Имрӯз дар Муассисаи давлатии таълимии “Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода” бо ширкати Ректори донишкада, доктори илмҳои филологӣ, профессор Муҳриддин Низомӣ ва ҳайати профессорону устодон вохӯрии судманд бо хатмкунандагони донишкада ба хотири шарҳу тавзеҳ додани нуктаҳои муҳимми Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи уҳдадории ҳарбӣ” баргузор гардид, ки дар он нақши ҷавонон дар таҳкими сулҳу субот, ҳифзи марзу буми кишвар ва зарурати сарбаландона дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон адои хизмат намудан мавриди баррасӣ қарор гирифт.

    Вохӯриро ректори донишкада ҳусни оғоз бахшида, иброз дошт, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯзҳои нахустини соҳибистиқлолӣ сиёсати давлатии ҷавононро дар меҳвари фаъолияти худ қарор додааст ва дар ин самт даҳҳо санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ қабул гардиданд. Дар ин робита, маҳз бо заҳмату талошҳои пайваста ва иқдомҳои созандаву бунёдкоронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри баланд бардоштани нақши ҷавонон дар ҷомеа, муҳайё сохтани шароити мусоид барои касбу илмомӯзӣ, таълиму тарбияи онҳо, тарбияи ватандӯстӣ, ватанпарастию инсондӯстӣ, таъмини иштироки фаъолонаи ҷавонон дар ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии кишвар, таҳким бахшидани асосҳои ҳувияти миллӣ ва дар ниҳоди ҳар як намояндаи насли имрӯза ба вуҷуд овардани пояҳои хештаншиносӣ ва дӯст доштани кишвари азизи хеш давра ба давра корҳои назаррасе ба анҷом расонида шуданд.

     Зикр гардид, ки дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон адои хизмат намудан шарафи бузург буда, ба сиёсати давлатии ҷавонон таваҷҷуҳи хос зоҳир намудани роҳбарияти олии мамлакат ҳар як фарди бонангу номуси кишварро водор месозад, ки дар роҳи эъмори давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягонаи Тоҷикистон, рушди фарҳанги миллӣ, ҳифзи дастовардҳои Истиқлоли давлатӣ, арзишу муқад­да­соти миллӣ, пойдории сулҳу субот тамоми имкониятҳои ақлию зеҳнии худро равона намуда, дар таҳкими ватандории миллӣ саҳми босазо гузорад.

     Ҳадафи аслии ин вохӯрӣ ҳаматарафа фаҳмонидани паҳлуҳои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи уҳдадории ҳарбӣ” ва омӯзишу дар амал татбиқ намудани он буда, дар тарбияи ҳарбӣ-ватандӯстӣ ва тақвияти ҳисси миллии сарбозони оянда, ки яке аз вазифаҳои муҳимтарини муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ба ҳисоб меравад, саҳм гузоштан мебошад.

  Дар фарҷоми вохӯрӣ байни иштирокдорон табодули афкор сурат гирифта, як гурӯҳ хатмкунандагони донишкада иброз доштанд, ки баҳри сарбаландона дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон адои хизмат намудан омода мебошанд.

 ҚУДРАТОВ Сино