Дар толори хониши китобхонаи илмии МДТ “Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода” бахшида ба ҳафтаи илм “Конфиренсияи ҷуҳуриявии илмию назариявии ҳайти профессорону устодон, кормандон ва  донишҷӯёни Муассисаи давлатии таълимии «Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати  Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода» Бахшида ба 50- солагии донишкада, 115- солагии академик Бобоҷон Ғафуров ва 145- солагии асосгузори адабиёти муосири тоҷик Садрддин Айнӣ” баргузор гардид.        Кори конференсия таҳти роҳбарии мудири кафедраи бойгонишиносӣ н.и.т., дотсент Мамадазимова Майрам оғоз гардид.

Мавсуф иброз дошт, ки дар даврони Истиқлоли давлатӣ — кишвари мо таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таҳкими рушди устувори иҷтимоию иқтисодӣ ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолӣ ба дастоварду комёбиҳои назаррас ноил гардид. Саҳми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар рушди кори бойгонидорӣ намоён мебошад. Дар қатори соҳаҳои дигар ба соҳаи бойгонидорӣ дар Тоҷикистон шахсан Пешвои миллат Президенти ҶТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таваҷчӯҳи хоса додаанд.

Бо фармони Президенти мамлакат ва Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи бойгонидорӣ  як қатор қарор ва қонунҳо ба тавсиб расонида шуд.

Декани факултети китобхонашиносӣ ва иттилоотшиносӣ дар баромади хеш оид ба фаъолияти факултаи китобдорӣ ва иттилоотшиносӣ дар омоданамудани кадрҳои соҳаи фарҳанг – бойгонидорӣ ва китобдорӣ дар ҷумҳурӣ намоён мебошад баҳогузорӣ намуд.

Сипас маърӯзаи устодону докторантон кафедра Мамадазимова М. М.- дар мавзӯъҳои “Хазинаи бойгонӣ – захираи нодири иттилоотии давру замон”, Холибоева Н.С. — “Вазъи таълиму тарбия дар “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ”, Раҷабов А.А. — “Ташаббусҳои пешвои миллат оид ба ҳифзи хазинаи бойгонии миллӣ” Исмоилов Э. -“ Корҳои илмӣ-тадқиқотӣ ва методии муассисаҳои бойгонӣ”, ва донишҷӯёни ихтисоси бойгонишиносӣ ва бойгонии аудиовизуалии курси 1-уми ихтисоси бойгонии аудиовиузалӣ — Саодати Сайвалӣ “Нигоҳдорӣ ва истифодаи ҳомили иттилооти анъанавӣ ва электронӣ дар бойгониҳо”, донишҷӯи курси 4-уми ихтисоси бойгонишинос — Қурбонова П. “Мафҳуми  экспертизаи  арзиши ҳуҷҷатҳхо дар бойгонӣ”, донишҷӯи курси 3-юми ихтисоси бойгонишинос — Саидов Ҷурахон “Фаъолияти бойгонии Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода» ва донишҷӯи курси 2-юми ихтисоси бойгонишнос — Ҷӯраев А. “Нақши бойгонии аудиовиузалӣ дар муаррифии мероси ниёгон» суханрониҳо карданд. Бо ҳамин конференсия кори худро ба анҷом расонид.

 

Коргузори кафедраи

Бойгонишиносӣ

Г.Аламуродова