Имрӯз дар толори Китобхонаи илмии Муассисаи давлатии таълимии “Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода” ҳамоиш бо мақсади баррасии мақолаи коршинос оид ба масъалаҳои байналмилалӣ Абдуллоҳи Раҳнамо таҳти унвони “Мавқеъи Тоҷикистон ё чаро Ҷумҳурии Тоҷикистон кишвари таҷовузгар нест ” сурат гирифт. Дар ҳамоиш муовини ректор оид ба таълим Махсудзода Фарҳод Махсуд, мудири кафедраи бойгонишиносӣ Мамадазимова Майрам, муовини декани факултаи китобдорӣ ва иттилоотшиносӣ  Наботов Шариф, номзади илмҳои филологӣ Галимова Моҳинур, омузгорони кафедраи бойгонишиносӣ ва донишҷӯён ширкат варзиданд.     Мудири кафедраи фанҳои ҷомеашиносӣ Амондуллоев Б. мақолаи коршинос оид ба масъалаҳои байналмилалӣ Абдуллоҳи Раҳнаморо мавриди таҳлил ва баррасӣ қарор дода, зикр намуд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар баҳси марзӣ бо Ҷумҳурии Қирғизистон ҳамеша қонунҳои байналмилалӣ ва созишномаҳои дуҷонибаро риоя намуда, бо далелҳои дақиқ ва равшан аз мавқеи худ ҳимоя намудааст. Дар мақолаи мазкур муаллиф бо овардани далелҳои раднашаванда дар мисоли харитаҳои солҳои гуногун ва муҳтавои шартномаву созишномаҳои дуҷониба исбот намудааст, ки заминҳои баҳсӣ аз назари ҳуқуқӣ сад дар сад ба Тоҷикистон тааллуқ доранд ва аз назари Тоҷикистон ҳаргиз «қитъаҳои баҳсӣ» нестанд. Зеро тамоми ҳуҷҷатҳои расмии таърихӣ ба Тоҷикистон тааллуқ доштани ин заминҳоро исбот мекунанд. Яъне, ҳақиқати таърихӣ ва адолати ҳуқуқӣ пурра дар ҷониби Тоҷикистон аст. Мудири кафедраи фанҳои ҷомеашиносӣ аз ҳозирин хоҳиш намуд, ки мақолаи коршинос оид ба масъалаҳои байналмилалӣ Абдуллоҳи Раҳнаморо мутолиа намуда, аз ҳақиқати таърихӣ огоҳ гарданд. Ба боварии мавсуф мақолаи мазкур баҳри баланд бардоштани ҳувияти миллӣ ва тақвияти рӯҳияи ватанпарастиву ваҳдату ягонагӣ саҳми босазо мегузорад.

Ҳамзамон дар доираи ҳамоиш бо ибтикори факултети китобдорӣ ва иттилоотшиносӣ даври аввали озмуни “Забон донӣ — ҷаҳон донӣ” бо мақсади иҷрои фармоиши вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидзода Раҳим Ҳамро аз 13. 09. 2022, №1337 баргузор гардида ғолибони даври факултавӣ ба даври ниҳоӣ роҳхат гирифтанд.

 

Синои АБУАЛӢ

Холибоева НАЗРӢ