Имрӯз тибқи барномаи Конфренсияи ҷумҳуриявии илмию назариявии ҳайати профессорону устодон, кормандон, унвонҷуён, докторантону магистрон ва донишҷӯён бахшида ба 50-солагии донишкада, 115-солагии академик Бобоҷон Ғафуров ва 145-солагии асосгузори адабиёти муосири тоҷик Садриддин Айнӣ дар кафедраи сарояндагии халқӣ бо иштироки намояндаи бахши илми донишкада Қудратов Сино маҳфили илмӣ баргузор гадид. Кори ҳамоишро намояндаи бахши илми донишкада Қудратов Сино ҳусни оғоз бахшида, оид ба моҳият ва баргузории ҳафтаи илм дар донишкада, нақши он дар ҷалби омӯзгорон ва донишҷӯён ба корҳои илмию таҳқиқотӣ ибрози назар намуда, ба кори маҳфил барору муваффақият таманно намуд.
Сипас, мудири кафедра Зарипов Хурсандмурод андешаву мулоҳизашояшро доир ба кори конференсия баён намуда, баргузории чунин маҳфилҳои илмиро муҳим ва саривақтӣ арзёбӣ намуд.
Дар кори конференсия 8 нафар омӯзгор ва 1 нафар донишҷӯ маърузаҳои илмии худро ироа намуда, доир ба масъалаҳои мубрами соҳа ақидаҳои хешро баён намуданд. Аз он ҷумла иҷрокунандаи вазифаи дотсенти кафедра Баҳромов Дона дар мавзуи “Мавқеъи забон дар рушди мусиқии суннатии тоҷик” баромад карда, доир ба мавқеи забон дар рушди мусиқии миллӣ мулоҳизаронӣ намуд. Номзади илмҳои таърих, дотсенти кафедра Муминова Ҳаётхон дар мавзуи “Саҳми Низом Нурҷонов дар ҳифз ва эҳёи жанри сурудхонии “Мавригӣ”” суханронӣ намуда, доир ба таърихи ин жанри мусиқӣ ва хидматҳои Низом Нурҷонов дар эҳёи он маърузаи пурмуҳтавое намуд. Ҳамзамон, мудири кафедра, дотсент Зарипов Х.С. дар мавзуи “Рушди мусиқии суннатии тоҷик дар даврони истиқлол” ва омӯзгори калони кафедра Муҳиддинов Ш. дар мавзуи “Сурудҳои халқӣ ва халқии касбӣ дар услуби иҷроиши жанри ҳамсароӣ (акапелла)” суханронӣ намуданд.
Дар қисмати амалии конференсия устодон ва донишҷӯён як суруди халқиро ба таври акапелла сароиданд. Омӯзгори калони кафедра Ёрмадов Ҳаким дар мавзуи “Аз таърихи сурудҳои минтақаи Кӯлоб”, омӯзгори кафедра Шарифов Ҷумъабой дар мавзуи “Нақши рубоб дар таснифоти Ҳунарпешаи халқииТоҷикистон Боймуҳаммад Ниёзов”, омӯзгори калони кафедра Собиров Фирӯз дар мавзуи “Нақши суруд дар ҷомеаи муосир”, омӯзгори кафедра Сафармуроди Гулмурод дар мавзуи “Ғояҳои ватандӯстӣ дар образи қаҳрамонҳои “Гуруғлӣ” ва услуби иҷроиши он” ва донишҷӯи курси 4-ум Ашуров Сафармурод дар мавзуи “Ҷавонон қувваи бузург, нерӯи созанда ва ояндаи миллат” суханронӣ намуданд.
Дар анҷоми конференсия байни маърузачиён ва иштирокдорон мубодилаи афкори судмад сурат гирифт.
Коргузори кафедраи
сарояндагӣ (халқӣ)
Мирзоева Умеда