Имрӯз дар толори “Арғунун” — и МДТ “Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода” ҳамоиши бузургдошти устод Рудакӣ ва барномаи фарҳангӣ бахшида ба Рӯзи Рӯдакӣ баргузор гардид.Чорабинии фарҳангиро бо сухани ифтитоҳӣ ректори донишкада, доктори илмҳои филологӣ, профессор Муҳриддин Низомӣ ҳусни оғоз бахшида, аз ҷумла таъкид кард, ки дар таърихи пурифтихори миллати соҳибтамаддун ва куҳанбунёди мо агар Исмоили Сомонӣ бо бунёди аркони давлатдории миллӣ, гиромӣ доштани фарҳангу арзишҳои маънавии ниёгон ва ба сатҳи давлатӣ бардоштани забони тоҷикӣ хизматҳои шоён карда бошад, Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ бо осори гаронбаҳо, сухани равону шево ва дурдонаҳои нодири ашъораш ба адабиёти тоҷику форс асос гузошт. Устод Рӯдакӣ  на танҳо ба унвони поягузори шеъри форсии тоҷикӣ, балки ба сифати мубаллиғи фарҳанги миллӣ дар қаламрави тамаддуни ориёӣ ҷойгоҳи махсус дорад.

Зикр гардид, ки устод Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ дар адабиёти форсии тоҷикӣ мақом ва ҷойгоҳи вижа дорад. Ҳанӯз аз замони зиндагиаш миёни ҳамасрон чун қофиласолори шеъри форсӣ эътироф гардидааст.  Устод Рӯдакӣ ҳамчун тараннумгари накӯкорию адолат, дӯстию рафоқат, сулҳу субот ва муҳаббати миёни одамон шуҳрат ёфта, бо унвонҳои волои Одамушшуаро, Султони мулки сухан, Соҳибқирони шоирон, Сардафтари шеъри ноби тоҷику форс ёд мешавад. Устод дар асрҳои минбаъда аз ҷониби тазкиранависону адибон бо беш аз 50 унвони ифтихорӣ ёд шудаву бо сифатҳои зиёде васф шудааст.

Муҳриддин Низомӣ зикр сохт, ки шеъру адабиёти асил ва сарчашмаҳои маънавӣ бо марзҳои замонию маконӣ маҳдуд нестанд ва шеър бояд чунон офарида шавад, ки дили хонанда ва шунавандаро тасхир созад ва зиндагии ҷовидона пайдо намояд. Аз ин лиҳоз, донишмандон, пажӯҳишгарон ва соҳибназарон шеъри Рӯдакиро ҳамчун намунаи олии бадеияту назокати шеъргӯӣ ва ҳунари суханварӣ эътироф кардаанд.

Ректори донишкада дар интиҳои суханронӣ аз донишмандони  ватанию хориҷӣ, назири Садриддин Айнӣ, Саид Нафисӣ, Шиблии Нӯъмонӣ, Абдулғанӣ Мирзоев, Шарифҷон Ҳусейнзода, Аълохон Афсаҳзод ва дигарон ёдовар шуд, ки дар омӯзиши зиндагиву осори Рӯдакӣ ва дастраси мардуми олам гардонидани осору андешаҳои арзишманди ӯ заҳмат кашидаанд.

Сипас, гардонандаи маҳфил, муовини ректор оид ба илм ва рушди инноватсионӣ, номзади илмҳои филологӣ, дотсент Аминӣ Алишер андеша ва назари худро оид ба осор ва ҷойгоҳи устод Рӯдакӣ дар мавзуи “Фалсафа ва ҳикмат дар шеъри Рӯдакӣ” ироа намуда, зикр кард, ки Рӯдакӣ дар баробари  фунуни адабию илми мусиқӣ аз ҳикмату фалсафа, улуми исломӣ, фарҳангу одоб ва суннатҳои бостонии тоҷикон низ огоҳии комил доштааст. Ба андешаи Рӯдакӣ, сифатҳои нописандидаи ахлоқӣ маҷмуи рафторҳоест, ки дар натиҷаи бардошти нодуруст аз фалсафаи зиндагӣ ва таваҳҳуми ҷовидонагии инсон сарчашма мегирад.

Устод Рӯдакӣ ба ҷаҳон  падидаҳои олами ҳастӣ, моҳияти зиндагии инсон ва ҷойгоҳи таҷрибаву хирад дар зиндагӣ бо диди ҳакимона назар дӯхта,  масоили мазкурро ҳакимона шарҳу тавзеҳ медиҳад. Аз мутолиа ва баррасии ашъори устод Рӯдакӣ маълум мешавад, ки мавзуъҳои ҳикамию фалсафӣ бахши қобили мулоҳизаи ашъори ӯро ташкил медиҳанд.Мудири кафедраи филологияи тоҷик номзади илмҳои филологӣ, дотсент Изатзода Зулайхо маърузаи омоданамудааш дар мавзуи “Ҷойгоҳи Рӯдакӣ дар шеъри Муиззӣ”-ро ироа намуда, иброз дошт, ки устод Рӯдакӣ яке аз шоҳсутунҳои пойдори кохи адабиёти миллат аст, ки фарҳанги маънавии онро  дар либоси нав пешкаши ҳамзамонон ва ояндагон гардондааст. Мавсуф таъсири шеъри устод Рӯдакиро ба осори Муиззӣ назаррас унвон намуда, бо овардани намунаҳои шеърӣ аз ашъори ҳарду шоир таъсирпазирии Муиззиро аз Рӯдакӣ баён кард.

Гузоришгарон оид ба шинохти чеҳраи миллӣ ва фалсафию ҳунарии устод Рӯдакӣ, мақому ҷойгоҳи ӯ дар қаламрави адабиёту фарҳанги форсии тоҷикӣ ва ҷаҳон, мазомини ҳикматию фалсафии ашъори шоир, таъсири шеъри Рӯдакӣ ба адабиёти баъдӣ ва андешаҳои адабию фалсафии соҳибқирони шоирон мулоҳизаҳои ҷолиб баён намуданд. Ҳамчунин, таъкид гардид, ки устод Рӯдакӣ қофиласолори шеъри ҳикматӣ дар таърихи адабиёти форсу тоҷик аст ва шинохту таблиғи мероси ӯ рисолати фарҳангиёну ҳунарварони имрӯзист.Дар қисмати фарҳангии чорабинӣ аз тарафи устодону донишҷӯён шеърҳо аз эҷодиёти устод Рӯдакӣ ва шеърҳои дар васфи ӯ сароидаи шоирони тоҷик қироат гардид, ки бузургии сардафтари шеъри ноби тоҷику форсро инъикос менамуданд.

Синои АБУАЛӢ