16-17-уми майи соли ҷорӣ дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон даври ниҳоии олимпиадаи ҷумҳуриявӣ миёни донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ таҳти унвони «Пояи давлат намонад бе маориф устувор…» бахшида ба “Бистсолаи омӯзиши фанҳои табиӣ, риёзӣ ва табиатшиносӣ дар соҳаи илму маориф”баргузор гардид. Дар олимпиадаи мазкур донишҷӯёни Муассисаи давлатии таълимии “Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода” низ иштирок карданд. Аз ҷумла, донишҷӯи соли чаҳоруми факултети санъати мусиқии мардумӣ, кафедраи сурудхонии халқӣ Сафармурод Ашуров таҳти роҳнамоии номзади илмҳои филологӣ, дотсент Аминӣ Алишер Файзуллоҳ аз фанни “Педагогикаи умумӣ” иштирок намуда, сазовори ҷойи якум гардида, донишкадаро дар миёни 46 муассисаи таҳсилоти олии касбии кишвар сазовор муаррифӣ намуд.
Бахши ИЛМ