Бахшида ба  ҳафтаи ҷавонон имрӯзҳо дар ДДФСТ ба номи Мирзо Турсунзода баргузории чорабиниҳои фарҳангӣ идома дорад.

   Маҳфили «Ширу шакар», ки  рӯзи 17 май бо иштироки  донишҷӯёни шуъбаи ғоибонаи рӯзноманигори телевизион Раҳматуллои Раҳимзода ва Маҳмадсаиди Камол баргузор гардид, ба эҷоди  ашъори насрию назмии онҳо бахшида шуда буд.

   Маҳфил дар толори консертии «Арғунун» бо нишон додани порчае аз намоишномаи «Дидор»-и Бобоҷон Икромов, ки Р. Раҳимзода ва М. Камол нақшҳои асосиро дар он бозидаанд, оғоз гардид.

   Дар идомаи маҳфил шеърҳое, ки бо қалами Р. Раҳимзода иншо шудаю ба онҳо аз тарафи оҳангсозон оҳанг баста шудаанд, пешкаши ҳозирин гардонда шуданд.

   Суҳбат перомуни фаъолияти эҷодии онҳо сурат гирифт. Садршинони  маҳфил бо навбат аз ашъори худ шеърҳо, ки мавзӯи асосии онҳо ишқ ба Ватан, Модар, дӯст доштани сарзамину зиндагӣ  ва тавассути онҳо бедор сохтани ҳисси миллӣ, худогоҳию худшиносӣ ва умеди нек ба ояндаро дар ниҳоди ҷавонон бедор месохт, қироат карданд.

   Омӯзгорону донишҷӯён ва меҳмонон маҳфили «Ширу шакар»-ро хубу хотирмон арзёбӣ карданд ва дар  ояндаҳои наздик доир кардани чунин маҳфилҳои адабиро бо иштироки ҷавонони эҷодкор дар пай гузоштанд.

ҶАВОНОН — ПОЯИ УСТУВОР

   Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷавононро пояи устувори давлатдорӣ нисбат дода, таъкид доштаанд, ки таваҷҷуҳи бештарро аҳли кишвар  равона ба  тарбияи ин қишри ҷомеасоз  намояд.

   Ин аст, ки бо соҳибистиқлол гардидани давлатаамон ҳамасола дар моҳи май  «Ҳафтаи ҷавонон»  доир карда мешавад. Номгузорӣ шудани «Ҳафтаи ҷавонон»  аз як тараф рӯҳбаланд гардонидани  ин қишри созанда дар ҷомеа бошад, аз тарафи дигар ашхоси камолёфтаро водор ба он месозад, ки дар таҳсилу тарбияи ҷавонон аҳамияти ҷиддӣ диҳанд.

   Супориши  Сарвари давлатамон бобати тарбияву дастгирии ҳамаҷонибаи  ҷавонон аҳли омӯзгорони ДДФСТ ба номи Мирзо Турсунзодаро водор ба он месозад, ки бо  истифода аз санъат, ки беҳтарин воситаи тарбия  аст, ин амрро ба иҷро расонанд. Бо ин мақсад дар доираи «Ҳафтаи ҷавонон» театри «Атфол», ки дар назди кафедраи маҳорати актёрӣ амал мекунад, дар Театри таълимии донишкада 17-уми май намоишнома аз рӯи пиесаи  «Олами вуҳуш» — и А. Қодиров — Арбоби шоистаи санъати Тоҷикистон дар таҳия ва коргардонии роҳбари курси 4-уми шуъбаи актёрӣ, Ҳунарманди мардумии Тоҷикистон, профессор Т. Розиқов пешкаши наврасону ҷавонон гардонда шуд. Дар тамошои ин намоишнома хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии  шаҳри Душанбе ва омӯзишгоҳҳои касбӣ – техникӣ ҷалб карда шуданд.

   Пиеса асари тамсилӣ буда, қаҳрамонҳои асосии он ҳайвонҳо ва паррандаҳо – Шер, Рӯбоҳ, Оҳу, Саг, Хорпӯшт, Маймун, Мор, Зоғ, Шоҳин мебошанд. Мазмуни асосии асар ҷанбаи тарбиявӣ дошта, хулосаи ин пиеса насли наврасу ҷавонро ба дӯст доштани мавҷудоти зиндаи табиат ва муносибати нек доштан  нисбати онҳо, равона месозад.

ТАМОШОИ ФИЛМ

   Яке аз воситаҳои хуби таъсиррасонӣ ба мафкура ва ахлоқи аҳли ҷомеа, бахусус ҷавонон тамошои филҳои бадеию ҳунарӣ ба ҳисоб рафта, ин навъи санъат метавонад дар баланд бардоштани  маънавиёти ҷавонон саҳмгузор бошад.

   Бо мақсади тарбияи маънавии ҷавонон бахшида ба « Ҳафтаи ҷавонон» 21-уми май дар толори Театри таълимӣ муаррифӣ ва тамошои филми бадеии «Сайёра ранг иваз мекунад» шуда гузашт. Дар филм Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Қурбони Собир, ки омӯзгори кафедраи маҳорати актёрӣ ва роҳбари бадеии курси 3 — юми шуъбаи актёрии ДДФСТ ба номи Мирзо Турсунзода мебошад, нақши асосиро базидааст.

   Тамошои филм барои одамшиносӣ, оламшиносии ҷавонон кумак мекунад ва онҳоро барои фарқ  кардани  ашхоси дорои хулқи неку бад, хубу палид дошта ва мавқеи онҳо дар ҷомеа равона месозад. Инчунин, аз хислати  гурӯҳҳои бадкирдор, ки дар ҷомеа фасодкориҳои зиёдеро сабабгоранд ва байни худ барои даромадҳои ғайриқонуниашон аз ягон пастӣ ва хабисӣ рӯ наметобанд, маълумот мегиранд.

   Филм он ғояеро, ки ҳеҷ бори каҷ ба манзил намерасад, думболагирӣ намуда, ба мақсадҳои  ғаразноки худ нарасидани ин гурӯҳҳоро дар назди тамошобин кушода медиҳад.

   Ин гуна филмҳо ҷавононро аз роҳҳои хатою каҷравиҳои зиндагӣ ҳушдор дода, онҳоро ба роҳи дурусту меҳнати ҳалол,  ифтихор аз  касбу кордонӣ, тарбияи дурусти хонаводагӣ ва  ба ҷодаи дурусти зиндагӣ рафтанашонро талқин мекунад.

 

Бобоҷон РАҲИМОВ,

 омӯзгор