Имрӯз дар Муассисаи давлатии таълимии “Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода” якумин Озмуни байналмилалии рушди санъати миллӣ таҳти унвони “Дӯстӣ бимонад ҷовидон” бахшида ба 50-солагии донишкада ба кори худ оғоз намуд, ки дар он довталабон аз Федератсияи Россия, Ҷумҳурии Белорус, Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва ҶумҳурииТоҷикистон тариқи ҳузурӣ ва ғайриҳузурӣ бо пешниҳод намудани наворҳо иштирок менамоянд.
   Субҳи имрӯз бо мақсади иштирок намудан дар кори озмун аз Ҷумҳурии Ӯзбекистон як гурӯҳ устодону донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бухоро аз ҷумла декани факултаи санъатшиносӣ Азимов Санҷар, мудири кафедраи фарҳанг ваиҷроиши мусиқӣ Раҷабов Тухтасин, профессори кафедраи фарҳанг ва иҷроиши мусиқӣ Ортиқов Эшпӯлод, омузгори калони кафедраи санъати тасвирӣ Шомуродв Ойбек, омӯзгорони кафедраи фарҳанг ва иҷроиши мусиқӣ Самиева Меҳринисо, Саидов Ҷасур ва Тошов Нодирбек ба донишкада ташриф оварданд, ки меҳмононро раёсати донишкада ва ҳайати омӯзгорону донишҷӯён бо карнаю сурнай ва нону намаку ширинӣ гарму самимӣ истиқбол намуданд.
   Озмуни байналмилалии рушди санъати миллӣ аз рӯи номинатсияҳои сурудхонии халқӣ, навозиши асбобҳои миллӣ ва рақси миллӣ бо мақсади шинос шудан бо санъати миллии кишварҳои ҳамҷавор ва табодули таҷриба баргузор мегардад.    Дар маросими ифтитоҳӣ, ки бо иштироки меҳмонон, муовини вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Шарифзода Манучеҳр Муртазо, раёсати донишкада ва ҳайати омӯзгорону донишҷӯён дар толори “Арғунун”-и муассиса баргузор гардид, ректори донишкада, доктори илмҳои филологӣ, профессор Муҳриддин Низомӣ меҳмонон ва ҳозиринро бо беҳтарин ва самимитарин таманниёт ба донишкада хайрамақдам гуфта, барояшон саломатию сарбаландӣ, шодкомию хуррамӣ, саодатмандию нусрат ва рӯзгори пурфайзу баракат орзу карда, баргузории чунин озмунҳои сатҳи байналмилалиро муҳим ва судманд арзёбӣ намуд.
    Сарвари донишкада ҳамчунин тазаккур дод, ки таҳкими ҳамкориҳои неку судманд, дӯстиву бародарӣ ва ҳусни ҳамҷаворӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон аз саъю талош ва ташаббусҳои наҷиби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев сарчашма гирифтаанд. Сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ба Тоҷикистон, 9 марти соли 2018 ва сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Ҷумҳурии Ӯзбекистон, 17 августи соли 2018, ба таҳкими равобити ҳасана ва ҳамкории ду кишвари дӯсту бародар такони ҷиддӣ бахшиданд.
     Зикр гардид, ки баъд аз сафари таърихии Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев ба Тоҷикистон ва сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ӯзбекистон дар равобити дӯстонаи байни халқҳои ҳарду кишвар ва пешрафти соҳаҳои гуногун, бавижа фарҳангу санъат саҳифаи тоза боз гардид. Дар ин замина, байни Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода ва муассисаҳои таълимии соҳаҳои фарҳанг ва санъати ҳамсоякишвар созишномаҳои ҳамкорӣ ба имзо расиданд.
