ДУШАНБЕ, 04.01.2022. /АМИТ «Ховар»/. Бо қарори Ҳукумати мамлакат соли гузашта «Барномаи миллии рушди иҷтимоии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022 – 2026» ва «Барномаи давлатии тарбияи ватандӯстӣ ва таҳкими ҳувияти миллии ҷавонони Тоҷикистон барои солҳои 2023 – 2027» ба тасвиб расиданд, ки ҳадафи он баланд бардоштани ҳувияту ватандӯстии ҷавонон ва таҳким бахшидани мавқеи онҳо дар ҷомеа мебошад, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар».
Дар робита ба ин Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатӣ аз 23 декабри соли 2022 таъкид намудаанд, ки «ҷавонони Тоҷикистони соҳибистиқлол неруи созандаи Ватан буда, нақши онҳо дар тараққиёти ҳамаи соҳаҳои ҳаёти давлат ва ҷомеа бисёр арзишманд ва назаррас мебошад. Мо бо ҷавонони кишвари худ ифтихор дорем, зеро онҳо дар рушди давлат ва ободии Ватан фаъолона саҳм мегузоранд, марзу буми сарзамини аҷдодиро ҳимоя мекунанд, ватандӯсту ватанпараст, бонангу номусанд ва ба халқу давлати Тоҷикистон содиқ мебошанд».
Декани факултаи китобдорӣ ва иттилоотшиносии Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода Зафари Шариф дар суҳбат бо мухбири АМИТ «Ховар» иброз намуд, ки таваҷҷуҳи хоссаи роҳбарияти олии кишвар ба ҷавонон баёнгари он аст, ки онҳо қишри фаъоли ҷомеа маҳсуб шуда, дар татбиқи сиёсати созандаю бунёдкоронаи давлат нақши созгор доранд. Ҳамин аст, ки ояндаи миллату мамлакатро ба онҳо вобаста медонанд ва пайваста таъкид менамоянд, ки ҷавононро бояд дар рӯҳияе тарбия намоем, ки чун фарзандони диловари Ватан, қаҳрамонони халқ — Спитамен, Темурмалик, Деваштич, Муқаннаъ, Восеи диловар ва садҳо тани дигар сипари Ватани азизи хеш бошанд.
«Барои ин, пеш аз ҳама, бояд ҷавонони мо ба таҳсил ва ё шуғли доимӣ фаро гирифта шаванд. Ҳамчунин онҳоро ҳамеша ба корҳои муфиди ҷамъиятӣ ҷалб намудан, дар дили онҳо муҳаббат ба меҳнат ва кӯшиш барои ободии як гӯшаи диёрро бедор намудан вазифаи муқаддаси ҳар кадоми мост»-мегӯяд Зафари Шариф.
Ба зикри ӯ, барои тарбияи шоистаи ҷавонон бояд ба пайдарҳамии марҳилаҳои ин раванд аҳамият дод. Ин нукта дар Консепсияи миллии тарбия низ дарҷ гардидааст. Ба таъкиди мутахассисон, марҳилаҳои зерини тарбия вуҷуд доранд:
— Тарбия аз оила оғоз меёбад. Дар ин марҳила фарзандон аз падару модари худ тарбия гирифта, муҳити зиндагиашонро меомӯзанд, аз мафҳумҳои нахустини деҳа, шаҳр, ноҳия, Ватан, миллат ва ғайра бохабар мешаванд;
—Тарбия дар муассисаҳои томактабӣ идома ёфта, мураббиён дар таҳким бахшидани сифатҳои аввалини миллӣ бо истифода аз дастовардҳои педагогикаи миллӣ ҷиду ҷаҳд ба харҷ медиҳанд;
—Тарбия дар муассисаҳои таълимӣ мегузарад;
—Тарбия ба тайёрии касбии ҷавонон дар муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ, миёнаи касбӣ ва олӣ вобаста мебошад. Дар ин марҳила донишу малакаи инсон боз ҳам васеъ мегардад, барои азхудкунии арзишҳои миллӣ ва умумибашарӣ замина муҳайё мешавад.
Нақши оила дар таълиму тарбияи фарзандон дар тамоми ин марҳилаҳо бениҳоят бузург аст. Вобаста ба ин Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон низ зимни мулоқоти хеш бо аҳли маорифи кишвар иброз доштанд, ки «падару модарон ба сифати неруи асосӣ ва фаъоли ҷомеа бояд ба таълиму тарбияи фарзандон зиёдтар аҳамият диҳанд, онҳоро дар рӯҳияи ватанпарварӣ, инсондӯстӣ, эҳтироми калонсолон ва омӯзгорон тарбия карда, барои боло рафтани сатҳи ҷаҳонбиниву дониши наврасону ҷавонон саъю талош варзанд, завқи онҳоро ба китобхонӣ, донишомӯзӣ, забономӯзӣ ва варзиш зиёд гардонанд ва барояшон ҷиҳати омӯхтани касбу ҳунарҳои замонавӣ шароити хуб фароҳам оваранд».
«Иқдоми хеле наҷиби Сарвари давлат, яъне баргузории озмунҳои ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст», «Тоҷикистон-Ватани азизи ман», «Илм фурӯғи маърифат», ««Тоҷикон»—оинаи таърихи миллат» дар баланд бардоштани завқи китобхонӣ, тақвияти неруи зеҳнӣ, дарёфти чеҳраҳои нави суханвару сухандон, арҷ гузоштан ба арзишҳои миллию фарҳангӣ, инкишофи қобилияти эҷодӣ, таҳкими эҳсоси худогоҳию худшиносӣ, такмили захираи луғавӣ, тақвияти ҷаҳони маънавӣ миёни аҳолии кишвар, аз ҷумла тарбиягирандагон ва хонандагони муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ ва миёнаи умумӣ, донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ, магистрҳо, аспирантҳо, докторантҳо, калонсолон ва намояндагони касбу кори гуногун нақши бузург бозид», -мегӯяд декани факултет.
Дар роҳи худшиносиву хештаншиносӣ ҷавононро, пеш аз ҳама, мебояд, ки осори пурғановати олимону адибони барҷастаи тоҷикро мутолиа намоянд. Аз ҷумлаи беҳтарин осор дар ҷодаи тарбияи ҷавонон асарҳои пурғановати Пешвои миллат «Тоҷикон дар оинаи таърих», «Тоҷикистон дар остонаи фардо», «Ҷавонон- ояндаи миллат», «Тоҷикон дар оинаи таърих, Аз Ориён то Сомониён», «Истиқлолият неъмати бебаҳост», «Тоҷикистон: даҳ соли истиқлолият, ваҳдати миллӣ ва бунёдкорӣ», «Истиқлолияти Тоҷикистон ва эҳёи миллат», «Сарнавишти миллати соҳибтамаддун», «Мероси Имоми Аъзам ва гуфтугўи тамаддунҳо», «Чеҳраҳои мондагор» мебошанд, ки ба тақвияти зеҳну шуури ҷавонон таъсири хуб доранд.
Аз ин хотир ҳамсуҳбати мо аз ҷавонон даъват ба амал меорад, ки дар замони рушди борсуръати илму технология бояд бештар мутолиа намоянд, соҳибилму соҳибкасб гардида, ба давлату миллати хеш содиқона хизмат намоянд.
Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»