Қурбони Қурбониён — ин ҳунарманди маъруф ва чирадастро аксари мардуми тоҷик мешиносанд ва аз маҳорати иҷрокунандагии ӯ лаззат бурдаанд. Таърифу тавсифи ҳунари  навозандагии ӯро ҳанӯз аз даврони наврасиам шунида будам. Бо донишҷӯи ДДФСТ ба номи Мирзо Турсунзода (соли 2002)  гардидан, худ шоҳиди ҳунари ӯ шудам ва бо  гузашти солҳо бо ӯ аз наздик ошноӣ пайдо карда, ҳамсуҳбат гардидам. Дарк кардам, ки ҳамсуҳбатам  инсони  наҷибест.  Вақте ки суҳбатро бобати  ҳунари дуторнавозии ӯ оғоз кардам,  дар ҷавоб ӯро як ҳиссиёти аҷибе  фаро гирифт.  Аз ин ҳиссиёт кас дарк мекард, ки дунёи ботинии ин устоди ҳунарро офаридгор  бо тори дутор азалан пайвастааст. Ӯ ҳамрози дутор аст,  дутор ҳамнаво  ва қурбони захмаҳои дилу ангуштони  Қурбон.  Қурбон ангушт ба тор мезанад ва дутор бо овои худ қисса аз рӯзгори афроде  мекунад, ки гоҳ аз сарнавишти худ розӣ ва гоҳ нолон аст. Рӯзгореро пеши рӯ меорад, ки инсони камолёфтаю солхӯрда  дар он хуррамию  шодӣ, комёбию бобарорӣ, наврасию ҷавониро  ба хотир меорад ва наврасе  парвози орзуҳои худро дар ҳавои ана ҳамин сози дутор амалан мепайвандад.

   Шахси ҳунарманд, бахусус онҳое, ки дар пойдор нигоҳ доштани мусиқии халқии тоҷикӣ ва муаррифии оҳангҳои дилангези як созе дар мисоли сози дутор дар ҷомеа ҷойгоҳи вижаи худро соҳиб шудаанд. Қурбони Қурбониён баён медорад, ки дутор пардадор ва бепарда мешавад.  Дутори  пардадор ва бепарда  дар  навохтаҳои   дуторбадастони машҳури ҷумҳурӣ, аз қабили Ҳикмат Ризо, Ҳаким Маҳмудов, Рустами Абдураҳим, Муҳаммадҷон Муминов, Ҳотам Пӯлодов, Давлат Ёров  дар жанрҳои гуногуни достонсароӣ, наҳтхонӣ, фалаксароӣ ва сурудҳои халқӣ васеъ истифода шудаанд, ки  маҳз ӯ дар пайравӣ бо онҳо дар интихоби касб муваффақ гардидааст.

   Қурбони Қурбониён аз зумраи устодон  ва ҳунармандоне дониста мешавад, ки санъати дуторнавозиро дар зинаҳои  гуногуни  илмӣ ва таҷрибавӣ омӯхтаю асоснок карда, имрӯз ба шогирдон дарс мегӯяд.

   Ӯ устоди ҳунар аст ва то ба зинаи устодӣ расидан умри ширини хешро фидо сохтааст. Яъне, хотираҳои ӯ аз он шаҳодат медиҳанд, ки ҳанӯз аз даврони  кӯдакӣ ишқи дутор ба қалби он замон кучакаш роҳ ёфта, то кунун бо рагу хунаш даровехтаю ҷорӣ гардидааст. Ин аст, ки аз навои дутори ӯ оҳанги зиндагӣ, рози ишқи заминӣ  рӯ кушода,  фазои мусиқии созии тоҷиконаро фаро гирифта, аз он роҳ бар афлок мепайвандад.   Исботи инро дар жанри  фалаксароӣ, ки аз ҷониби устод дар таҳқиқоти илмиаш ба ҳафт зина —  фироқ, нола, ҳиҷрон, фарёд, фиғон, роз, чарх  раддабандӣ кардааст, дидан  мумкин аст.

   Ҳунармандони тоҷик дуторро бештар дар хондани  жанрҳои шеърии дубайтӣ ва рубоӣ дар жанри мусиқии фалаксароӣ бештар истифода мебаранд. Аз  устод пурсон шудем, ки бештар  шунавандагони  навозиши дутор кадом синну соланд, посух доданд, ки    «Шунавандаи навои дутор хурду калонанд, яъне ба синну сол шунавандаи онро ҷудо намекунанд».

   Муҳаббат ба сози дутор, завқи баланди эҷодиаш ӯро илҳом бахшида,  сарчашмаи  иншои шеъргунаҳо гардидааст. Масалан:

Дуторам эй дуторам,

Ту ҳастӣ ифтихорам.

Ду торат чун ду кокул,

Садоят мисли булбул.

