Имрӯз дар МДТ “Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода” Конференсияи ҷумҳуриявии илмию назариявии ҳайати профессорону устодон, кормандон, унвонҷӯён, докторантону магистрон ва донишҷӯён бахшида ба 50 -солагии донишкада, 115 — солагии академик Бобоҷон Ғафуров ва 145 — солагии асосгузори адабиёти муосири тоҷик Садриддин Айнӣ бо ширкати намояндаи Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Сайфиддинов Баҳодур ва устодону донишҷӯёни донишкада баргузор гардид. Конференсияи ҷумҳуриявии илмию назариявиро ректори донишкада, доктори илмҳои филологӣ, профессор Муҳриддин Низомӣ ҳусни оғоз бахшида, меҳмонон ва иштирокдорони конференсияро ба донишкада хайрамақдам гуфт. Мавсуф зикр намуд, ки бо дарназардошти нақши бузурги илму маориф Ҳукумати кишвар дар даврони соҳибистиқлолӣ масъалаи рушди илму маорифро яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоӣ эълон карда, дар ин замина бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзи 15-уми апрел ҳамчун Рӯзи илми тоҷик таҷлил мегардад, ки ба рӯзи таваллуди сардафтари адабиёти муосири тоҷик Садриддин Айнӣ ва рӯзи таъсиси Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон рост меояд.
Ректори донишкада таъкид намуд, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи якуми Шурои илм, маориф ва инноватсияи назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба мушкилоти соҳаи илм, дастовардҳо ва барномаҳои ҳукумат изҳори назар карда, ҳадафи асосӣ аз таъсиси Шуроро дар ташаккул додани ҷаҳонбинии илмии ҷомеа, рушди тафаккури техникӣ, пайванди илм бо истеҳсолот ва хусусан, ҷалб намудани ҷавонон ба ихтироъкорӣ ва навоварӣ арзёбӣ карданд ва ғамхории ҳамешагии худро баҳри рушд бахшидан ва устувортар намудани пояи илму маърифат дар дар кишвар дареғ намедоранд.
Сарвари муассиса инчунин аз иқдомҳои муҳимми Ҳукумати кишвар дар ин самт ёдовар шуда, зикр намуд, ки Ҳукумати мамлакат моҳи сентябри соли 2020 “Дар бораи самтҳои афзалиятноки таҳқиқоти илмӣ ва илмию техникӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025” қарор қабул намуд ва муассисаҳои илмӣ ва таҳсилоти олии касбиро вазифадор кард, ки корҳои илмиву таҳқиқотиро дар асоси ин ҳуҷҷати муҳим бо сатҳу сифати нав ба роҳ монда, тамоми неруи илмиву зеҳниро ба иҷрои мавзуъҳои фармоишии фарогири масъалаҳои муҳимми рушди иқтисоди миллӣ сафарбар намоянд.
Зикр гардид, ки дар замони муосир рушди илм ва раванди босуръати он тамоми соҳаҳои зиндагии башарро фаро гирифтааст ва дар ин миён соҳаи фарҳанг, ки ҷузъи муҳимму бунёдии ҷомеаи инсонӣ шинохта мешавад, дар канор нест. Аз ин рӯ, амри мазкур зарурати таҳия ва татбиқи амалии барномаву лоиҳа ва дастовардҳои илмиро пешорӯи мо қарор медиҳад. Бо таваҷҷуҳ ба ин, фаъолияти илмӣ-таҳқиқотӣ яке аз самтҳои муҳимми муассисаҳои таҳсилотии олии кишвар, аз ҷумла Муассисаи давлатии таълимии “Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода” мебошад. Қайд гардид, ки рушди илм дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ аз ҷумлаи заруратҳои муҳим буда, аслитарин нишондиҳандаи фаъолияти самарабахши ҳайати илмии ҳамон муассиса аз ҷумла, МДТ “Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода” маҳсуб меёбад. Агар се соли охири фаъолияти илмии донишкадаро бо солҳои қаблӣ муқоиса намоем, маълум мешавад, ки дар се соли гузашта тарбияи кадрҳои илмӣ бамаротиб, бештар аз даҳ соли пешин мебошад, ки ҳамаи ин далели иқдомҳои дуруст ва чораҳои зарурӣ андешидаи раёсати донишкада мебошад. Аз ҷумла, дар соли 2022 дар донишкада 5 монография (дар қиёс ба соли гузашта 3 адад бештар аст), 3 китоби дарсӣ (дар қиёс ба соли гузашта 1 адад бештар аст), 8 воситаи таълимӣ (дар қиёс ба соли гузашта 6 адад бештар аст), 17 дстури таълимӣ (дар қиёс ба соли гузашта 15 адад бештар аст), 110 мақолаи илмӣ ва мақолаҳои дар хориҷ чопшуда 48 адад, ки дар қиёс ба соли гузашта 25 адад бештар мебошад. Илова бар ин, дар соли ҳисоботӣ 6 китоби илмию омавӣ ба нашр расида, зиёда аз 300 маърузаи илмию оммавӣ дар чорабиниҳои илмию фарҳангии соҳаҳоҳи гуногун ироа гардиданд. Инчунин, дар саҳифаи расмии донишкада ва дигар саҳифаҳои интернетӣ зиёда аз 200 маводи гуногуни инъикоскунандаи масъалаҳои гуногуни ҳаёти сиёсию фарҳангӣ ва илмии кишвар, ки аз ҷониби устодону кормандони донишкада навишта шудаанд, интишор ёфтааст. Ҳамчунин, аз ҷониби ҳайати илмии муассиса алакай дар маҷаллаҳои бонуфузи илмии хориҷӣ ба мисли Scopus интишор ёфта истодааст. Дигар аз натиҷаҳои қобили мулоҳиза дар самти корҳои илмию татқиқотӣ иштироки олимону омӯзгорони донишкада дар симпозиуму форум ва конференсияҳои байналмилалӣ мебошад. Аз ҷумла, дар Донишкадаи давлатии фарҳанги Олтойи Федератсияи Россия Форуми байналмилалӣ баргузор гардид, ки дар доираи он конфренсияи байналмилалӣ таҳти унвони “Нигоҳдошти мероси ғайримоддии Авруосиё: анъана ва навгонӣ” баргузор гардид. Дар кори конфронси мазкур ректори донишкада, доктори илмҳои филологӣ, профессор Низомӣ Муҳриддин Зайниддин тибқи талаби тадорукоти конфренсия дар қисмати пленарӣ тариқи онлайн бо маъруза таҳти унвони “Ҳифзи мероси ғайрифарҳангӣ — дар мисоли Тоҷикистон” баромад намуда, вобаста ба намуна ва рӯйхати мероси ғайримоддии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин оид ба мероси ғайримоддии тоҷикон, ки ба Феҳристи ЮНЕСКО ворид карда шудааст, маълумоти муфассал пешниҳод намуд. Доктори илми санъатшиносӣ Улмасов Фирӯз ба унвони Профессори фахрии Консерваторияи давлатии шаҳри Тошканд сарфароз шуд.
