Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода 21 сентябр бо иштироки устодони  кафедраи филология бахшида ба Рӯзи Рӯдакӣ маҳфили илмӣ- адабӣ баргузор гардид. Дар маҳфил , инчунин  аз кафедраҳои режиссура,  сайёҳӣ, мудири  бахши мониторинги  таҳсилот, мудири шуъбаи аспирантура ва магистратура, донишҷӯёни фаъоли шуъбаи  фарҳангшиносӣ, бойгоншиносӣ ва рӯзноманигорӣ  ҳузур доштанд.  Ба маҳфил мудири кафедра, номзади илмҳои филологӣ, дотсент Мирзода З.Қ. ҳусни оғоз бахшида, ҳозиринро  хайра мақдам гуфт. Номбурда дар бораи рӯзгор ва  эҷоди  шоир маълумоти мухтасар дод. Устодон Ғоибов А.  дар мавзӯи «Зинда кардани андарзсароӣ дар шеъри Рӯдакӣ» , Ғафурова С. «Зарбулмасалу мақол дар эҷодиёти Рӯдакӣ», Чурғосиев М. «Санъатҳои  бадеӣ  дар ашъори  Рӯдакӣ» маърӯзаҳо қироат намуданд.

   Ба андешаи иштирокчиёни ин маҳфил, ҳар миллати  бедор ва худогоҳ фарҳанги худро  ҳифз мекунад, онро меомӯзад ва бо он фарҳанг зиндагӣ мекунад, то фарҳанги дигар бар фарҳанги вай мусаллат  нашавад.

   Дар миёни миллатҳои мухталиф  мо бо адабиёти худ ифтихор дорем . Ин адабиёти пурбор ва забони фохири мо буда, ки моро аз нобудшавӣ эмин нигоҳ дошт ва зинда мондани мо дар тӯли таърихи дарози пурҳаводис тавассути ин фарҳанги  пурғановат ва нерӯманд будааст, ки нақши Одамушшуаро Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ хеле бузург аст. Устод Рӯдакӣ ба масъалаҳои тарбиявию ахлоқӣ таваҷҷуҳи зиёд дошт ва маъниҳои  баланди шеъри Устод   Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ имрӯз ва оянда наслҳои зиёдеро тарбия хоҳад кард ва фарҳанги гузаштаву имрӯзро пайваст намуда, ба роҳи дурусти зиндагӣ хидоят менамояд.

Зулфия Мирзода

мудири кафедраи филологияи

ДДФСТ ба номи М.Турсунзода

               21.09.2019