Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз рӯзҳои аввали ба сари қудрат омадан ба соҳаи китобдорӣ таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуда, рушди онро дар маркази фаъолияти хеш қарор доданд. Сарвари давлат ҷавҳари ҳастии миллатро дар пойдории фарҳанги миллии он дониста, маҳз китобдорию баҳрабардорӣ аз китоб ва китобофарии халқи тоҷикро яке аз воситаҳои боэътимоди наҷот ва бақои миллат маънидод карданд.
Мавриди зикр аст, ки дар муддат 32-соли истиқлолият роҳбарияти олии мамлакат дар баробари ҳаллу фасли шумораи ниҳоят зиёди масъалаҳои муҳимму мубрами сиёсию иқтисодӣ ва иҷтимоӣ, ба соҳаҳои маориф ва фарҳанг таваҷҷуҳи ҳамаҷониба зоҳир менамояд.
Дар маърӯзаи хеш мо оид ба чанд самти асосии фаъолияти китобдорӣ ибрози андеша менамоем. Силсилаи асноди қонунгузорӣ, аз ҷумла қонуну қарор ва фармонҳое, ки бо мақсади ташаккулу рушди фаъолияти китобдорӣ, бунёду азнавсозии махзанҳои маърифатӣ, муҷаҳҳазгардонии китобхонаҳо бо технологияи муосири иттилоотӣ дар солҳои соҳибистиқлолӣ ба тасвиб расидаанд, ҳам аз нигоҳи шумора ва ҳам аз ҷиҳати муҳиммият беназир мебошанд. Манзури мо қабул ва татбиқи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи фарҳанг”, “ Дар бораи фаъолияти китобдорӣ” “Дар бораи иттилоот”, “Дар бораи ҳифзи иттилоот” ва амсоли инҳо мебошад. Дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи фаъолияти китобдорӣ” самтҳои асосии фаъолияти китобхонаҳо, нақшу мақом ва ҳуқуқу уҳдадориҳои онҳо ҳамчун муассисаҳои иҷтимоии фарҳангӣ ва иттилоотӣ ҷиҳати ҷамъовариву коркард, гуруҳбандиву феҳристнигорӣ, ҳифзу нигоҳдорӣ ва тарғибу ташвиқи сарватҳои фарҳангӣ ба таври мушаххас муайян карда шудаанд. Қонуни мазкур муносибатҳои ҷамъиятиро оид ба ҳифз, истифода, ҷустуҷӯ, дарёфти иттилоот, дастрасии озодона ба дастовардҳои илмию техникӣ ва фарҳанги милливу ҷаҳонӣ дар соҳаи китобдорӣ танзим менамояд.
Мавриди зикри хос аст, ки қисми зиёди масъалаҳои марбут ба фаъолияти китобхонаҳо дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи фарҳанг” инъикос ёфтаанд. Қонуни мазкур дар самти баланд бардоштани сифати хизматрасонии фарҳангӣ ба аҳолӣ, ҳифзу нигоҳдории сарватҳои фарҳангӣ ва мавриди омӯзишу тарғиб қарор додани онҳо нақши муассир бозида, имкон фароҳам овард, ки фаъолияти китобхонаҳои мамлакат ба талаботи даврони соҳибистиқлолӣ мувофиқу созгор гаврдонида шаванд.
Воқеан, давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз оғози даврони соҳибистиқлолӣ пешрафти бомароми соҳаҳои муҳимми ҳаёти ҷомеа, бавижа илму маориф ва фарҳангро яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии худ қарор дода, вобаста ба ин тадбирҳои заруриро амалӣ карда истодаааст. Ҳадафи асосӣ баланд бардоштани сатҳи дониш ва маърифатнокии миллат, боло бурдани сатҳу сифати таълим дар тамоми зинаҳои таҳсилот ва тарбияи кадрҳои баландихтисоси ба талаботи рӯз ҷавобгӯ мебошад. Маркази асосии тарбияи мутахассисони баландихтисоси соҳаи китобдории ҷумҳурӣ факултети китобдорӣ ва иттилоотшиносии Муассисаи давлатии таълимии “Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода” ба ҳисоб меравад. Айни замон дар факултет 424 нафар донишҷӯён (рӯзона-208н. ғоибона-216-н.) ба таълим фаро гирифта шуда, аз рӯи ихтисосҳои китобхонашиносӣ ва китобшиносӣ, бойгонишиносӣ, бойгонии аудиовизуалӣ ва кори ноширӣ омода карда мешаванд. Дар даврони соҳибистиқлолӣ факултетро 3000 – нафар хатм намуда, имрӯз дар китобхонаҳои мамлакат ва берун аз марзи он дар самти баланд бардоштани маънавиёти шаҳрвандон, тарғиби мероси пурғановати фарҳанги миллӣ, дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ, тарбияи ҳисси хештаншиносӣ, ватандӯстӣ, ифтихори миллии аҳолӣ, бахусус насли наврас, ҷалби онҳо ба хониш, таҳкими дӯстии халқҳо ва ташаккули фарҳанги иттилоотӣ фаъолият доранд. Факултет муҳаққиқони ҷавонро дар риштаи магистр ва доктор Phd омода месозад.
