Зиндагии инсонӣ аз бозе сифатан тағйир ёфтааст, ки бо ақлу мантиқ ва донишу фазилат кор гирифтааст ва маҳз рӯоварӣ ба пажӯҳиш ва маърифат инсонро дар баробари мушкилоти ҳастӣ ва вуҷуди абадӣ муқовиматпазир сохта, қудрат ва тавон бахшидааст. Ҳамаи одамон табиатан мехоҳанд бидонанд ва омили шиносандагӣ ва маърифатпазирӣ боиси он гардидааст, ки мардум тавассути касби донишу маърифат дар низоми зиндагӣ ҷойгоҳи асосӣ пайдо намоянд ва равиши муътадили зистро интихоб намоянд. Бар мабнои огоҳию доноӣ инсон равиши зиндагиашро тағйир медиҳад ва мушкилоти рӯзгорро ба таври тадриҷӣ ҳаллу фасл мекунад. Дар ин замина файласуф ва сиёсатмадори бузург Сисерон таъкид карда буд, ки: «донишпажӯҳӣ ба мо меомӯзонад, чӣ гуна зиндагии худро бидуни норизоиятӣ ва озурдагӣ сипарӣ кунем» (ниг.: Алейн де Боттон. Тасаллибахшиҳои фалсафа. Тарҷумаи Ирфон Собитӣ. –Теҳрон: Қақнус, 1383. -С.139).

   Бо он ки башар ҳамеша дар ҷустуҷӯю шинохти асрори табиат ва рози вуҷуд будааст ва то имрӯз дар ин масир қадам бармедорад, мушкилот дар самти бозсозии фикрӣ, таҷаддуди фикрӣ, навандешӣ ва билохира фазилати ҷамъӣ, ки фароҳамоварандаи зиндагии шоистаи инсонӣ маҳсуб меёбанд,  ҳанӯз зиёд аст. Гузашта аз ин, бар асари ҳузуру нуфузи хурофоту таассуб ва хушкандешиҳои мазҳабиёну хурофипарастон ҷомеаҳо ба нузулу инҳитоти фикрию ақидатӣ расиданд ва ногузир дар ҳолати буҳронӣ қарор гирифтанд. Вазъи буҳронӣ, ки бар мабнои ногоҳиҳо ва вопасгаройиҳои инсонӣ иттифоқ меафтад, роҳи рушду тараққиёти ҷомеаҳоро мебандад. Аммо дар ҳамаи давру замон қишри пешрави ҷомеа – равшанфикрону зиёиён барои сохтани давлат ва ҷомеаи адолатпарвар, озодихоҳ, инсонгаро, мардумсолор ва ҳувиятсоз бо неруҳои муҳофизакор, истибдодӣ ва ақибмонда шадидан мубориза бурда, дар ин роҳи мушкилписанд фидокориҳо кардаанд.

   Мусаллам аст, ки тамаддуни ғарбӣ дар заминаи давлатсозии дунявӣ ва сохтмони ҳукумати фарҳангӣ ҳанӯз аз садаи ҳаждаҳум ибтикороти ҷиддӣ рӯйи даст гирифт ва сохтани давлатсозии миллӣ ва, муҳимтар аз ҳама, дунявиятгаройӣ дар низоми сиёсӣ дар фарҳанги урупоӣ ҷойгоҳи вижа дорад. Раванди дунявият дар Урупо аз асри ҳаждаҳ шурӯъ шуда, барои ба вуҷуд овардани муҳит ва фазои солими эҷодӣ дар заминаи шинохти инсон тибқи илмҳои дунявӣ донишмандони бузурге мисли Дидро, Руссо, Волтер, Монтескиё ва дигарон саъю талоши фаровон намуданд. Ниҳодҳои равшанфикри ғарбӣ дар симои маорифпарварони фаронсавӣ рисолати худро бар мабнои донишу хирад анҷом дода, дар бедории иҷтимоӣ ва фикрии ҷомеа саҳми асосӣ гирифтанд. Онҳо аслҳою арзишҳои муҳтараме мисли ҳувият, шарофат, адолат ва асолати инсониро дар маърази таваҷҷуҳи мардумӣ қарор доданд ва дар ин росто, бо мутаассибини давр, ки аз кудрати азими динӣ ва сиёсӣ бархӯрдор буданд, бо силоҳи ақлу мантиқ ва маърифату хирад сахт мубориза карданд. Мубориза бо ин тоифа, ки он замон дар институт ё ниҳоди муътабари калисо ва низоми сиёсии католитсизм мунсаҷим шуда, нуфузи зиёд дар байни элитаи сиёсӣ дошт, саҳлу осон набуд. Калисоиюн ва меҳробиён, ки дар паноҳи давлат ва калисо аз имтиёзоти фаровоне бархӯрдор буданд, ҳаргиз намехостанд, мардум ба таҷаддуд ва навгаройӣ бипардозанд ва ин шеваи кору фаъолиятро, чи дар қаламрави нуфузи диёнати исломӣ ва чи дар сарзаминҳои урупоӣ аҳли калисо ва тақво, ба ҳеҷ ваҷҳ, қабул надоштанд. Қатъи назар аз он ки хушкандешони мазҳабӣ дар Аврупо таҳти пӯшиши институти калисо ва дастгоҳи тафтиши ақида (инквизитсия) бар ҷомеа ва неруҳои рӯшангари вақт тасаллут доштанд, навандешону муҷаддидон дар баробари артиши хурофотиёни мазҳабӣ қад алам намуданд. Франсуа Мари Волтер (1694-1778) аз ҷумлаи муборизини бузурги давр буд. Ӯ рӯҳи даврон ва тақозои замонро дарк намуда, гуфта буд, ки насли наве тарбият меёбанд, ки ба таассуб(фанатизм) танаффур меварзанд ва фурсате фаро мерасад, ки аз давлат файласуфон бармехезанд ва салтанати ақлро барқарор менамоянд» (см.: Антология мировой философии. –Том 2.–Москва: Мысль, 1970.-С.557). Ҳамин тариқ, фалсафаи асри ҳаждаҳуми Фаронса ақоиди бебунёд, хурофотӣ ва сиёсии асримиёнагиро барҳам зада, барои ба вуҷуд овардани вазъи инқилоби фикрию маданӣ мусоидат кард (см.: Момджян Х. Н. Философия Гелвеция. –Москва: Издательство АН СССР, 1955.-С.3). Аммо инқилоботи фикрию маданӣ ва сиёсию иҷтимоӣ дар Аврупо осон муяссар нагардид.

