Имрӯз бо ибтикори ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Оламафрӯз”- и Муассисаи давлатии таълимии “Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода” ба ифтихори 28-умин солгарди таъсисёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон бо иштироки меҳмонон, аъзои ҳизб, устодон, магистрон ва донишҷӯён ҷаласа баргузор гардид.
Ҷаласаро котиби ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Оламафрӯз” Бозор Сайфуллозода ҳусни оғоз бахшида, зимнан тазаккур дод, ки Тоҷикистон зери сарварии Пешвои миллат, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сохти идоракунии демократии ҷомеаро интихоб намуд. Чуноне Пешвои миллат дар ҷаласаи тантанавӣ бахшида ба 30-солагии Истиқлоли давлатӣ иброз намуданд, «ман андешаҳои худро доир ба сохти давлатдории Тоҷикистон аввалин маротиба дар иҷлосияи мазкур (иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олӣ) баён дошта, изҳор карда будам, ки ҷонибдори давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва иҷтимоӣ ҳастам». Зикр гардид, ки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон кулли бахшҳои ҳаёти ҷомеаро фаро гирифта, ҷиҳати расидан ба ҳадафи олӣ – зиндагии шоистаи мардум ва пешрафти Тоҷикистон саъю талош дорад. Муовини ректор оид ба таълим Фарҳод Махсудзода табрикоти ректори донишкада, доктори илмҳои филологӣ, профессор Муҳриддин Низомиро дар бораи ҷашни 28-солагии таъсисёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон пешкаши иштирокчиён гардонд.
Котиби Шурои олимони донишкада Синои Абуалӣ дар мавзуи “Нақши Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар таҳкими давлатдории тоҷикон” андешаҳояшро баён сохт.
Дар гузориши ҳуқуқшиноси донишкада Ҳошимхӯҷа Кенҷаев “Таърих ва барномаи 5-солаи ҲХДТ” зикр гардид, ки ҲХДТ дар асоси Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунгузории амалкунанда ва санадҳои байналхалқии ҳуқуқие, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, ҳамчунин дар доираи Барнома ва Оинномаи хеш фаъолият мекунад. Иштирокдорони ҷаласа перомуни нақши Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар рушди давлатдории миллӣ, пешрафти тамоми соҳаҳои хоҷагии халқи мамлакат, аз ҷумла маориф ва илми ватанӣ, фарҳанг ва санъати миллӣ изҳори андеша намуданд.
Бозор САЙФУЛЛОЗОДА,
котиби ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Оламафрӯз”