳои таълимии Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, Давлатзода Лутфулло — директори Муассисаи давлатии Театри академӣ- драмавии ба номи А. Лоҳутӣ, кормандони ВАО, устодон ва донишҷӯён сурат гирифт.
Имтиҳони донишҷӯён дар шакли барномаи ҳунарӣ омода гардида, аз ду қисмат — Мӯрчаҳо, Суғурҳо, Сагҳо ва Подиум иборат буд. Этюдҳои қисми аввал гурӯҳӣ дар синфхонаи маҳорати актёрӣ бо истифода аз ороиши хос ба мавзӯъ доир гардид, ки дар он шартҳои асосӣ: мушоҳида кардан- шунидан, дидан, бовар кардан ва омӯхтани характери ҳайвонҳо баръало ба чашм мерасид.
Қабл аз оғози қисми дувуми имтиҳон барномаи ҳунарӣ дар Театри таълимии донишкада, дар даромадгоҳи он гӯшаи намоиши китоб таҳти унвони «Осори илмӣ-таълимии Ҳошим Гадо» ташкил ва ба маърази тамошо гузошта шуд.
Имтиҳонӣ эҷодӣ бо иштироки доираи васеи донишҷӯён ва устодони факултаҳои донишкада пешкаш гардид. Маврид ба зикр аст, ки профессор Ҳошим Гадо аз таҷрибаи корӣ дар саҳнаи театр ва синамои тоҷик истифода карда, ба донишҷӯён этикаи саҳнабароӣ, мавзуният, ҳаракат, нутқ ва маҳорати актёриро дар зинаи баланди талаботи фанни маҳорат омӯзондааст. Дар ин барнома роҳбари бадеии курс Ҳошим Гадо то андозае тавонист бо факултаҳои санъати мусиқии мардумӣ ва мусиқӣ-омӯзгорӣ ҳамкорӣ карда, бо ин роҳ бархӯрдор будани донишҷӯёнро аз санъатҳои мусиқӣ таъкид дошт. Намоиши сарулибоси миллӣ, рақс ҳамчун ифодакунандаи мавзуният ва хондани шеър дар васфи забони тоҷикӣ, ки қобилияти нутқи онҳоро муайян менамуд, дар ин қисмати барнома ҷой дода шуда буд. Барномаи ҳунарӣ- имтиҳони маҳортаи актёрии донишҷӯёни курси 1-ум бо зинда хондани Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом ёфт.
Дар анҷоми имтиҳон бо таклифи шогирдон роҳбари бадеии курс, профессор Ҳошим Гадо ба саҳна баромада, ректори донишкада, профессор Усмонзода Хайридин Усмонро ба саҳна даъват намуд.
Хайридин Усмонзода аз суханронии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вохӯрӣ бо зиёиёни кишвар дар бораи тайёр намудани ҳунармандон барои Театри миллӣ, ки онро ба зиммаи ДДФСТ ба номи Мирзо Турсунзода гузоштаанд, ёдовар шуда, иҷрои ин супоришро дар тарбияи шогирдони боистеъдоди устод Ҳошим Гадо нисбат дод. Ҳамчунин, ба Давлатзода Лутфулло, директори Муассисаи давлатии Театри академӣ- драмавии ба номи А. Лоҳутӣ барои дастгириаш дар ороиши саҳна, сарулибоси театрии донишҷӯён изҳори минатдорӣ намуд.
Бобоҷон РАҲИМОВ,
мудири бахши сифати таҳсилоти ДДФСТ ба номи Мирзо Турсунзода