Декани факултет: Ёров Султонмурод Боевич

Барои тамос: ш. Душанбе, хиёбони Борбад 73 а Бинои 1, ошёнаи 1.

Тел: 231-13-41

E-mail:solechov-shukrona.@mail.ru

 

 

 


Факултаи такмили ихтисоси кормандони соҳаи фарҳанг, санъат ва табъу нашр бо фармони Вазири фаҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистрн аз 08. 04. 08 таҳти № 84 дар доираи татбиқи амалии «Барномаи давлатии тайёр кардани кадрҳои соҳаи фарҳанг, санъат ва табъу нашр дар солҳои 2007 -2008» таъсис ёфт.

Факултаи такмили ихтисоси кормандони фарҳанг, санъат ва табъу нашр яке аз сохторҳои таркибии донишкада маҳсуб меёбад. Соли дахум аст, ки дар факулта шунавандагон аз сохторҳои мухталифи фарҳангу санъати шаҳру навоҳии кишвар давра ба давра ба таҳсил фаро гирифта мешаванд. Ҷиҳати таъмини низоми муташаккили раванди таҳсил масъулини факулта ибтидои ҳар соли хониш нақшаи даъвати шунавандагонро аз рӯи самтҳо таҳия намуда дар раёсати донишкада тасдиқ менамоянд. Факулта то ин дам асосан кормандони китобхонаҳо, осорхонаҳо, мудирони клубҳои деҳот, методистони раёсатҳо ва шӯъбаҳои фарҳанг ва санъат, омӯзгорони мактабҳои санъат ва мусиқӣ, роҳбарони бадеии муассисаҳои фарҳангу санъатро ба таҳсили кӯтоҳмуддат даъват намуда равнди таҳсилро барои онҳо таъмин намудааст. Дар соли 2015 дар назди Ф.Т.И. курсҳои тайёри оиди ҳама ихтисосҳои эҷодии донишкада кушода шуд ,ки сари вақт эълонҳо ба газетаҳои ҷумхурияви чоп гардидаанд. Аз 20. 02. 2015. Мувофиқи нақшаи таълими онҳо сари вақт бо устодон ва синфхонаҳо таъмин гаштанд,аз тарафи садорати факулта ду тарафа шартнома баста шуда маблағи онҳо бо муҳосибот пардохт карда шуд. 20.05.2015. дарсҳои курсҳои тайёри ба итмом расида ба онҳо шаҳодатнома дода шуд. Соли 2015 раёсати донишкада иҷозатномаро оиди ба пешбурди фаъолияти таълими (АУ № 0000657) аз рӯйи 7 ихтисос аз ҷониби Вазорати маориф ва илми ҶТ аз (14.02.2015.) ба муҳлати 5 сол гирифтааст. 13.10.2015. №8/7 дар бораи тасдиқи «Низомномаи факултаи такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи фарҳанг, санъат ва табъу нашр» дар маҷлиси ҳайати мушовараи Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардид.

Ба иттилои Шумо мерасонем, ки аз 8-уми феврали соли 2018 курсҳои омӯзишӣ ва тайёрӣ барои дохилшавӣ ба Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи М.Турсунзода фаъолияти худро оғоз мекунад.

Курсҳои омӯзишӣ ва тайёрӣ пулакӣ буда, аз рӯи самтҳои зерин амалӣ карда мешаванд:

[su_accordion]
[su_spoiler title=»Санъати актёрӣ. Актёри жанри гуфтугуйӣ, ровӣ» open=»no» style=»default» icon=»plus» anchor=»» class=»»]

Дар барнома: тайёрӣ ба имтиҳони эҷодӣ, фарҳанги сухан, машқҳои актёрӣ, мавзуният, рақс, таҳияи этюдҳо ва ғайра.

Муҳлати таҳсил 12 ҳафта  маблағи таҳсил 500  сомонӣ.

[/su_spoiler]

[su_accordion][su_spoiler title=»Режиссураи намоишҳои театронидашуда ва идҳо» open=»no» style=»default» icon=»plus» anchor=»» class=»»]

Дар барнома: тайёрӣ ба имтиҳони эҷодӣ, машқҳо доир ба маҳорати режиссёрӣ, басаҳнагузории этюдҳо, навиштани сенария, мавзуният, рақс, маълумот доир ба таърихи иду маросимҳо ва ғ.

Муҳлати таҳсил 12 ҳафта  маблағи таҳсил 500 сомонӣ.

[/su_spoiler]

[su_accordion][su_spoiler title=»Режиссураи (филми бадеӣ)» open=»no» style=»default» icon=»plus» anchor=»» class=»»]

Дар барнома: тайёрӣ ба имтиҳони эҷодӣ, навиштани сенарияи адабии этюд ва басаҳнагузории этюдҳо, таҳлили филм.

Муҳлати таҳсил 12 ҳафта  маблағи таҳсил 500  сомонӣ.

[/su_spoiler]

[su_accordion][su_spoiler title=»Сарояндагӣ (халқӣ)» open=»no» style=»default» icon=»plus» anchor=»» class=»»]

Дар барнома: тайёрӣ ба имтиҳони эҷодӣ, интихоби суруд, тарзи сароидан, навохтан, инкишоф додани шунавоии мусиқӣ, дарки  зарбҳои мусиқӣ, инкишоф додани  хотира ва ҳофизаи мусиқӣ.