Дар даврони соҳибистиқлолӣ хатмкардагони факултет Қ. Ғуломзода мавзуҳои илмии “Ҷанбаҳои асосии маълумоти китобдорӣ дар мисоли мактабҳои олии Ҷумҳурии Тоҷикистон”, М. Мамадазимова “Таъсисёбии Китобхонаи миллии Тоҷикистон ва тағйирёбии он дар солҳои 1933 – 2013”, С.А. Ғуломшоев “ Таърихи кори китобдорӣ дар ВМКБ” (даврони шуравӣ ва), С. Камолзода “Китобхонаҳои бачагона ва мактабӣ дар низоми муассисоти омӯзиши Тоҷикистон: таърих, вазъият ва проблемаҳо”, З. Зокирова “Проблемаҳои педагогии созмондиҳии фароғати хонандагони низоми маълумоти касбию техникӣ”, С. Абдумуминзода “Ташаккули фарҳанги касбии китобдорони ояндаи мактабӣ” (дар мисоли Ҷумҳури Тоҷикистон), М.Ш.Комилов “Фаъолияти китобхонаҳои Тоҷикистон дар даврони истиқлол” (солҳои 1991-2016)-ро мавриди таҳқиқ қарор дода, рисолаҳои номзадӣ дифоъ карданд.
Самти дигари омодасозии мутахассисони соҳаи китобдорӣ дуруст ба роҳ мондани таҷрибаомӯзиҳо мебошанд. Факултет бо китобхонаҳои бузурги ҷумҳурӣ шартномаҳо ба имзо расонида, донишҷӯён дар онҳо таҷрибаи таълимӣ, истеҳсолӣ ҳам пешаздипломӣ мегузаранд. Баҳри беҳтар намудани раванди таҷрибаомӯзӣ ва боло бурдани сифати он, тибқи нишондоди нақшаҳои таълимӣ барномаҳо таҳия гардиданд.
Маврид ба зикр аст, ки омӯзгорони факултет дар баробари омодасозии кадрҳои китобдорӣ дар корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ низ нақши созгор доранд. Дар доираи мавзӯи илмӣ-таҳқиқотӣ дар мавзӯи «Таҳаввули китобхонаҳо дар даврони ҷаҳонишавии фазои иттилоотӣ», аз ҷониби онҳо як маҷмӯаи илмӣ ва чандин барномаҳои фаннӣ таҳия ва ба табъ расиданд. Соли чорум аст, ки омӯзгорони факултет ба таҳқиқи лоиҳаи илмӣ бо унвони “Таҳқиқи салоҳияти инноватсионии китобдорон дар раванди хизматрасонии китобдорӣ-иттилоотӣ” машғуланд. Мақсади асосии таҳқиқот ошкор намудани сатҳи салоҳияти инноватсионии китобдорони ҷумҳурӣ ва дар заминаи таснифоти илмии «Дараҷаи салоҳиятнокӣ», муайян намудани самтҳои асосии баланд бардоштани савияи салоҳиятнокии инноватсионии онҳо дар раванди хизматрасонии китобдорӣ-иттилоотӣ ба хонандагон мебошад.