   Аслан зиндагиномаи мардони роҳпаймудаи санъат ва ҳунар дар мисоли устод Қурбони Қурбониён барои шогирдоне, ки  на танҳо ин навъи санъат – дуторнавозиро, балки дилхоҳ ҳунарро  ихтиёр кардаанд, намунаи ибрат аст.  Ӯ аз муваффақияти ҳунари худ сухан ронда, ба шогирдон таъкид медорад, ки «ҳунар чашмаи зоянда ва давлати поянда аст». Аз ин рӯ, онҳо дар ҳама ҳолат  мебояд, ки  ҳунареро аз худ карда,  пайи расидан ба ҳадафи хеш саъю кӯшиш  ба харҷ диҳанд. Донишҷӯён  дар симои ин устод ва панду насиҳатҳои ӯ  шахси наздиктарини худро медонанд.

   Қурбони Қурбониён дар расидан ба саодати зиндагии хеш роҳи пурпечутоберо паймуда, шуҳрати касбиро ба даст овардааст ва имрӯз ифтихор аз ҳунари худ, аз шогирдони дилбохати санъати думранавозӣ мекунад.

   Даврони тифлият аз меҳру навозишҳои дастону оғӯши   гарми модар маҳрум  монда, дар тарбияи бобою бибӣ ба воя расидааст. То шинос шудан ба сози дутор ӯ аз муҳаббати модаркалону падаркалон баҳра бурдааст. Сози дутор ба ӯ гармии меҳру навозишҳои  модарро медод. Ҳар оҳанги навохтааш баёнгари  тарҷумаи ҳол ва ифшосозандаи  дарду доғи бемодариро бо ҷӯрию ноҷӯрии тор ифода мекард. Ӯ бо навозиши дутор вуҷуди хешро саршор аз муҳаббати модар мекард. Гӯё алфози модари ӯ  дар тори дутораш ҷӯр гардида, ӯро як умр дар навозиши хеш қарор додааст. Дутор дамсози  ӯ гардид.

   Устод Қурбони Қурбониён зодаи деҳаи Пушинги ноҳияи Данғара аст. 15 январи соли 1952 дар оилаи деҳқон ба дунё омадааст. Таълимоти миёнаи худро дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 1ба номи В. И. Ленини ноҳияи Данғара гирифтааст.

   Хотираҳои хешро ёдовар шуд: « Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон як сол ҳамроҳи мо дар як синф  таҳсил кардааст».

   Зимни таҳсил дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ бо завқи беандоза ба маҳфили (кружоки) ҳаваскорони санъат  аъзо шуда,  он ҳунаре, ки падараш ба ӯ омӯзонда буд, ба ҳаммактабиёни худ пешкаш намуд.

   Хотираи дигарашро аз овони мактабхонӣ ба ё овард, ки: «Саодат Азизова- Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон, як синф боло аз ман таҳсил мекард ва чанд  маротиба бо пешниҳоди ӯ нақшҳои хурд — хурд бозидаам». Яъне,  ҳанӯз аз даврони мактабхонӣ ҳамсабақонаш дар ниҳоди ӯ оянда шахси соҳаи санъатро дарёфта буданд.

   Баъд аз хатми мактаб ӯ роҳ пеш гирифтааст ба омӯзишгоҳи касбӣ- техникии № 42, шаҳри Душанбе. Муддати як сол (соли 1970-1971) дар омӯзишгоҳи мазкур аз рӯи  ихтисоси барқчӣ таҳсил намудааст. Пас аз он ба омӯзишгоҳи мусиқии шаҳри Душанбе (ҳоло Коллеҷи санъати шаҳри Душанбе ба номи А. Бобоқулов) дохил шуда, муддати 4 сол сайқали маҳорати касбӣ карда, онро соли 1975  бо дипломи аъло  хатм мекунад.

   Завқи баланд дар омӯзиши сози дутор ӯро қонеъ нагардонда, барои идомаи  таҳсил ба Консерваторияи давлатии шаҳри Тошканд ба номи Мухтор Ашрафӣ дохил мешавад. Дар муддтаи таҳсил аз соли 1975 то 1982 ӯ ба хизмати ҳарбӣ даъват шуда, хизмати Модар — Ватанро дар шаҳри Хабаровск адо мекунад ва ба ватан баргашта, таҳсилашро идома медиҳад. Маҷмуаи аввалини худро таҳти унвони «Навои дутор» бо ҳаммуаллифии Давлат Ёров ба чоп мерасонад. Пас аз хатми Консерваторияи давлатии шаҳри Тошканд ба номи М. Ашрафӣ ба ДДСТ (ҳоло ДДФСТ) ба номи Мирзо Турсунзода  дар вазифаи омӯзгор, омӯзгори калон, дотсент, мудири кафедраҳои созҳои миллӣ, мусиқии анъанавии тоҷик фаъолият кардааст.

