Имрӯз дар МДТ “Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода” бахшида ба оғози даври донишкадавии озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» вохӯрӣ баргузор гардид, ки дар он устодон, магистрон, докторантон, кормандон ва донишҷӯён ширкат варзиданд.
Ректори донишкада, доктори илмҳои филологӣ, профессор Муҳриддин Низомӣ зимни ироаи сухани ифтитоҳӣ иброз дошт, ки дар даврони соҳибистиқлолӣ аз ҷониби роҳбарияти олии мамлакат ба рушди соҳаи фарҳанг ҳамчун таҷассумгари симои маънавии халқ, муттаҳидсозандаи неруҳои зеҳнӣ, баёнгари таърихи гузаштаву муосир, ойину анъана, дигар муқаддасоти миллӣ ва ташаккулдиҳандаи ахлоқу одоби ҳамида таваҷҷуҳи хос зоҳир гардид. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз суханрониҳояшон перомуни ҳифзи фарҳанги миллӣ ибрози назар намуда, аз ҷумла зикр сохтанд, ки китобхонаҳо бояд ба маркази муҳимми илму фарҳанг табдил дода шаванд, зеро китоб маҳсули ақлу заковати мардуми соҳибтамаддун, омили асосии ҳифзи фарҳанги миллӣ ва яке аз муҳимтарин воситаҳои маърифатнок кардани аҳли ҷомеа буда, қобилияти сухандониву суханрониро сайқал медиҳад, доираи андешаву тафаккур ва ҷаҳонбинии инсонро васеъ ва ӯро ба роҳи дурусти зиндагӣ раҳнамоӣ мекунад.
Дар робита ба ин, ректори донишкада хотирнишон сохт, ки Пешвои муаззами миллат барои дар зеҳни насли наврас ва ҷавонон тақвият бахшидани ифтихори миллӣ, таҳкими худогоҳиву худшиносӣ, ватандӯстиву меҳанпарастӣ, ба раванди бунёдкориву созандагӣ ҳидоят ва раҳнамун намудани аҳли ҷомеа пайваста тадбирҳои судманд меандешанд. Аз ҷумла, ба ифтихори ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатӣ таҳти сарпарастии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон миёни қишрҳои мухталифи ҷомеа, аз ҷумла хонандагону донишҷӯёни ҳамаи зинаҳои таҳсилот ва шаҳрвандони кишвар дар соли 2019 бори нахуст зери унвони «Фурӯғи субҳи доноӣ…» озмуни ҷумҳуриявӣ баргузор карда шуд.
Баъдан, бо амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 5 феврали соли 2020, №АП-1339 озмуни мазкур бо унвони «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» гузаронда мешавад. Мақсади асосии озмун баланд бардоштани завқи китобхонӣ, тақвияти неруи зеҳнӣ, дарёфти чеҳраҳои нави суханвару сухандон, арҷ гузоштан ба арзишҳои миллию фарҳангӣ, инкишофи қобилияти эҷодӣ, таҳкими эҳсоси худогоҳию худшиносӣ, такмили захираи луғавӣ, тақвияти ҷаҳони маънавӣ миёни аҳолии кишвар, аз ҷумла тарбиягирандагон ва хонандагони муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ ва миёнаи умумӣ, донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ, баъд аз муассисаҳои таҳсилоти касбӣ (магистрҳо, аспирантҳо, докторантҳо), калонсолон ва намояндагони касбу кори гуногун (омӯзгорони ҳамаи зинаҳои таҳсилот, кормандони фарҳангу санъат ва дигар табақаҳои аҳолии кишвар) мебошад.
Зикр гардид, ки Раёсати донишкада барои дар амал татбиқ намудани сиёсати фарҳангии кишвар ва иҷрои Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” тадбирҳои амалӣ андешида, донишҷӯёнро ба хондани китоб, аз бар намудани каломи бадеъ ва илму ҳунар ҳидоят менамояд. Ректори донишкада ёдрас шуд, ки дар давоми 3 соли баргузории озмуни мазкур аз донишкада 123 нафар ширкат варзида, теъдоди зиёди онҳо дар даврҳои ноҳиявӣ, шаҳрӣ ва ҷумҳуриявӣ сазовори ҷойҳои намоён гардиданд.
Масъулияти баргузории даври донишкадавии озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» ба дӯши мудири кафедраи китобхонашиносӣ ва библиографишиносии донишкада Сайфуллозода Бозор Сайфулло вогузор карда шудааст.
Додоҷон РӮЗИЕВ