Бо Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таҳти № АП-1335 ҳар сол дар саросари кишвар озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» гузаронда мешавад. Дар даври ноҳиявии озмуни имсола аз донишкада 26 нафар устодону донишҷӯён ширкат варзида, аз ин миён 16 нафар сазовори ҷойҳои намоён гардиданд.
Даври ноҳиявии озмуни «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» 10-уми июни соли равон дар Муассисаи давлатии Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи Акашариф Ҷӯраев ҷамъбаст гардид. Мудири бахши фарҳанги ноҳияи Синои шаҳри Душанбе Тахмина Султонова ва мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси ноҳияи Синои шаҳри Душанбе Эраҷ Рамазонов ба ғолибони даври ноҳиявӣ диплом ва туҳфаҳои хотиравӣ тақдим намуданд. Дар озмун 5 нафар устодону донишҷӯёни донишкада — Нуриниссо Исрибшоева, Меҳроб Имомёров, Фирӯз Маҷидов, Навҷавон Бадиров, Меҳроб Талбизода сазовори ҷойи якум, Баҳриддин Худойдодов, Эмомалӣ Ғаниев, Сайёҳат Зиёева, Мубасири Маҳмадализода, Фарангис Раҳмонова ҷой дуюм ва Ҳусенбой Муродов, Ҳасанбой Зоиров, Маҳмадзоҳид Зарипов, Дамир Каримов, Нозанин Холиқова сазовори ҷойи сеюм гардиданд.
12-уми июн дар толори Шӯрои олимони донишкада мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси ноҳияи Сино Эраҷ Рамазонов ректори донишкада, доктори илмҳои филологӣ, профессор Муҳриддин Низомӣ ва муовини ректор оид ба корҳои эҷодӣ, номзади илмҳои педагогӣ, дотсент Баҳрулло Хайруллозодаро бо сипосномаи раиси ноҳияи Синои шаҳри Душанбе ва туҳфаи хотиравӣ қадрдонӣ намуд. Ҳамзамон, ба устодон Раҳматулло Ҳошимов, Акрам Мирзоев, Сафаралӣ Қурбонов ва Тағоймурод Разоқов, ки шогирдонашон дар озмун сазовори ҷойи якум гардиданд, Сипоснома ва туҳфаи хотиравӣ супурда шуд. Устодоне, ки шогирдонашон ҷойҳои дуюм ва сеюмро ишғол намуданд, бо Сипоснома сарфароз гардонда шуданд.
Додоҷон РӮЗИЕВ