5 — уми март дар  Муассисаи давлатии таълимии «Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода» ба ифтихори Рӯзи Модар бо иштироки намояндагони Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи ҷумҳуриявии иттифоқҳои касабаи кормандони фарҳанг, иттилоот, варзиш ва сайёҳии Тоҷикистон, собиқадорони меҳнати донишкада, устодону донишҷӯён чорабинии фарҳангӣ баргузор гардид.

   Ба ҳамоиш ректори Муассисаи давлатии таълимии «Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода», доктори илмҳои филологӣ Низомӣ Муҳриддин Зайниддин бо сухани ифтитоҳӣ ҳусни оғоз бахшида, ҳозиринро ба ифтихори Рӯзи Модар — ин ҷашни бисёр мубораку фараҳбахш самимона табрик намуд.

   Сипас, сардори шуъбаи илм ва муассисаҳои таълимии Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Музаффар Темурзода бонувони донишкадаро бо Рӯзи Модар табрику муборакбод гуфта, ба онҳо тансиҳатию хонаободӣ ва бахту иқболи нек орзу намуд.

   Собиқадорони меҳнат ва бонувони фаъол бо диплом ва сипосномаҳои Кумитаи ҷумҳуриявии иттифоқҳои касабаи кормандони фарҳанг, иттилоот, варзиш ва сайёҳии Тоҷикистон қадрдонӣ шуданд.

   Барномаи рангину ҷолиб ва хотирмони консертии таҳиянамудаи Арбоби ҳунари Тоҷикистон, раиси Шӯрои бадеӣ, профессори кафедраи режиссёрӣ ва продюсерӣ Сафаралӣ Қурбонов, и.в. профессор Фарҳод Мирахмедов,  роҳбари мусиқӣ, дотсент Баҳрулло Нарзуллоев, Ш. Муҳиддинов, А. Мирзоев ва коргардон Санавбар Мирмуллоева хотири аҳли нишастро болида гардонд.

Додоҷон РӮЗИЕВ