Санаи 10 октябри соли 2023 Сафири Ҷумҳурии Туркия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Умут Аҷар ба Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода ташриф овард. Дар даромадгоҳи донишкада сафирро ректори донишкада Низомӣ Муҳриддин Зайниддин, муовинҳои ректор ва сардори раёсати байнламилалии донишкада пешвоз гирифта, мулоқоти судманд анҷом дода шуд.
Дар рафти мулоқот ҷонибҳо нисбат ба роҳандозии ҳамкориҳои соҳавӣ таваҷҷуҳи хосса намуда, омодагии хешро барои дар оянда ба роҳ мондани чорабиниҳои таълимиву илмӣ ва эҷодии муштарак баён намуданд.
Аввалан сафир Умут Аҷар баъди муаррифии хеш ҳадафу нақшаҳои ҳамкорӣ бо донишкадаро пешниҳод намуда, қайд намуд, ки “ Муносибатҳои сиёсиву иқтисодии миёни Тоҷикистону Туркия дар сатҳи хуб ба роҳ монда шудааст ва мақсади асосии ман ба роҳ мондани муносибатҳои фарҳангиву баргузории чорабиниҳои муштарак дар соҳаи санъати миллӣ мебошад”. Ҳамчунин, барои рушди ҳамкориҳои муштарак бо муассисаҳои таҳсилоти олии соҳаи фарҳангу санъати Туркия ҷиҳати ба имзо расонидани созишномаҳои ҳамкорӣ пешниҳод намуд.
Дар навбати худ ректори донишкада Низомӣ Муҳриддин Зайниддин аввалан ташрифи меҳмононро ба донишкада шодбошӣ намуда, доир ба самти фаъолияти донишкада ва факултаву ихтисосҳои ҷойдошта маълумоти муфассал манзур намуд. Дар ин замина қайд намуданд, ки “Донишкада барои баргузории конференсияву фестивалҳо ва озмунҳои муштарак миёни муассисаҳои таҳсилоти олии соҳаи фарҳангу санъати Тоҷикистону Туркия, инчунин ба имзо расонидани созишномаҳои ҳамкорӣ тариқи расмӣ бо ба назар гирифтани арзишҳои милливу ҷанбаҳои сиёсӣ омодагии хешро изҳор медорад”.
Дар раванди мулоқот бештар ба ихтисосҳои соҳаи кинову режиссура, маҳорати актёрӣ ва санъати сарояндагиву навозандагӣ таваҷҷуҳи бештар равона гардида, ҳамчунин, доир ба ҳаёту фаъолияти Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ гуфтушунидҳои судманд анҷом дода шуд.
Дар қисмати ҷамъбастии мулоқот аз ҷониби ректори донишкада Низомӣ Муҳриддин Зайниддин Сафири Ҷумҳурии Туркия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Умут Аҷар бо асбоби миллии мусиқӣ ҳамчун туҳфа қадрдонӣ карда шуд. Дар навбати худ сафир даъват ба амал овард, ки дар доираи имкониятҳои мавҷуда озмуни байналмилалии санъати мусиқӣ миёни ҷавонони Туркия ва Тоҷикистон баргузор карда шавад.
Ҳангоми бозгашт сафир Умут Аҷар аз дастовардҳои донишкада дидан намуда, бо толори “Арғунун”-и донишкада ва иҷроиши зиндаи навозиши асбобҳои миллӣ аз ҷониби устодону донишҷӯёни донишкада шинос гардид.
Меҳриддин Холов
Сардори раёсати робитаҳои байналмилалии
ДДФСТ ба номи М.Турсунзода