Ҳамкории Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода бо донишгоҳу донишкадаҳои хориҷӣ давра ба давра рушд ёфта истодааст. Ҳоло донишкада бо 26 донишгоҳу донишкадаҳои кишвари хориҷи аз ҷумла Федератсияи Россия, Ҷумҳурии Мардумии Чин, Беларус, Украина, Озорбойҷон, Қазоқистон, Қирғизистон, Туркманистон ва Ӯзбекистон шартномаи ҳамкори ба имзо расонида, дар доираи ин шартномаҳо ҳамкории илмӣ, таълимӣ ва эҷодиро ба роҳ мондааст. – Ин нуқтаро Хайриддин Усмонзода, ректори Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода зимни баргузории нишасти матбуотии  ин ниҳод баён дошт.

   Мавсуф ҳамзамон таъкид кард: “Ҷиҳати ҷалб намудани довталабони хориҷӣ ба донишкада тадбирҳои муассир андешида, дар доираи он тибқи шартномае, ки миёни Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ва Донишгоҳи санъат ва илми Ланҷоуи Ҷумҳурии Мардумии Чин ба тавсиб расидааст. Бояд аз оғози соли хониш моҳи сентябри соли равон 10 нафар донишҷӯёни Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат дар Донишгоҳи санъат ва илми Ланҷоуи Чин ва 10 нафар донишҷӯёни ин донишгоҳ дар донишкадаи мо ба таҳсил фаро гирифта шаванд.”

   Хайриддин Усмонзода зимни суханронии хеш аз натиҷаҳои мусбати боз ҳам беҳтару хубтар гардидани ҳамкориҳои густурдаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон, бахусус дар самти маориф изҳори қаноатмандӣ намуда, таъкид намуд: “Пас аз хуб гардидани муносибатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҷумҳурии бародарии Ӯзбекистно дар соли таҳсили 2018 – 2019 16 нафар довталаб ба Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат дохил шудаанд. Имсол низ шумораи довталабон аз ҳисоби шаҳрвандони Ҷумҳурии Узбекистон зиёд шуда, айни замон 23 нафар хоҳиши ба донишкада дохил шудан доранд.”

Суғдмеҳри МАЪРУФЗОД