Рӯзи ханда яке аз ҷашнҳои ба расмият нашинохтае мебошад, ки онро дар тамоми дунё ба ҳар навъ таҷлил менамоянд ва ин рӯз дар кишварҳои гуногун анъана ва шӯхиҳои ҷолибу ҷаззоберо ба миён овардаст. Воқеан, тавре Виктор Гюго фармудааст: «Ханда мисли офтоби баҳор аст ва сардиро аз тану чеҳраи инсон дур месозад».
Акнун Рӯзи хандаро мардуми тамоми дунё бо шавқи беандоза ҷашн мегиранд ва дар ин рӯз гӯл задани якдигар ва шӯхиҳои безарар ба ҳукми анъана даромадааст.
Дар Тоҷикистон таҷлили Рӯзи ханда аз замони собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ боқӣ мондааст. Миёни мардуми мо низ одат шудааст, ки 1-уми апрел мардум бо ҳам ҳазлу шӯхӣ намуда, маҳфилҳои ханда барпо менамоянд. Ба муносибати Рӯзи ханда дар шаҳри Душанбе ва дигар минтақаҳои Тоҷикистон бо ширкати ҳавҷнигорону базлагӯён маҳфилҳо сурат мегирифтанд. Ҳунармандони ҳаҷвнигори студияҳои «Усто ва Масто», «Ҳодӣ ва Шодӣ», «Очаи Бика ва Зика», театри минётурии «Оина» ва ғайраҳо бо барномаҳои ҷолибу ҳаҷвии латиф дар саҳнаҳои театр ва тавассути барномаҳои телевизионӣ ҳунарнамоӣ намуда, хотири мардумро болида мегардониданд.
То ҳол сокинони Тоҷикистон намоиши «УРБШДМ» («Убайдулло Раҷабов ба шабнишинӣ даъват мекунад»)-ро, ки чандин сол пеш дар Душанбе барпо шуда буд ва ҳанӯз тариқи шабакаҳои телевизионӣ намоиш дода мешавад, аз ёд набурдаанд.
Қиёмиддин Чақалзода, яке аз ҳаҷвнигорони маъруфи тоҷик он солҳоро ёдоварӣ намуда, мегӯяд: «Аслан бигирем, ҳаҷв ин тарбия аст, он чизе ки дар ҷомеа барои пешравӣ халал мерасонад, онро бояд тавассути ҳаҷву танз ислоҳ кард.
Дар чанд соли охир дар Рӯзи ханда ҳаҷвнигорони студияҳои «Лаҳзаҳои гуворо», «Ғарибшо- компания», «Хандинкамон», «Табассум» хотири мухлисону алоқамандони ҳаҷвро бо барномаҳои худ болида месозанд.
Бисёр мехоҳам, ки барномаҳои телевизионии «Чойхонаи дилкушо», «Мушфиқӣ», «Гӯем, нагӯем?», «Як пиёла чой» аз нав ба намоиш бароянд, ҳаҷвнависони тоҷик фаъолтар шаванд ва ҳаҷви нишонраси мардумӣ ҷойгоҳи худро ёбад».
Бахшида ба Рӯзи ханда дар толори театри таълимии Муассисаи давлатии таълимии “Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода” устодону донишҷӯён барномаи ҳунариеро бо унвони “Ханда, ханда, ханда!” пешкаши ҳозирин гардониданд.
Дар чорабинии фарҳангӣ аҳли раёсати донишкада бо роҳбарии ректори донишкада, доктори илмҳои филологӣ, профессор Низомӣ Муҳриддин Зайниддин, устодону донишҷӯён ва меҳмонони барнома гурӯҳи “Шакарханд” Саидҷон Идиев ва Ҷурахон Сафаров ҳузур доштанд.
Дар қисмати аввал ректори донишкада, доктори илмҳои филологӣ, профессор Низомӣ Муҳриддин Зайниддин суханронӣ намуда, Рӯзи хандаро ба ҳозирин таҳният гуфта, ба ғолибон ва иштирокчиёни фестивал – озмуни телевизионии “Биё бо ҳам бихандем” ифтихорнома ва сипосномаҳои донишкадаро тақдим намуд.
Таҳиягарони барнома қисмати фарҳангии барномаро бо номераҳои “Дод аз дасти Афандӣ”, “Интнрмедия”, “Тақлидкорӣ”, “Саҳначаи ҳаҷвӣ”, “Латифагӯӣ” ва “Сурудҳои ҳаҷвӣ”, ки ҷолибу диданӣ буданд пешкаши аҳли толор намуданд. Меҳмонони маҳфил аз гурӯҳи “Шакарханд” Саидҷон Идиев ва Ҷурахон Сафаров илова ба барномаи омоданамудаи донишҷӯён бо латифагӯиву ҳазлҳои ширини худ табъи ҳозиринро болида гардониданд.
Дилшод УМАРОВ.