Роҳбари муассиса тазаккур дод, ки айни замон, Улмасов Фирӯз ва Қурбони Собир бо даъвати Академияи мусиқии Россия ба номи Гнесинҳо дар нишасти Шурои ҷамъиятии оид ба мусиқӣ ва таҳсилот дар самти фарҳангу санъати Иттиҳоди давлатҳои мустақил (СНГ) қарор доранд. Иштирок намудани устодони донишкада дар чунин нишастҳои байналмилалӣ боиси ифтихор аст. Ичунин, ёдовар карда шуд, ки дар соли 2022 ду нафар омӯзгори донишкада – Зокиров Суҳроб ва Бойбутаева Адолат рисолаҳои номзадии худро дифоъ намуда, навиди дигари илмӣ дарёфти Ҷоизаи Раиси шаҳри Душанбе барои муҳаққиқони ҷавон дар самти илмҳои дақиқ, адабиёт, рӯзноманигорӣ, санъат, меъморӣ, техникаву технология ва инноватсияву ихтироъкорӣ дар соҳаи санъатшиносӣ аз ҷониби Исрибшоева Нуринисо мебошад.
Ректори донишкада дар охири суханронии худ бори дигар ёдовар шуд, ки ҳар сол дар нимаи дуюми моҳи апрел дар асоси роҳнамоӣ ва ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Рӯзи илми тоҷик бо шукӯҳу шаҳомати хоса доир мегардад. Дар арафаи Рӯзи илми тоҷик ҳафтаи конференсияҳои илмӣ-анъанавии ҳайати профессорон, магистрантону донишҷӯёни донишкада эълон шудааст ва воқеан ин гуна тадбирҳо имконият медиҳад, ки бо ҳадафҳои созандаи Ҳукумати кишвар бештар наздик шаваем.
Сипас, намояндаи Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Сайфиддинов Баҳодур суханронӣ намуда, андешаҳои худро доир ба дурнамои рушди илм, маориф, фарҳангу санъат ва беҳтар намудани омӯзиши илмҳои зарурӣ баён карда, дарстовардҳои илмии Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи мирзо Турсунзодаро баҳри устувор намудани пояи илми ватанӣ муҳим арзёбӣ намуд.
Баъдан тибқи барномаи ҷаласаи ифтитоҳии конференсия муовини ректор оид ба илм ва рушди инноватсионӣ, номзади илмҳои филологӣ, дотсент Аминӣ Алишер Файзуллоҳ дар мавзуи “Абунасри Форобӣ ва андешаҳои илмии ӯ перомуни мусиқӣ”, номзади илмҳои педагогӣ, дотсент, мудири кафедраи китобхонашиносӣ ва библиографияшиносӣ Сайфуллозода Бозор Сайфуллоҳ дар мавзуи “Пешвои миллат ва ташаббусҳои ҷаҳонии ӯ оид ба масоили об” ва доктор аз рӯйи ихтисоси доктор (PhD)-и факултети мусиқӣ-омӯзгорӣ Исрибшоева Нуринисо Наврӯзшоевна дар мавзуи “Анъана ва суннатҳои мусиқии Бадахшон” суханронӣ карда, андешаву мулоҳизаҳои худро дар атрофи мавзуҳои интихобнамудаашон муфассал баён намуданд.
Дар доираи чорабинӣ ректори донишкада, доктори илмҳои филологӣ, профессор Низомӣ Муҳриддин Зайниддин докторант аз рӯйи ихтисоси PhD-и факултети мусиқӣ-омӯзгорӣ Исрибшоева Нуринисоро баҳри дарёфти Ҷоизаи Раиси шаҳри Душанбе барои муҳаққиқони ҷавон бо сипоснома қадрдонӣ намуд.
Конференсияи мазкур, ки тайи як ҳафта давом мекунад, ба рушду тавсеаи иқтидори илмии донишкада равона гардида, дар он наздик ба 200 мақолаи илмии профессорону устодон, кормандон, унвонҷӯён, докторантону магистрон ва донишҷӯён ироа мегардад.
ҚУДРАТОВ Сино