22-юми апрели соли 2023 дар Муассисаи  давлатии  таълимии  “Донишкадаи  давлатии  фарҳанг  ва  санъати  Тоҷикистон   ба  номи  Мирзо  Турсунзода” Рӯзи даъватшаванда баргузор гардид, ки 18 —  нафар донишҷӯёни бонангу номус, ватандӯсту меҳанпарвари донишкада ихтиёран барои хизмат намудан дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ ҳозир шуданд.

     Дар маросими гусели навдаъватшудагон муовини Раиси ноҳияи Синои шаҳри Душанбе Сафарализода Ситора Сафар, ректори донишкада доктори  илмҳои  филологӣ, профессор Низомӣ М.З., намояндаи комиссариати ҳарбии ноҳия, мудирони шуъбаи фарҳанг, бахши кор бо ҷавонон ва варзиш, устодон ва падару модарони наваскарон иштирок намуданд.       Чорабиниро ректори донишкада доктори  илмҳои  филологӣ, профессор Низомӣ М.З. ҳусни оғоз бахшида, перомуни дастгириву ғамхориҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба хизматчиёни ҳарбӣ маълумот дода, ҷавононро барои хизмати содиқона намудан баҳри ҳимояи марзу буми Ватан, таъмини Ваҳдати миллӣ ҳидоят намуд.            Сипас, муовини Раиси ноҳияи Синои шаҳри Душанбе Сафарализода Ситора Сафар баромад намуда, аз ҷумла, чунин иброз дошт:

  Дар ҳақиқат, ҷавонон ворисони арзандаи халқу Ватан ва созандагони фардои ҷомеаи Тоҷикистони соҳибистиқлол мебошанд. Тавре маълум аст, тақдир ва инкишофи ҳар як давлат, аз ҷумла Тоҷикистон аз мавқеи фаъоли ҷавонон вобастагии калон дорад, зеро дар тамоми кишварҳои дунё ҷавонон ба сифати як неруи пуриқтидори бунёдкор ва пешбарандаи ҳаёти ҷомеа шинохта ва эътироф шудаанд.

      Бобои Ҳоҷӣ Давлат, ки барои гусели фарзанди худ – Зоидов Саидмуҳаммад ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ноҳияи Ёвон омада буд, ба сухан баромада, аз наваскарон даъват ба амал овард, ки барои хизмати содиқона намудан баҳри ҳифзи марзу бум ва Ватани азизамон камари ҳиммат баста, ҳар як пораи ватанро бо ҷону тани хеш ҳифз намоянд. Зеро хизмати модар-Ватан қарзи шаҳрвандии ҳар як ҷавони бонангу номуси Ватан  мебошад.

          Сипас, Умрибой Ворисшоҳ хатмкунандаи факултаи журналистикаи телевизион ва радио, ки яке аз аввалин шуда барои ихтиёран ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ пайвастан, ариза пешниҳод намуда буд, аз дастгириҳои бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба аскарон изҳори қаноатмандӣ намуда, ҳамчунин ба роҳбарияти донишкада барои фароҳам овардани шароити хуб ва имтиёзҳо барои ҷавононе, ки ихтиёран ба хизмат равонаанд, изҳори миннатдорӣ баён намуд.

Дар фарҷом, ректори донишкада навдаъватшудагонро бо ифтихорнома қадрдонӣ намуд.Маросими гусели ҷавонон ба хизмат бо садои карнаю сурнай ва рақсу бозии волидону наздикон, зери парфишонии Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон поён ёфт.

ДИЛШОД Умаров