Ҳамкорӣ бо марказҳои бузурги китобдорӣ-иттилоотии кишварҳои гуногуни олам яке аз самтҳои муҳими фаъолияти факултет ба шумор меравад. Ҳамкориҳои байналмилалӣ дар соҳаи китобдорӣ ҳанӯз дар замони Шӯравӣ оғоз гардида, тадриҷан густариш ёфтанд. Даврони истиқлолият ба сатҳу сифати ин ҳамкориҳо таъсири мусбат расонид. Доираи чунин ҳамкориҳо васеъ гардида, шумораи иштирокдорони онҳо беш аз пеш афзун мегардад. Бо шарофати фазои мусоиди истиқлолият барои густариши ҳамкориҳои байналмилалии китобдорӣ имкониятҳои бештар фароҳам омаданд. Соли 2008 дар доираи барномаи омӯзиши Америка «USAID» омӯзгорони факултет Б. Сайфуллозода, С. Шосаидзода, Қ. Ғуломзода, Ш. Комилзода ба шаҳри Линколни ИМА сафар намуда, зимни он курси кӯтоҳмуддати китобдориро дар Донишгоҳи Линколни штати Небраска хатм ва соҳиби сертификат, инчунин унвони «шаҳрванди фахрии Линколн» гардиданд. Дар доираи барномаи сафари мазкур, омӯзгорони факултет ба яке аз китобхонаи калонтарини ҷаҳон, Китобхонаи Конгресси штати Вашингтони ИМА, инчунин китобхонаҳои илмию оммавии шаҳрҳои Линколн ва Омаха шинос гардиданд. Соли 2013 дар доираи ҳамкориҳои фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ҷумҳурии Халқии Хитой аз ҳисоби маблағҳои «Барномаи рушди фаъолияти китобдорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2006-2015» 5 нафар олимону мутахассисони соҳаи китобдорӣ Б. Сайфуллозода, Н. Раҷабова, С. Шосаидзода, Г. Маҳмудов, Қ. Ғуломзода ба Ҷумҳурии Халқии Хитой сафари хизматӣ анҷом доданд. Зимни сафар омӯзгорони факултет ба китобхонаҳои калонтарини шаҳри Пекин ва донишгоҳҳои машҳри Ҷумҳурии Халқии Хитой шинос гардиданд.
Солҳои охир ҳамкории факултет бо муассисаҳои китобдорӣ ва библиографии мамлакат низ хеле қавӣ шуда истодааст. Дар ҳамкорӣ бо Китобхонаи миллӣ, Хонаи китоби Тоҷикистон, Пажӯҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилоот, Китобхонаи давлатии бачагонаи ҷумҳуриявии ба номи Мирсаид Миршакар, Китобхонаи марказии шаҳрии ба номи А. Лоҳутӣ як қисми машғулиятҳои тахассусӣ дар муассисаҳои мазкур ба роҳ монда шуда, донишҷӯён мунтазам дар конфронсу семинарҳои онҳо ширкат меварзанд.
Ҷанбаи дигар ва бағоят муҳими соҳаи китобдорӣ дар солҳои соҳибистиқлолӣ барномасозӣ ба ҳисоб меравад. Дар ин самт аз ҷониби олимону муҳаққиқони соҳа шурӯъ аз соли 2005 як силсила барномаҳои давлатӣ «Барномаи рушди фаъолияти китобдорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2006-2015», «Барномаи рушди Китобхонаи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи Абулқосим Фирдавсӣ барои солҳои 2006-2015», «Барномаи давлатии компютеркунонии китобхонаҳои давлатию оммавӣ дар Тоҷикистон барои солҳои 2011- 2013», «Барномаи рушди Китобхонаи миллии Тоҷикистон барои солҳои 2022-2027» таҳия гардиданд. Мо чанд самти «Барномаи рушди фаъолияти китобдорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2006-2015»- ро шарҳу тавзеҳ медиҳем. Барномаи мазкур аз ҷониби мутахассисони варзидаи соҳа дар заминаи таҳлили амиқи илмӣ тарҳрезӣ шуд. Татбиқи барномаи мазкур имкон дод, ки дар Тоҷикистони соҳибистиқлол инфраструктураи боэътимоди соҳаи китобдорӣ-иттилоотӣ фароҳам омада, теъдод ва сатҳу сифати фонди китобхонаҳои ҷумҳурӣ бештару хубтар гарданд ва барои воридшавии китобхонаҳои давлатию оммавӣ ба фазои нави иттилоотӣ заминаҳои устувор муҳайё гардад.
