Имрӯз дар Донишкадаи давлатии фарҳанг  ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода” Конференсияи ҷумҳуриявии илмию назариявии ҳайати профессорону устодон, кормандон, унвонҷӯён, докторантону магистрон  ва донишҷӯён бахшида ба  30 -солагии Иҷлосияи XVI- уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 25-солагии Ваҳдати миллӣ бо ширкати муовини вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Манучеҳр Шарифзода, директори Китобхонаи марказии илмии ба номи Индира Гандии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, доктори илмҳои филологӣ, профессор Сӯфизода Шодимуҳаммад Зикриёпур ва устодону донишҷӯёни донишкада баргузор гардид.Конфронси ҷумҳуриявии илмию назариявиро ректори донишкада, доктори илмҳои филологӣ, профессор Муҳриддин Низомӣ ҳусни оѓоз бахшида, меҳмонон ва иштирокдорони конференсияро ба донишкада хайрамақдам гуфт. Мавсуф зикр намуд, ки бо дарназардошти нақши бузурги илму маориф Ҳукумати кишвар дар даврони соҳибистиқлолӣ масъалаи рушди илму маорифро яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоӣ эълон карда, дар ин замина бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзи 15-уми апрел ҳамчун Рӯзи илми тоҷик таҷлил мегардад, ки ба рӯзи таваллуди Садриддин Айнӣ, сардафтари адабиёти муосири тоҷик ва рӯзи таъсиси Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон рост меояд. Дар ин росто ҳамасола ҳар ҳафтаи сеюми моҳи апрел дар муассисаҳои таҳсилоти олии кишвар, аз ҷумла дар донишкадаи мо низ «Ҳафтаи илм» бо баргузории конференсияву семинарҳои илмию амалӣ, ки натиҷаи корҳои илмию таҳқиқотии ҳайати профессорону устодон, кормандон, унвонҷӯён, докторантону магистрони муассисаро бозгӯ мекунанд, гузаронида мешавад.Ректори донишкада тазаккур дод, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба соҳаи илм ва рушди бемайлони он таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуда, дар ҳамаи суханрониҳояшон вобаста ба ин масъала таъкиду роҳнамоиҳои судманд мекунанд. Аз ҷумла, Сарвари давлат дар мулоқот бо кормандони соҳаи илму маориф ва аҳли эҷоди мамлакат, 18-уми марти соли 2020, андешаҳои худро доир ба дурнамои рушди илм, маориф, беҳтар намудани омӯзиши илмҳои табиӣ ва риёзиву дақиқ, ташаккул додани тафаккури техникӣ, вусъат бахшидан ба навовариву ихтироъкорӣ, бурду бохти раёсат ва институтҳои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академияҳои соҳавӣ, муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, сохторҳои онҳо ва сатҳу сифати тарбияи кадрҳои илмӣ баён намуда, барои пешрафти минбаъдаи илм ва таҳкими робитаи он бо истеҳсолот вазифаҳои мушаххас ба миён гузоштанд. Тазаккур доданд, ки: «Илм меҳвари асосии рушди ҳар як кишвар мебошад ва олимон захираи бузурги зеҳнии ҳар як ҷомеа маҳсуб меёбанд». Ба таъкиди Пешвои муаззами миллат, “Мафҳуми илму дониш барои халқи мо аз замонҳои қадим то имрӯз як ҷузъи муҳимтарини маънавиёт ба ҳисоб меравад. Бузургони гузаштаамон донишро чароғи ақл ва ҷавшани ҷисм донистаанд”.

    Зикр гардид, ки аз ҷониби Пешвои муаззами миллат  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон эълон гардидани солҳои 2020-2040 “Солҳои омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф”, озмунҳои “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” ва “Илм — фурӯғи маърифат” ба рушди илм ва омода намудани кадрҳои илмӣ заминаи мустаҳкам мегузорад. Гардонандаи маҳфил, муовини ректори донишкада оид ба илм ва рушди инноватсионӣ Аминӣ А. Ф. суханронӣ намуда, зикр намуд, ки фаъолияти илмї-таҳқиқотї яке аз самтҳои муҳимми муассисаҳои таҳсилоти олии кишвар, аз ҷумла донишкадаи мо мебошад. Устодону муҳаққиқони муассиса фаъолияти илмии худро дар партави сиёсати фарҳангпарваронаи Сарвари давлат идома дода, барои дар соҳаи фарҳанг ва санъат татбиќ намудани дастовардњои илмии худ пайваста талош менамоянд.Сипас муовини вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Манучеҳр Шарифзода суханронӣ намуда, ҳамчунон, маърӯзаи илмии худро дар мавзуи “Шамсӣ Низомов ва нақши ӯ дар рушди санъати касбии муосири тоҷик” ироа намуд. Муовини вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид кард, ки дар замони муосир рушди илм ва раванди босуръати он тамоми соњањои зиндагии башарро фаро гирифтааст ва дар ин миён соҳаи фарҳанг, ки ҷузъи муҳимму бунёдии ҷомеаи инсонӣ шинохта мешавад, дар канор нест. Аз ин рӯ, амри мазкур зарурати тањия ва татбиќи амалии барномаву лоиҳа ва дастовардњои илмиро пешорӯи мо қарор медиҳад. Бо таваҷҷуҳ ба ин, фаъолияти илмӣ-таҳқиқотӣ яке аз самтҳои муҳимми сохторҳои гуногуни вазорату идораҳои кишвар, аз ҷумла Вазорати фарҳанги ҷумҳурии Тоҷикистон низ мебошад. Дар доираи чорабинӣ муовини вазири фарҳанг ба мудири кафедраи филолгияи донишкада Изатзода Зулайхо барои иштироки фаъолона ва ба даст овардани ғолибият дар озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” нишони “Аълочии фарҳанги Тоҷикистон”-ро тақдим намуд.

   Директори Китобхонаи марказии илмии ба номи Индира Гандии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, доктори илмҳои филолгӣ, профессор Сӯфизода Шодимуҳаммад Зикриёпур дар мавзуи “Фаъолиятҳои пажӯҳишии китобхона дар шароити имрӯз” суханронӣ намуда, аз рисолати  китобхонаҳо дар замони муосир ва вазифаҳои онҳо маърузаи пурмуҳтаво намуд.

         Конференсияи мазкур, ки тайи як ҳафта давом мекунад, ба рушду тавсеаи иқтидори илмии донишкада равона гардида, дар он зиёда аз 150 мақолаи илмии профессорону устодон, кормандон, унвонҷӯён, докторантону магистрон ва донишҷӯён ироа мегардад.

 

Синои АБӮАЛӢ