Бо ҳамин унвон дар Муассисаи давлатии таълимии «Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода» бахшида ба ҷашни Сада конференсияи илмӣ — назариявӣ баргузор гардид.
Конференсияро муовини ректор оид ба илм ва рушди инноватсионӣ Алишер Аминӣ ҳусни оғоз бахшида, зикр намуд, ки ҷашни Сада ба монанди ҷашнҳои Наврӯз, Меҳргон ва Тиргон ҷашни миллӣ буда, анъана ва оину суннатҳои ниёгонро новобаста аз маҳдудиятҳои дар тӯли таърих баамаломада дар худ нигоҳ дошта, то ба замони мо ба андозае мустақилияти худро ҳифз намудааст. Ҳоло аз баракати Истиқлоли давлатии кишвари азизамон ҷашни Сада дубора ба мақоми аслии худ баргашта, эҳё гардидааст, ки пеш аз ҳама ба сифати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардидани шахсияти ватанхоҳу ватандӯст ва худогоҳу худшинос муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста мебошад. Зеро дар партави сиёсати фарҳангпарваронаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон масъалаи ҳуввияти миллӣ, эҳё намудани ҷашнҳои миллӣ, бознашри осори пешиниён ва зинда намудани чеҳраҳои таърихиву фарҳангии гузаштаи халқи тоҷик ба ҷойи аввал баромад. Сипас муовини ректор оид ба таълим Фарҳод Махсудзода маърузаи омоданамудашро дар мавзуи “Сада ва хусусиятҳои ташкилу гузаронидани он дар муассисаҳои фарҳангӣ” ироа намуда, дар бораи чӣ тавр таҷлил намудани ҷашни Сада ва роҳҳои ташкилу гузаронидани он маълумот дод. Зикр гардид, ки мо бояд ҳамон шукӯҳи бостонии ҷашни Садаро барқарор карда, дар оянда онро ба пояи ҷашни дигари миллиамон Наврӯз барорем.
Дотсенти кафедраи режиссура ва продюсерӣ Санавбар Мирмуллоева дар мавзуи “Сада ҷашни нуру сурур” суханронӣ намуда, фикру мулоҳизаҳои худро дар бораи ҷашни Сада ва мақоми он дар замони мосир баён намуд.
Котиби Шурои олимони донишкада Сино Қудратов андешаҳояшро дар мавзуи “Сада ва бозтоби он дар шеъри муосир” баён намуд. Мавсуф аз ҷумла зикр намуд, ки миллатҳои бузургу соҳибтамаддун соҳиби ҷашнҳои миллӣ, расму одат ва урфу анъанаҳое мебошанд, ки дар онҳо орзуву омол ва ормонҳои инсоният таҷассум ёфта, башариятро ба роҳи дурусти зиндагӣ ва сӯйи марзи саодату пирӯзӣ раҳнамун мекунанд. Чунин миллатҳо ба гурӯҳи миллатҳое дохил мешаванд, ки онҳо хишти аввали қасрҳои адабиёт, фарҳангу санъат, падидаҳои нек ва умуман тамаддунҳоро ниҳода, пирӯзии некиро бар бадӣ, адолатро бар ҷаҳолат ва рӯшноиро бар торикӣ таъмин намудаанд. Хушбахтона миллати бузурги мо низ дар саргаҳи гурӯҳи чунин миллатҳо қарор дошта, ҷашнҳои миллӣ, расму одат ва урфу анъанаҳои хоси худро дорад, ки аксарашонро миллатҳои дигари ҷаҳон пазируфта, баҳри саодатмандӣ ва хушранг намудани рӯзгорашон истифода мебаранд.
Сино Қудратов тазаккур дод, ки таърихи пайдоиш ва тарзи баргузории ҷашнҳои миллӣ ҳамеша дар осори муҳаққиқону тазкиранависон ва шоирони классику муосири мо таҷассум ёфтаанд, ки ҷашни Сада низ аз мадди назари онҳо дур намондааст. Имрӯзҳо бо истифода аз фазои мусоид ва неъматҳои истиқлол адибони даврони мо ҷашни Садаро дар осори худ зиёд ситоиш намуда, дар бораи ин ҷашн ва арзишҳои он назарҳои хешро ифода намудаанд. Аз ҳама муҳим дар адабиёти имрӯз, махсусан дар шеър бузургии ин ҷашнро чун ҷашни қадимӣ ва дорои ифтихороти миллӣ тавсиф намудаанд, ки аз шодмонӣ ва шукргузории аҳли зиёи мамлакат нисбат ба Истиқлоли давлатӣ дарак медиҳад.
Котиби Шурои олимони донишкада дар поёни суханронии худ намунаи шеърҳои дар васфи ҷашни Сада эҷоднамудаи адибони даврони муосир Рустам Ваҳҳоб, Камол Насрулло, Фарзона, Аскар Ҳаким, Озарахш, Алимуҳаммад Муродӣ, Рудобаи Мукаррам, Адибаи Хуҷандӣ ва дигаронро қироат намуд.
Дар идомаи конференсия устоди донишкада Рустам Воҳидов, Дилшод Умаров, Зоҳири Сайфулло, Пайрав Воҳидов ва Наргис Султонова маърузаҳои омоданамудаи худро ироа намуда, дар бораи ҷашни Сада ва мавқеи он дар замони мо андешаронӣ намуда, ҳар яке таъкид намуданд, ки мо бояд барои боз ҳам баланд бардоштани мақому мартабаи ҷашни Сада кӯшиш карда, сиёсати фарҳангпарваронаи Пешвои миллатро дар ин самт дастгирӣ намоем.
Синои АБУАЛӢ
Алиакбар ВОҲИДОВ