Муҳлати таҳсил 12 ҳафта  маблағи таҳсил 500 сомонӣ.

[/su_spoiler]

[su_accordion][su_spoiler title=»Эҷодиёти халқ. Мусиқии созӣ» open=»no» style=»default» icon=»plus» anchor=»» class=»»]

Дар барнома: тайёрӣ ба  имтиҳони эҷодӣ, омӯзишу навохтан дар созҳои халқӣ, иҷрои оҳанги халқӣ бо ҳамовозии сурудҳои мардумӣ, инкишофи  шунавоӣ ва малакаи иҷрои  зарбҳои мусиқӣ, дарки садоҳои яковоза ва бисёровоза, хотираи мусиқӣ ва ғайра.

Муҳлати таҳсил 12 ҳафта  маблағи таҳсил 500  сомонӣ.

[/su_spoiler]

[su_accordion][su_spoiler title=»Санъати рақс» open=»no» style=»default» icon=»plus» anchor=»» class=»»]

Дар барнома: тайёрӣ ба имтиҳони эҷодӣ, омӯзиш ва намоиши композитсияи рақси озод, инкишофи шунавоӣ ва хотираи мусиқӣ, омода намудани этюд ва ғайра.

Муҳлати таҳсил 12 ҳафта  маблағи таҳсил 500  сомонӣ.

[/su_spoiler]

[su_accordion][su_spoiler title=»Санъати мусиқӣ» open=»no» style=»default» icon=»plus» anchor=»» class=»»]
Дар барнома: тайёрӣ ба имтиҳони эҷодӣ, интихоби суруд, тарзи сароидан, навохтан, инкишоф додани шунавоии мусиқӣ, дарки  зарбҳои мусиқӣ, инкишоф додани  хотира ва ҳофизаи мусиқӣ.Муҳлати таҳсил 12 ҳафта маблағи таҳсил 500 сомонӣ
[/su_spoiler]

[su_accordion][su_spoiler title=»Таҳсилоти томактабӣ» open=»no» style=»default» icon=»plus» anchor=»» class=»»]
 Санъати мусиқӣ ва хореография. Дар барнома: тайёрӣ ба имтиҳони эҷодӣ, интихоби суруд, тарзи сароидан, навохтан, инкишоф додани шунавоии мусиқӣ, дарки  зарбҳои мусиқӣ, инкишоф додани  хотира ва ҳофизаи мусиқӣ: омӯзиш ва намоиши композитсияи рақси озод, омода намудани этюд ва ғайра.Муҳлати таҳсил 12 ҳафата маблағи таҳсил 500 сомонӣ
[/su_spoiler]

[su_accordion][su_spoiler title=»Режисёри(телевизион)» open=»no» style=»default» icon=»plus» anchor=»» class=»»]
 Дар барнома: тайёрӣ ба имтиҳони эҷодӣ, Иҷрои этюд (бадеҳатан). Имкониятҳои зоҳирӣ-касбии довталаб (қаду қомат ва чеҳраю абру). Қироати шеър, порчаи насрӣ, масал ва зарбулмасал ва ғ. Иттилоот доштан оид ба санъати актёрӣ, режиссёрӣ, кино, рассомӣ ва ғ. Омода намудани нақша-сенария (ид, маросим, консерт, кино ва ғ.). Муҳлати таҳсил 12 ҳафта  маблағи таҳсил 500 сомонӣ
[/su_spoiler]

[su_accordion][su_spoiler title=»Телеоператори (кино)» open=»no» style=»default» icon=»plus» anchor=»» class=»»]
Дар барнома: тайёрӣ ба имтиҳони эҷодӣ, омӯзиш ва истифодаи дастгоҳи аксбардорӣ, камераҳои ғайрикасбӣ, компютерҳо. Шиносоӣ бо жанри фотопортрет, пейзаж ва натюрморт. Омузиши таърихи санъати наворбардорӣ, суратгирӣ, танзимгарӣ ва фаъолияти эҷоди наворбардорони шинохтаи телевизон ва синамои ватанию хориҷӣ ва ғ. Муҳлати таҳсил 12 ҳафта  маблағи таҳсил 500 сомонӣ
[/su_spoiler]

[/su_accordion]

Довталабон ба курсҳои омӯзишӣ ва тайёрӣ дар комиссияи қабули ДДФСТ ба номи М.Турсунзода  (ш.Душанбе, кӯчаи  Борбад 73а телефонҳо: 231-18-27,  231-13-41, 93-452-52-70,

коллеҷи ҳунарҳои мардумии ш.Истаравшан, (кӯчаи Ленин 37 телефонҳо 2-11-70, 928-57-66-70,

Театри давлатии мусиқӣ-мазҳакавии ба номи А. Муҳаммадҷонови ш.Қурғонтеппа, (кӯчаи Ваҳдат 200 телефонҳо 2-50-60,  2-21-16 .

Театри вилоятии мазҳакаи мусиқии ба номи С.Вализода ш.Кӯлоб (кӯчаи  С. Сафаров 10 телефон: 919-06-82-66  курсҳои назди факултаи такмили ихтисос ва бозомӯзии ДДФСТ ба номи М. Турсунзода  номнавис  карда  мешаванд.