   Роҳбари донишкада, инчунин тазаккур дод, ки таҳкими равобити самарабахши ду давлати ҳамсоя — Тоҷикистон ва Ӯзбекистон дар арсаҳои гуногун на танҳо ба манфиати ду мамлакат, балки барои таҳкими ҳамкории мутақобилан судманди кишварҳои минтақа низ нақши калидӣ мебозад. Зеро тоҷикон ва ӯзбекон ҳамеша барои ҳифзи анъанаҳои неки дӯстӣ ва бародарӣ талош меварзиданд ва беҳтарини онҳоро то имрӯз нигоҳ доштаанд. Бошад, ки ин анъанаҳои неки дӯстӣ ва бародарӣ, мисли муносибатҳои дӯстона ва бародаронаи Мавлоно Абдурраҳмони Ҷомӣ ва Мир Алишери Навоӣ то абад ҷовидон бимонанд.
   Шарифзода Манучеҳр Муртазомуовини вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистонниз дар навбати худ меҳмононро хайрамақдам гуфта, тазаккур дод, ки муносибатҳои дӯстонаи ҳарду кишвар маҳз ба шарофати сиёсати хирадмандонаи сарони давлатҳо — Эмомалӣ Раҳмон ва Шавкат Мирзиёев сол ба сол рушд ва тавсеа меёбанд. Муовини вазири фарҳанг аз суханронии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни пазироии самимии нахустин сафари расмӣ ва таърихии Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёевдар соли 2018 ёдовар шуд, ки Роҳбари кишвар чунин қайд карда буданд: “Мардумони моро суннатҳои бисёрасраи дӯстӣ, ҳамсоягии нек ва эҳтироми ҷонибайн муттаҳид месозанд. Ҳамкорӣ бо Ҷумҳурии Ӯзбекистон яке аз афзалиятҳои асосии сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб меёбад. Тасмимоти имрӯзаи мо бар заминаи музокироти суратгиранда аз бисёр ҷиҳат хислати таърихӣ дошта, такконбахш мебошанд. Онҳо барои марҳала ба марҳала боло бурдани муносибатҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон ба сатҳи сифатан нав асосу заминаи боэътимодро фароҳам меоваранд”.
Муовини вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ба кори озмун барор таманно намуда, баргузории он ва ташрифи меҳмонон аз Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба кишвари моро иқдоми наҷиб ва судманде дар ҷодаи густариш додани робитаҳои фарҳангӣ унвон намуд.
Профессори кафедраи фарҳанг ва иҷроиши мусиқии Донишгоҳи давлатии Бухорои Ҷумҳурии Ӯзбекистон Ортиқов Эшпӯлод зимни суханронии худ аз фарҳанг ва санъати муштараки халқҳои тоҷику ӯзбек ёдовар шуда, баргузории чунин озмунҳоро кори хайр ва саривақтӣ номид. Мавсуф зикр намуд, ки мақсад аз баргузории озмун шинос шудан ба рушди санъати миллии ҳамдигар дар натиҷаи табодули таҷриба, таъмини мубодилаи иттилоот дар соҳаи санъати мусиқӣ, мусиқишиносӣ ва таҳсилоти мусиқӣ, гузарондани таҳқиқоти илмии муштарак дар самти масоили мусиқӣ ва омӯзгорӣ мебошад. Ортиқов Эшпӯлод инчунин, тазаккур дод, ки рушд ва таҳкими ҳамкории дуҷониба миёни Тоҷикистону Ӯзбекистон на танҳо барои ояндаи халқҳои мо, балки барои таъмини сулҳу субот ва амният дар тамоми минтақа низ аҳамияти стратегӣ дорад ва ин маҳсули сиёсати башардӯстона ва хирадмандонаи президентҳои ду кишвари ба ҳам дӯсту ҳамсоя мебошад.
Кори Озмуни байналмилалии рушди санъати миллӣ — “Дӯстӣ бимонад ҷовидон” дар ҷараён буда, дар он 29 довталаб тариқи ҳузурӣ ва 98 довталаб тариқи ғайриҳузурӣ бо пешниҳод намудани наворҳо иштирок менамоянд.
ҚУДРАТОВ Сино