   Бо кушода шудани Консерваторияи миллии Тоҷикистон соли 2003  (ихтисосҳои он то соли 2003 дар ДДФСТ ба номи Мирзо Турсунзода амал мекарданд)  фаъолияти ӯ бо ин муассисаи таълимӣ пайваст. Қурбони Қурбониён дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон  дар вазифаҳои  декани факултаи мусиқии тоҷик (2003-2007), мудири кафедраи  мутрибони анъанавӣ то соли 2013 кор кардааст. Дар ин муддат ӯ ҳамчун ҳамкор дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода фаъолияти  омӯзгорӣ ва эҷодӣ карда истодааст.

   Дар тӯли фаъолияти эҷодӣ ва омӯзгорӣ ӯ тавонистааст дар ҳарду ҷода ҳам маҳорати баланди касбӣ нишон диҳад. Қ. Қурбониён ҳамеша аз паи ҷустуҷӯҳои эҷодӣ аст. Оҳангҳои эҷодкардаи ӯ дар осори эҷодиаш «Савти фалак» (соли 2001, 56 саҳифа), «Мафҳуми «Фалак» дар «Шоҳнома» — и  А. Фирдавӣ» (соли 2004, 18 саҳифа), «Фалак ва системаи лаҳнии он» (соли 2006, 258 саҳифа), «Фалакӣ» (соли 2017, 404 саҳифа) ба чоп расидаанд. Инчунин, дар ҷодаи эҷодкорӣ ҳам корҳои таҳқиқотӣ – илмиро пеш бурда, чандин китоби дарсӣ ва таълимиро ба чоп расондааст, ки онҳо бо номи «Навои дутор» (1980, 55 саҳифа),  «Савти дутор» (соли 1992, 44 саҳифа), «Савти фалак» (соли 2001, 56 саҳифа),  «Рози дутор» (соли 2003, 60 саҳифа), маҷмӯаи «Шол гули заррин», дастури таълимӣ аз фанни «Асосҳои фалак»  (соли  2010, 63 саҳифа), манзури ҳаводорони мусиқӣ гардонда,  дар раванди таълим барои дониши назариявию амалӣ гирифтани донишҷӯён мавриди истифода қарор додааст.

   Барои хизматҳои шоистааш ӯ ба гирифтани унвонҳои дотсент, профессор сазовор дониста шудааст. Ӯро дар ҷодаи фалакшиносӣ ҳамчун яке аз аввалин муҳаққиқони  жанри фалак  мешиносанд. Ӯ фаъолияти пурсамар карда, дар эҷод кардани бештар аз дусад оҳанг барои дутор ва оҳангҳои  халқиро  эҷод ва сабти адвор (нота) намудааст. Бештар аз панҷоҳ   суруду оҳангҳояш дар фонди тиллоии радио  ва телевизион маҳфузанд.  Шогирдони зиёдеро, аз қабили Баҳром Қодиров, Султоналӣ Худойбердиев, Абдураҳмон Раупов, Раъно Орипова, Ҳабибулло Назаров,  Шаҳноза  Нурова, Иброҳим Мирзошарипов  ба воя расондааст, ки дар рушди мусиқии анъанавӣ ва касбии тоҷик кору фаъолият карда истодаанд.

   Ӯ  оиладор аст.  Ҳамсараш Раъно Пирова, ки айни замон дар Коллеҷи санъати шаҳри Душанбе ба номи А. Бобоқулов ба ҳайси омӯзгори фанни фортепиано фаъолият дорад, дар тарбияи се нафар  фарзанд — як духтару ду писар саҳм дорад. Ба фарзандон низ  фаҳмиши мусиқӣ додаанд.

   Қурбони Қурбониён дар давоми зиёда аз 40 соли фаъолияти эҷодии хеш ҳамчун эҷодкори мумтоз, устоди меҳрубону сахтгир миёни донишҷӯён, омӯзгорони донишкада  ва  мухлисон  обрӯю эътибори калон пайдо кардааст.

   Устод Қ. Қурбониён дорандаи унвони фахрии Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон ва узви Иттифоқи композиторони Тоҷикистон аст. Вай дар чандин озмунҳои мусиқӣ иштирок намуда, ба гирифтани номи барандаи озмун  ифтихорӣ шудааст. Махсусан, дар озмуни минтақавии дутору думранавозии ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ соли 1990, дар фестивал ва симпозиуми  байналмилалии  шаҳри Вангеми Олмон соли 2008 ва шаҳри Алма-ато соли 2009 иштирок карда, барандаи  ҷоиза гардидааст.

   Инсони хоксор, эҷодкори мумтоз, навозандаи чирадаст, омӯзгор, профессор Қурбони Қурбониён ҳамзамони мо буда, роҳбарии ансамбли эҷодии «Фалак»-и Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзодаро ба уҳда дорад. Ӯ пайваста аз паи ҷустуҷӯҳои эҷодӣ мебошад ва умедворем, ки бо асарҳои нав ба наваш хотири шунавандагонро шод хоҳад кард. Мо дар ин роҳ ба ӯ илҳоми саршор хоҳонем.

Бобоҷон РАҲИМОВ, мудири бахши мониторинги сифати таҳсилоти ДДФСТ ба номи Мирзо Турсунзода