Имрӯз дар МДТ “Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода” даври аввали озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикон» — оинаи таърихи миллат» баргузор гардид, ки дар он 60 довталаб аз ҳисоби омӯзгорону кормандон ва донишҷӯёни донишкада ширкат варзиданд. Дар аввал муовини ректори донишкада оид ба илм ва рушди инноватсионӣ, номзади илмҳои филологӣ, дотсент Аминӣ Алишер ба кори озмун ҳусни оғоз бахшида, зикр намуд, ки озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикон» — оинаи таърихи миллат» бо мақсади арҷгузорӣ ба таърихи пурифтихори миллати тоҷик, омӯзиши амиқу ҳамаҷонибаи корномаҳои шоистаи ниёгони миллати тоҷик дар тӯли таърих, тақвияти ҳисси худогоҳӣ ва худшиносии миллӣ, ифтихори ватандорӣ, таҳкими ҳофизаи таърихӣ ва ба ин васила, шинохти нақши халқи куҳанбунёду фарҳангсолори тоҷик дар рушди тамаддуни инсоният, ки бо далелҳои раднопазир ва бо такя ба сарчашмаҳои илмию таърихӣ дар китоби мондагору пурарзиши академик Бобоҷон Ғафуров «Тоҷикон» ва дигар асарҳои таърихӣ инъикос ёфтааст, ба ифтихори 115-солагии академик Бобоҷон Ғафуров таҳти сарпарастии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2023 доир мегардад. Мавсуф, инчунин, дар бораи Низомномаи озмун ва моҳияту судмандии он маълумоти мухтасар дода, ба довталабон барору комёбӣ таманно намуд.
Сипас, даври асосии озмун баргузор гашт, ки довталабон ба саволҳои ҳакамон ҷавоб дода, сатҳи дониш ва огоҳии онҳо аз таърихи ниёкони бузургамон аз тарафи ҳакамон баҳогузорӣ карда шуд. Ғолибони даври аввали озмун ба даври навбатӣ роҳхат гирифта, вазифадор шуданд, ки то баргузории даври навбатӣ сатҳи омодагии худро баланд намуда, соҳиби ҷойҳои ифтихорӣ гарданд. Бояд зикр намоем, ки китоби пурарзиш ва шоҳасари бунёдии Қаҳрамони Тоҷикистон, академик Бобоҷон Ғафуров «Тоҷикон» барои ҳар фарди тоҷик муқаддас аст. Зеро дар он тамоми паҳлуҳои таърихи пурғановати халқи тоҷик ва ҳаёту мамоти ин мардуми ориёитабор бармало таҷассум ёфта, он дар пояи консепсияи мукаммали илмӣ таҳқиқу таҳлил гардида, ҳамчун зиндагиномаи ҳар тоҷику тоҷикистонӣ ба ҷаҳониён муаррифӣ мегардад.
ҚУДРАТОВ Сино