   Воқеан, навандешӣ, таҷаддудписандӣ, рӯшангарӣ ва озодандешӣ дар асрҳои миёна таҳти мафҳумоти «бидъатгарӣ» (дар байни мутаассибини исломӣ) ва «еретик» (дар байни аҳли калисои католик) сахт накӯҳиш шуда, соҳибони андешаҳои наву дунявӣ мавриди таъқибу фишор ва қатлу куштор қарор мегирифтанд. Таърих аз ин қабил куштору даҳшате, ки шариатмадорону пайравонашон дар имтидоди қарнҳои мутааддид сари аҳли ба истилоҳ бидъат ва дигарандеш оварда буданд, мисолҳои зиёд рӯйи даст дорад, аммо ин ҷо фурсати таъйиди ин масъала нест. Дар шароити имрӯзӣ хатару фаҷоеъе, ки рӯйи мардуми мамолики шарқӣ сарозер шудааст, қабл аз ҳама, ба нашнохтани мақоми дунявият, ташхиси нодурусти он ва бар мабнои ҷаҳлу залолат напазируфтани ин низоми сиёсию иҷтимоии муътадил ва дар айни замон хирадмаоб дар арсаи вуҷуд марбут аст. Ин аст, ки шинохт ва ташхиси дурусту илмии ин навъи давлат, ҳукумат ва низоми сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ дар қаламрави ҷумҳурӣ имкон медиҳад, ки мардум ё ҳадди ақал қисмати зиёди табақоти иҷтимоӣ ба арзишҳои илмӣ ва мантиқӣ такя намуда, дар сохтмони давлат ва ҷомеаи дунявӣ саҳм бигиранд ва наслҳои оянда дар партави арзишу идеалҳои миллию башарӣ дар рӯҳияи инсонсолорӣ, андешамандӣ, ҳувиятсозӣ, донишписандӣ ва нексириштӣ тарбия ёбанд.

   Дунявият ё секуляризм намунаи беҳтарини давлатдорӣ ва ҷомеасолорист, чаро ки он ба илму хирад ва донишу фазилати инсонӣ такя мекунад. Илова бар ин, дунявият ва низоми зиндагии дунявӣ ба шарофати фидокориҳои олимону рӯшангароуни ғарбӣ, ки болотар аз онҳо ёдовар шудем, ба Аврупо эҳдо гардидааст. Муҳимтар аз ин, дунёмадорӣ инсонро аз бандубастҳои хурофоту таассуб раҳонида, фазои озоду муътадили фикрию иҷтимоӣ ва сиёсию маданиро фароҳам овард. Маҳз тавассути ҳунари пурсишгарӣ, доноӣ, фазилатмандӣ ва ҷасоратхоҳӣ инсон ба марҳилаи навини фикрӣ ва эҷодӣ даст ёфт ва равиши зиндагиашро тағйир дод ва ба марзи дунявият расид. Аксари кулли мардуми мамолики ғарбӣ аз низоми сиёсии дунявӣ пайравӣ карда, тайи солҳои тӯлонӣ дар ин сохтори сиёсӣ –дунявият умр ба сар бурдаанд ва ҷомеаи урупоӣ дунявиятро ба унвони беҳтарин сохт ва намунаи зиндагӣ пазируфтаанд.

