“Сифати таълим дар сессияи зимистона 25,1 ва дар сессияи тобистонаи давраи ҳисоботӣ 24,1%-ро ташкил намуд, ки ин нишондод нисбат ба сессияи замистона, 1% кам мебошад. Яке аз сабабҳои чунин ҳолат бо дониши кофи дохил нашудани довталабон тавассути ММТ мебошад”, -иброз дошт ректори Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода Низомӣ Муҳриддин Зайниддин 6-уми феврал дар нишасти матбуотӣ.

Ҳамчунин ӯ афзуд: “Довталабоне, ки дар донишкада дохил мешаванд, бояд хеле маҳорати баланд дошта бошванд, яъне як маҳаке дошта бошанд, то мо он маҳакро баъди қабул сайқал диҳем. Аз ин лиҳоз имтиҳонҳои дохилшавиро танҳо ба танҳо донишкада гирад, хубтар мешавад. Мо ин масъаларо ба Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намудем ва онҳо ин масъаларо дида мебароянд”.

Дар нишаст инчунин гуфта шуд, ки айни замон донишкада бо 26 донишгоҳу донишкадаҳои хориҷӣ ҳамкорӣ дошта, дар ин замина кадрҳои хориҷаро низ тарбия мекунад. Аз ҷумлаи гуфтаҳо соли 2019 яке аз хатмкунандагони бахши магистратураи донишкада ректори Донишкадаи ҳунарҳои зебо дар шаҳри Кобули Афғонистон таъин шудааст.

МАНБАЪ:http://javonon.tj/news/culture/ddfst-mo-boyad-dovtalabonro-be-mmt-abul-namoem-/