Дар даврони соҳибистиқлолии кишвар Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон рушди анъанаҳои китобдориву китобхониро яке аз самтҳои асосии сиёсати фарҳангии хеш қарор дода, дар ин росто корҳои зиёдеро ба сомон расонидааст. Тўли солҳои соҳибистиқлолӣ дар мамлакат як силсила санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва барномаҳои давлатии рушди соҳаи фарҳанг қабул шудаанд, ки дар ривоҷу равнақи соҳаи китобу китобдорӣ нақши бузург гузоштаанд. Бахусус, азму талошҳои пайгиронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба пешрафти фаъолияти китобдорӣ ва раванди мутолиаи китоб дар ҷомеа такони бузург бахшидаанд.
Дар заминаи суннатҳои мавҷудаи фарҳангӣ ва анъанаҳои арзишманди китобу китобдории миллӣ бо истифода аз таҷрибаи пешқадами китобхонаҳои давлатҳои рушдёфта ва меъёрҳои байналмилалӣ соҳаи китобдорӣ дар Тоҷикистон ба комёбиҳои беназир ноил гардид. Мавриди истифода қарор гирифтани бинои наву замонавии Китобхонаи миллии Тоҷикистон, нашри асарҳои адабиву таърихӣ ва илмию фарҳангӣ, афзудани шумораи мағозаҳои фурўши китоб ва баргузории чорабиниҳои гуногун – озмуну фестивалҳо, ҳамоишҳои илмӣ ва амсоли ин на танҳо дар замони истиқлолият, балки дар таърихи китобдории миллати тоҷик дастоварди бесобиқа маҳсуб меёбад.
Боиси шодмонӣ ва шукургузорист, ки ҳар як иқдом ё санаде, ки дар заминаи олами афкору андешаҳои сабзу созандаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон арзи вуҷуд мекунанд, боиси болоравии маънавиёти мардум, бахусус мактабиён, донишҷўён, наврасону ҷавонон ва умуман қишрҳои гуногуни ҷомеа мегардад.
Бо мақсади бедор намудан ва баланд бардоштани завқи китобхонӣ, дарёфти чеҳраҳои нав дар соҳаи суханвариву сухандонӣ, арҷ гузоштан ба арзишҳои миллию фарҳангӣ ва инкишофи қобилияти эҷодии афроди ҷомеа, таҳкими эҳсоси худшиносӣ, бой гардонидани захираи луғавӣ, тақвияти ҷаҳони маънавӣ, васеъ намудани доираи забондонӣ миёни қишрҳои гуногуни ҷомеа, аз ҷумла хонандагону донишҷўёни тамоми зинаҳои таҳсилот, инчунин магистрҳо, доктор PhD, аспирантҳо ва шаҳрвандони кишвар дар доираи тадбирҳои омодагӣ ба таҷлили ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Амри Президенти мамлакат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрўзҳо дар саросари кишвар озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ…” ҷараён дорад.
Ин иқдоми оқилонаи фарҳангӣ барои ҷалби наврасону ҷавонон ба китобу китобхона дар раванди ҷаҳонишавӣ, бархўрди тамаддуну қудратҳо ва авҷ гирифтани фаъолияти равияву гурўҳҳои ифротию тундгаро тадбири мубраму саривақтӣ ба шумор меравад. Зеро ҷавонони соҳибхираду босавод ва дорои маърифати сиёсӣ ҳаргиз фирефтаи дасисаҳои муғризона нахоҳанд шуд.
Раёсати Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода барои дар амал татбиқ намудани сиёсати фарҳангии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат, аз ҷумла Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ…” тадбирҳои муассир андешида, як қатор чорабиниҳоро ба нақша гирифтааст. Тибқи дастуру супоришҳои Ректори Донишкада, доктори илмҳои фалсафа, узви вобастаи АИ ҶТ Усмонзода Хайридин Усмон пайваста дар байни донишҷӯён озмун ва маҳфилҳои шеъру сурудхонӣ доир мегарданд. Баргузории чунин чорабиниҳо насли ояндасози миллат, аз ҷумла донишҷӯёнро ба мутолиаи китоб, аз бар намудани каломи бадеъ ва илму ҳунар ҳидоят намуда, дар замири онҳо меҳри китобу донишро ташаккул дода, сатҳи маънавиёти ононро баланд мебардорад.
Мусаллам аст, ки тарғибу ташвиқи фарҳанги мутолиаи китоб тавассути васоити ахбори омма аҳамияти муҳимро дорост, вале ҳидоят ва таъсири маънавии падару модар ва ёру бародарон ҳамоно муассиртар аст. Хурсандиовар аст, ки озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ…”, ки имрўз бо ибтикори бевоситаи Пешвои миллат дар саросари кишвари азизамон –Тоҷикистон ҷараён дорад, маҳз ба ҳамин мақсад, яъне ба оммавигардонии хониш равона гардидааст.
Мавриди зикри хос аст, ки бо шарофати сиёсати маорифпарварона ва ибтикороти фарҳангии Пешвои миллат имрўз муҳаббати насли навраси тоҷик ба китобу китобхонӣ бештар ва мақоми ин ду падида дар ҳаёти иҷтимоӣ-фарҳанги ҷомеа беш аз пеш баланду устувор гардидааст. Фаромӯш набояд кард, ки китоб аз зумраи гаронбаҳотарин мероси ниёгонамон буда, ба шарофати он насли имрўзу оянда аз дастовардҳои тамаддуни ҷаҳонӣ, илму адаб, маънавиёти халқияту миллатҳои гуногун баҳраманд гардида, ҳамчун ворисони арзандаи мактаби бузурги худогоҳию хештаншиносии ниёгон баҳри ҳифзу гиромидошти арзишҳо ва муқаддасоти миллӣ сина сипар хоҳанд кард.
Зафари ШАРИФ –
мудири кафедраи Китобхонашиносӣ ва
библиографишиносии ДДФСТ ба номи М.Турсунзода