   Давлати Тоҷикистон ҳам, мутобиқи санади олии қонунгузорӣ –Конститутсия дар пайи сохтани давлати дунявӣ гом бардошта, ҳамзамон тавассути самтҳои сиёсӣ, маърифатӣ, фарҳангӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоӣ аз ин равиши муътамади давлатдорӣ васеъ истифода бурда истодааст. Барои сохтани давлати миллӣ бар мабнои низоми сиёсии дунявӣ мо замина, таҷриба ва собиқаи тӯлонии таърихӣ дорем. Ҳанӯз дар қадимтарин бовару эътиқодоти форсӣ-тоҷикӣ, ки дар қолаби афсонаю асотири миллӣ-мардумӣ бофта ва пардохта шудаанд, сохтмони давлат ва ҷомеаи дунявӣ таҷассум ёфтаанд. Фарҳанги сиёсии миллӣ дар гузаштаи дури таърихӣ рӯйи аслу арзишҳои ахлоқию фалсафӣ устувор будааст. Он ҳамеша бар се арзиши ахлоқӣ: меҳр, дод ва ростӣ қоим будааст. Дар тафсири фалсафӣ ва сиёсӣ, меҳр ҳамбастагии иҷтимоӣ, ростӣ шукуфоии гавҳари фардист, ки танҳо дар озодӣ мумкин мешавад. Ин аст, ки ростию озодӣ ҳамеша ҳамоҳангу вобастаи ҳаманд. Пайвастагии озодӣ ва ростӣ буд, ки ҷавонмардони мо озода ва аҳли мадоро бо ҳама мафкура ва ақоид буданд. Дар фазои зӯроварию истибдод наметавон рост буд ва гавҳари ҳеҷ кас шукуфо намешавад. Бо такя бар ин, танҳо дар озодӣ ҷаҳон назм пайдо мекунад. Доду ростӣ бунёди ободии дунё ва оромиши иҷтимоӣ ба шумор мераванд.

   Мардуме, ки дар пайи сохтани давлати демократӣ ва дунявӣ гом мебардорад, дар мадди аввал ба хирад арҷ мегузорад ва онро меъёри асосӣ медонад. Вақте ки дар атрофи мафҳум ва вожаи демократия суҳбат мекунем, нахуст бояд ба ташхиси дурусти мақула ё категория даст ёбем. Дар ин замина, бояд афзуд, ки «демос» маънои мардуми муфаккир ва маърифатнокро ифода намуда, дар муқобили «этнос», ки ба маънои умумии мардумӣ далолат мекунад, қарор дорад. Дар маҷмӯъ, демократия ҳокимияти мардуми бомаърифат ва муфаккир аст, ки бо андешаи созанда, биниши воқеӣ, дониши мантиқӣ ва дар ниҳоят, бо мафкураи солим давлат месозад ва ба давлатмардон бо фаъолиятҳои мунтазаму густурдаи худ дар ҷараёни давлатсозӣ ва ҳукуматоройӣ кумак мекунад. Ин аст, ки давлатдории дунявӣ маҳсули хиради башарист ва дар ташаккулу такомули он хидмати муфаккирон (мардуме, ки истиқлоли фикрӣ ва ҷасорати сиёсӣ доранд) муассир мебошад.

   Маълум аст, ки давлатсозии миллӣ, ба вижа дар доираи арзишу идеалҳои миллию дунявӣ кори осон нест, аммо сарфи назар намудани дунявият ва мабодии он, ки ҳамагӣ инсонсозу мардумсолоранд, корро дар ин самт мушкил месозад. Таърих ба мо таҷриботи давлатсозии миллиро дар симои империяҳои қудратманди Ҳахоманишӣ, Сосонӣ, Тоҳирӣ, Саффорӣ, Сомонӣ, Ғурӣ, Шӯравӣ (дар мисоли Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон) манзур намуда, дар баробари ин, заволу шикасти ононро, ба сабаби хиёнат, нодонӣ, ҷаҳолат, таассуб, хурофот, маишати бебанду бор, худнамойӣ, бемасъулиятӣ ва саҳлангории сиёсиёну давлатмардон рӯйи авроқи китобаш сабт кардааст. Бинобар ин, моро зарур аст, ки авроқи китоби таърихи миллӣ, ҳамчунин таърихи Шарқу Ғарбро бо чашми ибрат ва ақлу хирад бояд ҷиддӣ мутолиа намоем ва дар заминаи он марзу ҳудуди дунявиятро таъйин, таҳким, тақвият ва ҳифзу ҳимоят кунем.

 

Нозим Нуров,

устоди ДДФСТ ба номи М. Турсунзода