Аз омӯзишу таҳлили таҳқиқоти солҳои охир бармеояд, ки бо вуҷуди дастовардҳои назарраси соҳаи китобдорӣ дар даврони соҳибистиқлолӣ айни замон камбудиҳо низ ба назар мерасанд. Имрӯз китобхонаҳои давлатию оммавие, ки дар сохтори Вазорати фарҳанг амал мекунад, ҳолати бино, таъминоти онҳо бо таҷҳизоти замонавӣ, адабиёти тозанашр ва мутахассисони соҳибмаълумот на дар ҳамаи онҳо ҷавобгӯ аст.
Барои татбиқи самарабахши дастуру ҳидоятҳои сарвари давлат дар самти ҷалби аҳолии кишвар ба китобхонаву китобхонӣ имрӯз пеш аз ҳама зарур аст, ки вазъи воқеии таъмини маҳалҳои аҳолинишини деҳот бо китобхонаҳо ва дастрасии аҳолӣ ба китоб муайян карда шавад. Тавре, ки пажӯҳишҳои коршиносон ва олимони соҳа нишон медиҳад, имрӯз беш аз 50 % маҳалҳои аҳолинишини деҳоти мамлакат аз хизматрасонии китобхонавӣ дар канор мондаанд (манзури мо китобхонаҳои оммавии деҳот аст). камбудӣ мутахассисон эҳсос гардида, қисми бештари фонди китобхонаҳои онҳо мазмунан куҳна шуда, талаботи иттилоотию маънавӣ ва донишандӯзии хонандагонро қонеъ гардонида наметавонанд. Қисми зиёди китобхонаҳо, ҳатто китобхонаҳои ноҳиявӣ бо шумораи зарурии технологияи нави иттилоотӣ таъмин набуда, таҷҳизоти мавҷудаи онҳо корношоям гардидааст.
Барои боз ҳам беҳтар намудани фаъолияти китобдорӣ дар даврони соҳибистиқлолӣ ба андешаи инҷониб андешидани тадбирҳои зерин зарур мебошанд:
- қабл аз ҳама, дар шароити тараққиёти рӯзафзуни технологияҳои иттилоотӣ ва телекоммуникатсионӣ қисми зиёди китобхонаҳои мамлакат ба мутахассисони касбӣ эҳтиёҷ доранд. Барои таъмини китобхонаҳо бо кадрҳо зарурати тағйири нақшаи қабули донишҷӯён ва мундариҷаи таҳсилоти тахассусӣ, ки бештар ба ҳалли вазифаҳои мушахасси китобхонаҳо иртибот доранд, ба миён омадааст. Ин ҳолат водор месозад, ки бо дарназардошти эҳтиёҷоти китобхонаҳои мамлакат дар факултети китобдорӣ ва иттилоотшиносӣ теъдоди қабули донишҷӯён зиёд карда шавад;
- мутамарказгардонии неруҳои илмию педагогии соҳаи китобдорӣ барои тарбияи китобдорон, даст кашидан аз тайёркунии кадрҳои китобдорӣ дар муассисаҳои олӣ ва миёнаи махсус, ки дорои чунин неру нестанд;
- дар заминаи шартномаҳои дуҷонибаи фарҳангӣ ба кишварҳои мутараққӣ фиристонидани довталабоне, ки ба касби китобдорӣ майл доранд;
- комилан тағйир додани низоми мавҷудаи такмили ихтисос ва бозомӯзии китобдорон дар ҷумҳурӣ;
- фаъолияти тамоми марказҳои таълимӣ, илмӣ ва китобхонаҳо бояд ҳамоҳанг сохта шуда, барномаи воқеӣ ва илман асосноки такмили ихтисос ва бозомӯзии китобдорон таҳия карда шавад;
- дар пойтахт ва маркази вилоятҳо барои китобдорони китобхонаҳои давлатию-оммавӣ ташкил намудани семинар – тренингҳои минтақавӣ оид ба масъалаҳои рӯзмарраи китобдорӣ-иттилоотӣ.
Зафари ШАРИФ,
декани факултети китобдорӣ
ва иттилоотшиносии МДТ
«ДДФСТ ба номи Мирзо Турсунзода»